Бахшҳо
01 апр 2015 14:08Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Баҳси судӣ дар Абузабӣ: Фиребу истисмори шаҳвонии тоҷикон

Додгоҳи ҷиноии шаҳри Абузабии Аморати муттаҳидаи Араб ба баррасии парвандае оғоз кардааст, ки бар асоси он ду шаҳрванди Тоҷикистон - модар ва духтар дар истисмори шаҳвонии духтарон айбдор мешаванд.

Ба иттилои расонаҳои хабарии АМА, ин шаҳрвандони Тоҷикистон гӯиё ду духтари тоҷикро бо ваъдаи ҷои кори хубу таҳсил дар шаҳри Дубай ба ин минтақа оварда, ба танфурӯшӣ маҷбур кардаанд. Яке аз ин духтарон, ки 20 сол дорад, рӯзи 31 март дар додгоҳ гуфтааст, “ин зан дар Ватан ба мо ваъда дод, ки барои шумо дар АМА ҷои кори хуб ва имкони таҳсил дар яке аз колеҷҳо фароҳам мекунам, вале баъди омадан ба ин кишвар соли 2014 гапҳо тамоман дигар шуд. Дар аввал моро дар хонае нигоҳ доштанд ва баъдан ба танфурӯшӣ маҷбур карданд”.

Ба гуфтаи ӯ, гӯиё ин зани тоҷик шиносномаҳои онҳоро гирифта, гуфтааст, то хароҷоти сафар, пули виза ва чиптаро “ҷуброн” накунанд, раҳо нахоҳанд шуд: “Ману дугонаамро ба маконҳои гуногун, аз ҷумла марказҳои дилхӯшии шабона мебурду барои анҷоми амалҳои шаҳвонӣ бо мардҳо маҷбур мекард”.

Ин духтарони тоҷик дар ҳоле аз дасти ин ҳамватани худ раҳо шудаанд, ки дар пайи ирсол шудани пайёме аз сӯи дугонааш ба мақомоти пулис макони зисташон мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтааст. Расонаҳои хабарии АМА менависанд, ин модару духтари тоҷик дар нахустин мурофиаи додгоҳӣ тамоми иттиҳомот алайҳи худро рад карда, гуфтаанд, кори баде накардаанд.

Додгоҳи ҷиноии Абузабӣ санаи мурофиаи навбатии ин парвандаро 15 апрели соли равон эълон кардааст.

Дар бораи ному насаби муттаҳамон ва ҷабрдидаҳо расонаҳо маълумоте надодаанд.
Мӯҳр
Исмоилова
Э мур зани точик нашуда

ислом
хайфи ту барин зани точик хоини ватан

Агар хукумат ягон рохи боздошти чунин занхоро пайдо накунад, пагох марди точик зани бокираро пайдо намекунад, то бо вай хамсари кунад.
Чаро ба хизбу чамъиятхо ва точирон ба хар бахона фишор меоранд, вале ба ин масъалаи барои мадуми Шарк, бахусус мардхо фавкулодда мухим ягон макомот ахамият намедихад.
Хамчунин пешниход дорам, рохбароне ки аз духтарони чавон тамаъчуии шахвони мекунанд, чазо ба мухлати на кам аз 15 сол мукарра карда шавад. Зеро бисер рохбарони мард ба духтарон чашм моил мекунанд ва пеш аз ба кор гирифтан ва е дар давоми кор хамхобаги талаб мекунанд, агар не гуянд, бо бахонае аз кор чавоб медиханд. Вой мар холи чавонмардони точик, вой!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!1

....дар ватан кор бошад ҳеҷ кас ҳеҷ гуҷо саогардон намешавад...(((((((( feel

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)