Бахшҳо

Баёнияи шадиди Шӯрои сиёсии ҲНИТ ба даъвати бастани ҳизб

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон имрӯз, 30-юми март бо пахши як баёния пешниҳод ва дархостҳои баъзе ниҳодҳоро барои бастани ҲНИТ тарҳи фитнаомез ва мухолиф ба қонун номида, натиҷаҳои онро бар зарари миллат ва давлат унвон кардааст.

Дар баёнияи ин ҳизб омадааст, ки “кашонидани доираҳои динии кишвар ва аз забони онҳо матраҳ кардани як пешниҳоди мухолиф ба Конститутсияи ҶТ ва Созишномаи сулҳ баёнгари оғози як тарҳи фитнаомези дигар мебошад, ки оқибатҳои бади он бар зарари миллат ва давлат меанҷомад. Ҷои таассуф аст, ки баъзе ташкилотҳои динӣ ва шахсиятҳо аз таҷрибаи рӯзгор ибрат нагирифта, аз нав ба васила ва бозичаи сиёсӣ табдил мегарданд ва бо ин амалашон зарбаи бештар ба ҷойгоҳ ва обрӯи ташкилотҳо ва пешвоҳои динӣ мезананд”.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ фаъолияти ҳизби сиёсии характери динидоштаро дар Тоҷикистон меъёри конститутсионӣ хонда, вуҷуди онро натиҷаи як тафоҳуми миллӣ ва омили сулҳу ваҳдат дар кишвар донистааст.

Ҳамчунин дар ин баёния омадааст, ки “ҲНИТ ҳамчун ягона ҳизби сиёсии динӣ дар минтақа на танҳо дар барқарории сулҳу ваҳдат дар кишвар саҳм гузоштааст, балки бо мавқеъҳои созандаи худ дар самтҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҳамчун як неруи муътадили сиесӣ маъруф гаштааст. Қобили зикр аст, ки маҳз мавқеъгириҳои ҲНИТ дар ҳолатҳои ҳассос борҳо кишвар ва минтақаро аз хатарҳои гуногун ҳифз намудааст. Аз рӯзи расидан ба сулҳ ва созиши миллӣ то имруз ҳатто ягон ҳолате ҳам набудааст, ки ҲНИТ дар сиёсатҳои асосии дохилӣ ва хориҷӣ мавқеъи мухолиф бо мақомоти расмии кишвар дошта бошад. Ҳатто, ҳангоми амалишавии бархе аз сиёсатҳои ғалат ва мухолиф ба манфиатҳои миллии мақомоти расмии кишвар, бештар аз василаҳое мисли фаҳмонидан ва ислоҳсозӣ истифода намудааст, на мавқеъгирии ошкорои манфӣ. Агарчи, ин ҳама солҳо болои ҲНИТ фишорҳо ва маҳдудиятҳо вуҷуд доштаанд, роҳбарияти ҳизб талош кардааст, ки аз сиёсати сабр ва таҳаммул истифода намояд”.

Дар ин баёния ҲНИТ худро пойбанд ба муққарароти Созишномаи сулҳ ва аҳду паймони анҷомшуда хонда, умедворӣ кардааст, ки шарикони сулҳ ва ҳамватанони аҳдкарда низ бо ҲНИТ ба Созишномаи сулҳ чунин рафтор намоянд.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо ишора ба интихоботи ахири порлумонии Тоҷикистон гуфтааст: “Интихоботи ахири пуртақаллуб ва ахиран, ин пешниҳоди садодода аз забони баъзе мақомоти ҳокимият ва кормандони ташкилотҳои динӣ баёнгари он аст, ки баъзе масъулин сабру таҳаммули ҲНИТ- ро мавриди сӯйистифода қарор дода, дар амалҳои ғайриқонунӣ ва ғайримиллии хеш ҷуръати бештар пайдо кардаанд. Ин амалҳо на танҳо ба ҲНИТ ва дигар ҳизбҳои мухолиф, балки ба ҷомеъа паём мефиристад, ки кишвар қадам ба қадам ба самти яккатозӣ, якандешӣ ва худкомагии мутлақ ҳаракат дорад”.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар ин баёния аз мақомоти марбутаи давлатӣ тақозо кардааст, ки пеши роҳи чунин амалҳо ва пешниҳодҳои ғайриқонунӣ ва фитнаомез ҳарчи зудтар гирифта шавад ва гунаҳкорон барои барангехтани низоъи сиёсӣ ва кинаву адоват байни кишрҳои гуногуни ҷомеъа ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Дар интиҳои баёния ҲНИТ бори дигар аз ҳама доираҳои марбут даъват намудааст, “ки дар ҳали масоили умумимиллӣ аз муколама ва фарҳанги сиёсиву ҳамзистии мусолаҳатомез истифода шавад, на аз таҳдиду фишор ва иғвоангезиву тафриқаандозӣ, ки вақтҳои ахир ҷои муколамаи созандаро гирифтааст”.

Бояд гуфт, ки рӯзи ҷумъаи гузашта домулло Домулло Сайид Акбар, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар хутбаи намози ҷумъа ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки фаъолияти ҲНИТ дар кишвар мамнуъ эълон карда шавад ва аз тамоми намозгузорон даъват кард, ки ин пешниҳодро ҷонибдорӣ намоянд.
Мӯҳр
Домулло Сайид Акбар
...роҳбарияти ҳизб талош кардааст, ки аз сиёсати сабр ва таҳаммул истифода намояд”
bo yagon hunari diga ham doshted? baroi chi koil nameshen ki shumo diga da tjk lishniyen)

Ободи ороми
ХНИТ илтимос монед ором зиндаги кунем. чи мора шантажировать дори

5342
Цитата: Ободи ороми
н дар ин баёния омадааст, ки “ҲНИТ ҳамчун ягона ҳизби сиёсии динӣ дар минтақа на танҳо дар барқарории сулҳу ваҳдат дар кишвар саҳм гузоштааст, балки бо мавқеъҳои созандаи худ дар самтҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҳамчун як неруи муътадили

О тура касе шантажировать надорад. Ин ту бори лагандбардоро хамара бо чанг шантаж мекнен.

Чавоб ба Ободи ороми ва монанди инхо: агар ХНИТ Хочагони хоричи медошт, / чи тавре ки даъво мекарден ки ХНИТ хизмати хочагони хоричиро мекунанд/ онро хеч гох намебастанд ва дар порламон чой мегирифт, ана акнун равшан шуд ки ХНИТ хочагони хоричи надоштааст.
доир ба "шантажи чанг" бошад ин кадар хурус барин додувой накунед. аз дасти ХНИТи хозира чанг намеояд, баръакс аз дасти худи вохимачихои "шантажи чанг" ин кор омаданаш мумкин.

Ободи ороми
5342,

дида бест агар ХНИТ равад Точикистон гулгун шукуфон мешавад.

умар
Ин хукуматдорон бо бастаеи хнит як чангро ташкилкарданиянд

Хамин ХНИТ дар фазои сиёсии Точикистон умуман лозим нест, зеро дар Интихоботи соли 2015 маълум гашт, ки ракобат карда наметавонад. Бигзор баста шавад ва аз фазои сиёсии кишвар гум шавад.

Давлаталӣ
Ростгуфтед фаолони наҳзат!
Хела сабр кардед ва хелаҳам аз ин сабри шумо сӯйистифода шуд, бас аст, бояд як коре бикунед, умеди мо фақат ба наҳзати исломӣ асту бас.

мухидин кабири хдут фахмидести дар ин сиёсат чои ту нест бисер як фикри хуб карди барои табобат ба хорича рафтани у тарафша худат хиткади (((((

Сабр нахзатро ба марг кашонд!
Хукумати ЧТ хатои бузург мекунад ба бурдани нахзат!
Ва бо сатру хичоб даст задан!

Анушервон
Бигузор чи коре мекунанд кардан гиранд. Барои мардуми мо мухим аз хама як бурдаи нон бошаду тинчиву ороми бошад. Сулху субот бехтарин неъмат аст ва халки мо ба кадри он мерасанд. Чунки як бор фирефтаи бозихои хизби шуда, фахмиданд, ки онхоро чи гуна бадном сохтаву кишварро ба хоку хун кашиданд. Мо дар холати яккахизби хам дину мазхаби худро фаромуш нахохем кард.

ХНИТ ба пеш кадам мон! Натарс зеро ки сарконун кафолати хастии туро медихад. Ин гапхо хама савсатаанд. Афсус ки сиёсати хукумат факат "запрет" шудааст на созишгари ва бунёдкори.

