Ютуб дубора дар Тоҷикистон дастрас шуд
Шабакаи Ютуб дубора дар қаламрави Тоҷикистон дастрас шудааст. Бисёре аз корбарони интернет дар кишвар мегӯянд, аз субҳи имрӯз 3 апрел ба ин шабака бидуни истифодабарии анонимайзер ё худ филтершиканҳо ворид мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки шабакаи мазкур дар Тоҷикистон рӯзи 30 марти соли равон дастнорас шуда буд.
Манбаи “Озодагон” дар яке аз ширкатҳои дастраскунандаи интернет он замон масдудияти Ютубро тасдиқ карда, афзуд, ки дастрасӣ ба ин пойгоҳи видеоӣ аз рӯзи 30 марти соли равон маҳдуд шудааст. Манбаъ ин маҳдудиятро ба дастури Хадамоти алоқа марбут донист, ки бо сабаби корҳои профилактикӣ аз ширкатҳои интернетрасон хостааст, Ютубро масдуд кунанд.
Баста шудани ин видеопартал дар қаламрави Тоҷикистон бори аввал нест ва ибтидои соли равон низ саҳифаи Ютуб бо шумули шабакаи иҷтимоии русии “Одноклассники” масдуд гардида буд. Дар пайи масдудияти ин шабакаҳо дастрасӣ ба як қатор филтршикан (анонимайзер)-ҳо, аз ҷумла Hideme.ru, Cameleo.Ru, 2ip.ru/anonim ва xnet.club” низ маҳдуд гардид.
Масдудсозии сомонаҳо дар Тоҷикистон, ки ба як раванди маъмулӣ табдил ёфтааст, борҳо аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ мавриди интиқод қарор гирифта, аз мақомоти Тоҷикистон дархост шуда буд, ки ба ин раванд хотима диҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |