Бахшҳо

Ҳушдори ҲНИТ аз афзоиши тундгароӣ дар пайи интихобот

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши як изҳороти расмӣ, интихоботи баргузоршударо ношаффоф ва ғайриозод арзёбӣ карда, таъкид намудааст, натиҷаҳои эълоншудаи онро эътироф намекунад.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ афзуда, бо вуҷуди розӣ набуданашон аз натиҷаи интихобот, дар шароити надоштани ирода ва истиқлолияти кофии касбӣ аз тарафи мақомоти судӣ ва КМИР, аз бурдани ҳамагуна шикоят ва даъво ба ин ниҳодҳо худдорӣ менамояд: “Хамзамон, аз мақомоти давлатӣ тақозо мешавад, ки дар марҳалаи пасазинтихоботӣ ҳамагуна фишор, таҳдид ва амалҳои табъизомез (дискриминатсионӣ) нисбати аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ-ро хотима бахшида, фазои сиёсии кишварро ба ҳолати мусолаҳатомез ва ваҳдати миллӣ баргардонад”.

ҲНИТ дар ин изҳорот инчунин ваъдаҳои Президенти Тоҷикистонро дар бораи баргузории интихоботи шаффоф зикр намудааст, ки наҳзатиҳоро умедвор карданд, аммо амалӣ нашуданд: “Гузашта аз ин, таблиғоти васеъ тариқи васоити ахбори оммаи давлатӣ алайҳи ҲНИТ ва сохтани чеҳраи манфӣ дар ҷомеъа, ҳабс ва парвандасозӣ нисбати узви КМИР ва узви Раёсати Олии ҲНИТ бо мақсади таъсир расондан дар зеҳни интихобкунандагон роҳандозӣ гашта буд. Дар баробари ин, аз имкониятҳои иттиҳодияҳои динӣ ва ходимони дин ба ҷонибдории як ҳизб ва алайҳи ҲНИТ суйистифода шуда, принципи конституционии ҷудогии иттиҳодияҳои динӣ аз сиёсат ва мақомоти давлатӣ поймол гашт”.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳушдор додааст, ки тақаллуб дар шуморидани овозҳо зарбаи бузург ба арзишҳои мардумсолорӣ, суботу оромиши ҷомеа аст ва ин ҳолат метавонад аз тарафи доираҳои ифротӣ барои ҷалби бештари ҷавонон ба сафҳои худ истифода шавад: “Масъулияти ноумедии бештари ҷавонон аз мардумсолорӣ, волоиияти қонун ва адолати сиёсиву иҷтимоӣ ва гароиши эҳтимолии онҳо ба самти тундгароӣ бар дўши доираҳое мебошад, ки интихоботро бо чунин шакл баргузор карданд”.
Мӯҳр
интихобкунанда
Бо максади таъсир расонидан ба зехни интихобкунандагон? Нафахмидам, яъне ХНИТ рози шуд, ки ин хама икдомхо ба интихобкунанда таъсир гузошту ба чонибдориаш овоз надоданд? Ачиб...


Олим
Ина ба дахани худашон гуфтестан ки чи ифротгарое,ки хаст хамаш аъзо ва тарафдори мохан. Дига чиш монд.

Зафар
Ман ба ХНИТ овоз надодам. лекин медонам, ки дар хакаш беинсофи карданд, ки окибати хуб надорад. Худоё окибаташро ба хайр гардон

Агар ягон чо мерасидшон Рохбари Давлат одами хуб будай, агар нарасашон ганда будай, Аз куча 10 одама бкапен пурсеншон ба ки овоз медихед худаш маълум мешавад мардаквори.Гапхои зиёти назанен.

ман ба ХСДТ овоз дода будам, лекин дар хакки инхо беинсофи карданд. Бо оппозиция хамрох якчоя точикистонро бояд обод кард, чаро ин ду хизбро мисли фарзанди угай беэхтироми мекунанд ин аз руи адолат нест.

фантомас
яке аз омилхои рох наёфтани хнит ба порлумон ин дииш мебошад...

110
ҲУКМАТ АЗ ДУСТҲО ДУШМАН ТАРОШИД КИ ИН БА ЗАРАРАШ ХОҲАД БУД.

Яъкуб. Душанбешахр.
Аксарияти мардум ба ХНИТ овоз дод раиси махалаи мо гуфт бо вучуди онки мардумро тарс хам додем то ба ХХДТ овоз дихед, аммо ними мардум 45% ба ХНИТ овоз дод. Аммо вакти шуморидани овозхо ба Нахзатихо 1% овоз доданд гуфта навистем ба пратаколхо то аз Раис гап нафахмем. Ана Интихобот.

Мунаввар
Бародарони ахли ислом, овози ночиз гирифтанатонро аз Худованд бинед. Худо ба хамин 58 хазор розй шуда будааст. Ба азми Худо шак овардан гунох аст...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)