Сомони А.Чоми
Шукронаи Эзиди пок, шукронаи истиќлолият,ки мардуми шарафманди Точикистон дар партави хидоятхои рахнамунсози Сарвари гиромикадраш Президенти мамлакат Чаноби Оли мухтарам Эмомали Рахмон, сиёхро аз сафед ва бадро аз нек хуб дарк кардаанд. Дигар аз куфу суфии муллотарошону тангназарони нахзати наметарсанд. Зеро, ояти шукронаро аз болои чонамози садоќату самимият дар рў ба рўйи мехроби худшиноси мехонанду сар ба сачда мегузоранд.
Хамагон огохи дорем,ки баъди пошхурии собиќ давлати Иттиходи Шурави, Чумхурии Точикистон ба кашмакаши хизбу харакатњои сиёси гирифтор гардид. Рохбарону рохбаладони хизбу харакатњои сиёси, хешро аз фазои парешони дар ќаламрави Точикистон мустахкам намуданду тибќи наќшахои хочагони хоричи амалиёташонро оѓоз карданд. Яке аз ин хизбхо,ки нахзати исломи ном мебурдандаш, дар ин талотумњо хоки Точикистони чавонро ба хун оѓушта кардаву ба худоихўри пардохтанд. Точиконро мекуштанду дар лахад намонда, ба худоихўри мепардохтанд ва ба лабхо хок молида, аз пайи амалиёт мешуданд.
Рохбарони ХНИТ аз ин шўру талотуми дархамбархамиву фочиаи Ватану миллат ва натичаахои интихоботи чанде пеш гузашта,ки овози пастеро сохиб гардидаанд, сабаќ нагирифта, ваќтхои охир пешниходхои ахли рухониёни ба расмият шинохта шуда ва аксарияти халќи Точикистонро ба назар нагирифта бешармона фаъолияти хизби ба дини ислом нодаркорро то кунун идома медиханд.
Мављудияти ХНИТ дар ќаламрави Точикистони 99 фисадаш мусалмон хаст, хеч зарурияте надорад. Умуман рохбарияти ХНИТ чи гунна чуръат мекнанд, ки дар муќобили фармудаи Худованд, дар хавои ширк истодагари кунанд? Чунки дар Ќуръони карим оварда шудааст,ки : «Ал явма акмал тулакум динакум». Яъне Худованд ба Рисолатпанох мегўяд: «Мо барои ту дини комил иноят кардем». Дине,ки тахриф намешавад ва хеч зарурате ба пайвастани хизбу харакат надорад.
Пешнињоди бастани ХНИТ зарури ва сариваќтист. Чунки хама шохиданд, њизби нахзати ислом аз оѓози фаъолият то имрўз чузъ тухми низоъ корида кореро анчом надодааст. Дур намеравем, дар хамин даврони сохибистиќлоли мумфаршкуни яктараф, сангеро аз рох бечо накардаанду ноќилеро ба неругохи хурди барќи пайваст нанамудаанд. Фаќат дар масчидхои сохтаи Хукумат ва сохибкорон ба чойи намозгузориву сачдаи шукрро ба чо овардан, наќшаи тафриќаандозиро кашидаанду халос. Аъзои ХНИТ ва нимчамуллохои навбаромад ба чи амалхои зишти гушношунид даст задаанд,ки аз рўйи таълимоти ислом, нобахшиданианд. Ќатлу куштор, тачовуз ба номус ва ѓайбату бухтон зухуроти номатлубеанд,ки на Худо мебахшаду на банда.
Шахсиятхои бузурги дини исломи Точикистон аз доираи фармудаи Худованди карим ва аз махзари оятхои каломи шариф лахзае ѓофил набуданду талоши бунёди њаракату њизберо ба номи ислом накардаанд. Агар имрўз мављудияти масчидхоро дар ќаламрави нохияву вилоят ё кишвар бо чандин халќаи тасбехи муллохо шуморем хар донаи тасбех ба зикр омада, калимаи шукрро ба гуши мо талќин мекунад.

Ба Сомони А.Чоми: Аз суханхот маълум ки лагандбардори дарачаи яки. Суханот мисли одами бесаводи хушомадгу.

Анвар
Кишвареро ки 99%-ашро мусалмонон ташкил медихад оё хизбеки характери дини яъне Исломи дорад зарур аст? Чавоб ман сад дар сад зарури медонам.Бисёр мехостам бифахмам инчо сухан сари кадом мусалмонон меравад ,хамон мусалмононе ки думболи шайхони гумрох мегарданд ва ё думболи фолбину чодугарон мераванд ё мусалмононе,ки бар хилофи гуфтахои Холики худ амал мекунанд .Сомон А.Чоми оё боре садо баланд кардед ба он вазифадорон,ки чаро бародарону хохарони моро аз фарзхои Худованд ч,ч,,ва сунатхои паёмбарамон Мухаммад с,а,в боз медоред ва хукукхои моро поймол мекунед.Агар не пас бидонед анна хамин бародарон аз ХНИТ камехам бошад садо баланд мекунанд токи хукуматдорон эхсос кунанд ки дар хукумате вазифарони мекунанд мардумаш мусалмононанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)