Бахшҳо
01 апр 2015 11:30Тоҷикистон / Сиёсат

Тоҷикистон ҷомеаи якумиапрелӣ

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Дирӯз бо чанде аз дӯстон дар мавриди якуми апрел гуфтугӯ доштем. Мегуфтем, ки чӣ дурӯғе мешавад дар ин рӯз гуфт, ки орҷинол бошад? Баъди чанде ин фикр ба миён омад, ки дар мо ҳама дурӯғҳо гуфта шуданд ва Тоҷикистон худ як ҷомеаи якумиапрелист.

ОЁ ДУРӮҒ?

Магар тааҳҳудеро, ки давлатмардон ба мардум додаанд ба он пойбанд ҳастанд? Ва оё қонун дар мо риоя мешавад? Магар манфиатҳои соҳибони қудрат поинтар аз манофеи миллӣ қарор доранд? Мо магар интихоботи шаффоф доштем? Кадрҳо дар мо бар асоси чӣ усуле пазируфта мешаванд: дониш ё садоқат? Шохаҳои қудрат дар Тоҷикистон оё мустақиланд? Порлумон, ҳокимияти додгоҳӣ магар аз тобияти ҳукумати иҷроия дуранд? Фасодкор дар мо кӣ аст: мардум ё мансабдорон? Ва... ҳамаи инҳо нишонаи як ҷомеаи якумапрелӣ нестанд? Ҳастанд! Ба гуфтаи рӯзноманигор ва танзнависи равоншод Имомназари Холназар Тоҷикистон то ҳадде ҷомеаи якумиапрелист, ки агар дақиқ бингарӣ “аз хандая мемурӣ”.

Писари ноболиғи як масабдор, дар дили шаб бо як мошини гаронбаҳо (маоши падараш дар 10 сол барои хариди он басанда набуд) дар як тасодуф сабаби марги чанд нафар мегардад, ҷазояш ҳамагӣ ин аст, ки модараш 120 сомонӣ ҷарима мешавад. Оё ин нишонаи як ҷомеаи якумиапрелӣ нест?
Ҳизбе, ки агар ятимшумор (дона ба дона ҳисоб кардан) бикунӣ аъзояш аз 30 нафар бештар нестанд, сохтори ҳизбӣ надорад, дафтари кор надорад, нашрия надорад, барои таблиғи ҳизбаш ҳеч талоше надорад, вале вориди парлумон мешавад. Инро мо на дар якуми апрел, балки дар якуми март бовар кардем.

Фақат мо, дар ҷомеаи якумиапрелӣ метавонем шоҳид бошем, ки як чупон ба ҳаво тир мезанад ва тир ба ноқилҳои хатти телефон мерасад ва ҳамин тур тамоси телефун ва интернет дар як минтақа қатъ мешавад.

Фақат дар ҷомеаи якумиапрелӣ ҳаст, ки қишри огоҳ мегӯяд, бояд ислоҳот шавад, қабул нест, вале “доброволец”-ҳо бигӯянд, ки расонаҳоро бибандед, мебандад ва ҳатто агар бигӯянд, ки ҳизбҳоро бибандед, баста мешаванд.

Ҷомеаҳои якумиапрелӣ худро демократӣ эълон мекунанду арзишҳои аслӣ ва калидии демократияро поймол мекунанд.

Яке дигар аз нишонаҳои ҷомеаи якумиапрелӣ, ки баъзан ба ҷойи ханда гиряовар мебошад ин аст, ки мо барои зинда мондан талош мекунем. Барои саъодат, барои рифоҳ, барои озодандешӣ, барои доштани як ҷомеаи хубтар агар ҷадал кунем, ин гуна тафсир мешавад, ки мо оромӣ намехоҳем, ба қадри субот намерасем...

