Бахшҳо

Маҳкумияти 11 узви Ҳаракати исломии Узбакистон дар Суғд

Додгоҳи вилояти Суғд 10 сокини ноҳияи Спитамен ва як бошандаи Исфараро бо иттиҳоми шомил шудан ба созмони фаъолияташ мамнўи Ҳаракати Исломии Ўзбекистон, аз 1 то 17 сол равонаи зиндон кардааст.

Тавре аз ин додгоҳ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, мурофиаи додгоҳии ин гумонбарон рўзи 31-уми марти соли равон сурат гирифтааст: «Додгоҳи Суғд 10 сокини аз 22 то 27-солаи ноҳияи Спитаменро дар он айбдор донист, ки ҳанўз тирамоҳи соли гузашта, онҳо ба созмони ҲИЎ шомил гашта, сокинонро барои пайвастан ба он даъват кардаанд».

Манбаъ афзуд, ки додгоҳ 3 тан аз онҳоро ба 1 соли зиндон ва 7 тани боқимондаро аз 9 то 17 сол равонаи зиндон кардааст: «Ҳукми додгоҳ ҳоло мавриди амал қарор нагирифтааст». Ҳамчунин, додгоҳ як ҷавони исфарагиро низ бо ҷурми шомилшавӣ ба ҲИЎ 9 сол ҳабс кардааст, ки ў ҳанўз дар соли 2006 зимни муҳоҷирати корӣ дар Русия ба гурўҳи ҲИЎ пайвастааст. Ин 11 нафар ҳанўз дар моҳҳои декабри соли 2014 ва январи соли равон аз сўйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир карда шудаанд.
Мӯҳр
муаллифи хабар
бисёр маҳқулам шуд, аммо барои чи шербачахои мо аввал дар сахиаи шумо чоп карданд, ман хайрон smile : bully
ба хар хол халолатон бод

Дустон ва хамватанони гироми чи тавре , ки ба хамагон маълум аст имруз вазъияти сиёсии чахон хело бад шуда хазорхо нафарон бехонаву хазорони дигар тифлони бегунох бе сарпанох мондаистодаанд. худ як маротиба фикр кунед, ки хамаи ин чараёну равияхо бахри ноустувор ва ноором сохтани чомеа ва давлат равона шудааст.Барои мисол дур намеравем. Чумхурии Исломии Афгонистони хамсояи мо, ки муддати чандин солхо чангзада мебошад, мардумаш аллакай аз хама чиз безор шудааст. Хам аз хукумат ва хам аз мухолифон, ки бо ном мусулмонанд. Чунки мардум акнун танхо зиндагии орому осударо мехохад на давлати ба ном Исломиро. Пас биёед бародарони гироми ба кадри ин тинчиву осудаги бирасем ва кушиши халалдор кардани чомеа нашавем. Бидонед, ки хамаи мо фардо дар назди наслхои ояндаи худ чавобгарем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)