ВИДЕО: Намоишгоҳи “Мултикид” дар Душанбе-Плаза
Дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи омӯзишии Донишгоҳҳои бонуфузи Бритониёи Кабир, ИМА, Канада, Ирландия, Олмон, Лаҳистон, Кипр, Туркия, Русия ва Чин ифтитоҳ шуд.
Ин чорабинӣ бо ташаббуси Маркази омӯзишии "Мултикид" дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм, инчунин Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба хотири 15-умин солгарди таъсисёбии Марказ дар бинои Душанбе-Плаза созмон шудааст.
Манзура Ҷӯраева, раҳбари Маркази омӯзишии "Мултикид" дар суҳбат бо “Озодагон” ҳадафи асосоии баргузор намудани чорабиниро саҳм гузоштан дар рушди маорифи кишвар унвон кард. Ӯ гуфт: “Мақсади асосиии мо фароҳам овардани шароиту имконот барои таҳсили ҷавонони кишвар дар хориҷа мебошад. Мо мехоҳем ҷавонони мо низ дар беҳтарин донишгоҳҳои хориҷа таҳсил намуда, баргашта ба Ватани худ хизмат кунанд”.
Хонум Ҷураева дар идомаи суҳбат афзуд, дар ин намоишгоҳ довталабонро сабти ном кардаанд, ки фардо, 5 апрел имтиҳон хоҳанд супурд: “Нафроне, ки аз ҳама холи баландро соҳиб мешаванд, имкони таҳсили ройгон дар кишварҳои хориҷиро ба даст меоранд”.
Дилором Раҳимова, модари ду тан аз хатмкунандаҳои мактаби миёнаи пойтахт, ки барои шиносоӣ бо донишгоҳҳои хориҷа ҳамроҳи фарзандонаш омадааст, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, фарзандонаш дар донишгоҳҳои дохилӣ сабти ном шудаанд, аммо мехоҳад, инҷо низ маҳорати худро санҷанд: “Мехоҳам фарзандонам таҳсилро дар хориҷа идома диҳанд, ҳоло фарзандонам се донишгоҳҳои хориҷиро интихоб карданд”.
Намоишгоҳи мазкур то соати панҷи шом идома карда, рӯзи панҷум дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе супурдани имтиҳон дар назар аст. Мубтакирон мегӯянд, чунин як намоишгоҳ рӯзи шашуми моҳи ҷорӣ дар “Кохи Матбуот”-и шаҳри Хуҷанд дар назар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |