Бахшҳо
31 мар 2015 14:40Иҷтимоӣ

Бемористони Ибни Сино тамоми намудҳои гепатитро табобат мекунад

Маҳсули ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дуҷонибаи бемористон бо ҷумҳурии исломии Ирон ворид сохтани навтарин таҷҳизоти тибии гаронбаҳо ва дастрас намудани доруҳои қимматтарин бо нархи комилан арзон гардида аст. Дар ин бора ба мо доктор Сомӣ - табиби дилшиноси Бемористони Ибни Сино иттилоъ дода, афзуд, бемории гепатит дар ҳоли ҳозир теъдоди зиёди аҳолии Тоҷикистонро мубтало кардааст.
Вируси гепатитии навъи “В” аз хатарноктарин вирусҳо буда, маҳву нобуд карданааш аз таркиби хун ба маротиб мушкилтару гаронтар будааст. Доктор Сомӣ сабаби пайдоиши ин бемориро, ки нишонаҳои аввалини он камҳаракатӣ, хастагии бардавоми эҳсосшаванда, беиштиҳоӣ ва дар мавориди ҷудогонае хунрезӣ мебошад, дар пешгирӣ ва саривақт ташхису табобат накардани он медонад. Ин доктори дар сатҳи байналмилаллӣ эътирофшуда, табобат шудани беморонро дар Беморхонаи Ибни Сино кафолат медиҳад ва мегӯяд: - Бемористон дорои 4 бартарии комил мебошад: доро будан ба мутахассисони олидараҷа, доштани таҷҳизоти мудерн ё замонавӣ, таъмин будан бо дорувориҳои зарурӣ ва робитаи ҳасанаву муфид бо дармонгоҳҳои хориҷа.

Гепатит бемории сироятӣ буда , тариқаи алоқаи ҷинсӣ, хунгузаронӣ ва истифодаи сўзандорўҳо низ мегузарад. Хатари ин бемори на камтар аз бемори ВИЧ –Спид мебошад. Табобат накардани вируси С, 30%- ин беморонро дар муддати 20 сол тамоман аз ҷигар маҳрум мегардонад!

Ҳангоме ки аз зардпарвин ёдовар шудем, доктор иловатан таъкид намуд: “Ҳамон зардпарвине, ки шумо тоҷикон мегўед, як навъи сабуки гепатит мебошад, ки моддаи билирубин дар девораи чашм ва зери пўст ҷамъ шуда, ранги инсонро зард ва ҳазин нишон медиҳад”.

Ҳоло Беморхона дорои дастгохҳои мудерни гастроскопӣ ва колоноскопӣ, буда, дастгоҳи озмоиши репатинро низ муҷаҳҳаз гардонида аст. Ба гуфтаи доктор Сомӣ, профессор Мансурӣ ва профессор Алавиён барои бо нархи арзон ва дастраси мардуми Тоҷикистон гардонидани дорувориҳои мансуб ба гепатит, бо бузургтарин ширкати дорусозии Эрон гуфтушуниди босамар анҷом додаанд. Ба таври мисол арзиши пегинтерферон, барои дармони гепатити С, ҳамагӣ тақрибан 70 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, дар ҳоле, ки ин доруворӣ дар бозор на камтар аз 450- 500 доллар арзиш доштааст. Ҳамчунин, як қисми озмоишҳо бо тариқи махсус, ба Эрон фиристода мешаванд ва посухашон дар муддати кутоҳтарин баргардонда мешавад. Доктор Хайрободӣ, ки раиси ширкати дорусозӣ буда, дар таъмини доруҳо барои ин бахш саҳмгузор мебошад, аз идомаи ҳамкориҳо умедвории худро баён намудааст.

Мавсуф дар анҷоми суҳбат зикр намуд, ки дар сурати табобат накардани беморони мазкур ба саратони ҷигар гирифтор мешаванд. Норасоии кашиши кори ҷигар(тсирроз), хунрезии гуворишӣ(аз сурхрўда), об ҷамъ кардани шикам ва иғмо (беҳушии ҷигар) аз аломатҳои бемории музмини ҷигар мебошанд. Ин бемориҳо ба гурда ва рагҳо таъсири ҷиддии манфӣ расонида онҳоро низ зери хатар мемонанд -афзуд ў.

Дар ҳоли ҳозир аз рӯи баъзе манбаъҳо, қариб 3% аҳолии кишвар гирифтори ин бемориҳо буда, хатари сирояти он рўз то рўз меафзояд. Дар Бемористони Ибни Сино чунин шароите фароҳам оварда шудааст, ки 70% бемориҳои мансуб ба ҷигар ва хунро метавон бо сифати аъло ва дар муддати кутоҳ табобат кард. Дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи эмкунонии модару кўдак низ роҳандозӣ шуда аст, ки метавонад барои пешгирии ин беморӣ такони ҷиддие расонад. – илова намуд доктор Сомӣ.

Маълумоти бештарро аз сайти расми Бемористони Ибни Сино https://ibnisino.tj/ метавонед пайдо намоед.
Инчунин бо пайванди: https://www.ibnisino.tj/ru/nauchnye-stati.html метавонед бо мақолаи Д. Алавиён ба забони русӣ ошно шавед.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)