Дар мо қудрат ва тиҷорат дар дасти гуруҳҳои мушаххасе инҳисор шудааст. Порлумони мо ба як ширкате, ки дар ҷазираҳои Вирҷиниё сабти ном шуда буд, роҳеро, ки бо қарзи давлат чиниҳо сохта буданд, супурд. Барои солиёни зиёд аз пардохти молиёт озод кард, вале напурсид, ки “ту моли кистӣ?” Дақиқтараш, пурсид, вале гуфтанд, ки “ту чӣ кор дорӣ, ки моли кист?”. Шояд ба Порлумон бехгӯшӣ карданд, вале Порлумон ба мардуме, ки инхоб кардаанд (шояд) нагуфт. Ҳатто Порлумон ҳақ надорад “аз бинӣ боло гап занад”. Ба гуфти як дӯстам дар Порлумони мо ҳамеша якуми апрел аст.

АКНУН

Якуми апрел рӯзи баде нест. Рӯзи ханда ва дурӯғ гуфтан барои хандидан аст. Аммо ҷомеаи якумиапрелӣ бад мебошад. Дар ҷомеаи якумиапрелӣ дурӯғ барои хандидан гуфта намешавад. Дурӯғ барои он гуфта мешавад, ки мардум наханданд. Аммо дурӯғҳои ҷомеаи якумиапрелӣ оқибатҳои нохуб доранд, фоҷиаборанд, фарҳангкушанд... Хосияти ҷомеаи якумапрелӣ ин аст, ки дурӯғ мегӯянд, гапи хандадор мегӯянд, аммо намемонанд, ки бихандӣ.
Як фарқи дигари якуми апрел аз ҷомеаи якумапрелӣ ин аст, ки якуми апрел як Убайдулло Раҷабов дорад, аммо дар ҷомеаи якумапрелӣ ҳама Убайдулло Раҷабованд.

ВА...

Морк Твен, нависандаи маъруфи Амрико гуфта буд, “якуми апрел маҳз рӯзе аст, ки мо ба ёд меоварем, ки дар 364 рӯзи дигари сол кӣ будаем”. Воқеан, агар Тоҷикистон як ҷомеаи якумиапрелӣ нест, пас мо бо ин ҳоле, ки дорем дар 364 рӯзи дигар кӣ мебошем???
Мӯҳр
Баходур
Точикистон сар то по якуми апрел буд ва мемонад

Хар рузи мо 1-уми апрел аст. Барои хамин андози аксизи низ махз дар хамин руз бо шухи зиёд карда шуд ва дар дигар рузхо чиддан амали мекунад))))))))))))

хонанда
парвиз
сафсатаи бемантик. навиштаги шахс баъд аз нашр худро хело донишманд мехисобидагист. худи ту,чахонбиниат,малакаат як шухии якумиапрелии табиат аст.

Хаким
Маводи навиштаи Шумо журналисти мухтарам хакикатан хам 1апрелист! "Ҷомеаҳои якумиапрелӣ (яъне Ватани худро дар назар дорй) худро демократӣ эълон мекунанду арзишҳои аслӣ ва калидии демократияро поймол мекунанд." Ба саволе чавоб дех Иршод: Магар арзишҳои аслӣ ва калидии демократия дар худи Амрикову Аврупо поймол намешаванд? Пас мо бояд тамоми чахонро чахони якумапрелӣ хонем?!

Точик
ИРШОДЧОН БАРОДАРИ ГИРОМИ ГАП САРИ ИН АСТ КИ МОВУ ШУМО ЧОМЕАИ ! АПРЕЛИРО ТАШКИЛ МЕДИХЕМ ЗЕРО МО ХУДАМОН ! АПРЕЛИЕМ, ГАЙР АЗ ТАНКИД КОРЕ КАРДА НАМЕТАВОНЕМ.

Мухтарам! Иршод Сулаймони шумо медонед, ки 1-уми апрелро чи гуна меноманд.? Шояд чомеа шумо хамин гуна бошад? Ё ин ки бо равоншиносон субати тулони доред? :)

Фаррух
"Орчинол"???? )))) калимаи нав))) ганда худтона доно мегирен а Озодагон?))

Бачаи Гарми
Иршодчон офарин комилан бо шумо мувофик хастам .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)