Кабирӣ ба сокинони Яккабед: Тамоми миллат дар ғами Шумо шарик аст

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар робита ба ҳалокати 10 сокинони деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод, ки рӯзи 3 апрел бар асари фаромадани ярч зери хок монданд, ҳамдардӣ баён кардааст.
Раиси ҲНИТ, ки феълан дар хориҷ аз кишвар қарор дорад, дар саҳифаи шахсии худ дар Фейсбук гуфтааст, хабари ҳалокати ин 10 шаҳрванди Тоҷикистонро бо камоли таассуф ва андуҳ дарёфта, барои наздикони онҳо сабр хоҳон аст: “Пеш аз ҳама ба хонаводаи шаҳидон , мардуми азизи Яккабед ва роҳбарияту сокинони Файзобод ҳамдардиву тасаллияти худро изҳор менамоям ва аз Худованд барои шаҳидон ҷаннати фирдавс ва барои бозмондагон сабри ҷамил хоҳонам”.
Муҳиддин Кабирӣ афзудааст, ки ин хабар на танҳо сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла Файзободро, балки тамоми тоҷикони хориҷ аз Ватанро андуҳгин кардааст: “Мардуми азизи деҳаи таърихии Яккабед бидонанд, ки ин соатҳо на танҳо зодагони ин диёр , балки ҳамаи миллати тоҷик дар тамоми гушаҳои олам дуогуву ҳамдарди шумоянд. Шумо, ки ғаму шодишарики ҳамаи ҳамсоягону мардуми диёр будед, имрӯз ҳамагон худро шарики ғами шумо медонанд. Ҳоло ин соатҳо ҷуз дуо дигар коре аз дастамон намеояд, ки дар ҳаққи Шумо азизон анҷом диҳем. Худованд мададгоратон”.
Рӯзи 3 апрели соли равон дар деҳаи Яккабеди ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод тақрибан соати 13:10 дақиқа ярч фаромада, 10 сокини деҳаро, ки тариқи ҳашар ба таъмири қубури обгузар машғул будаанд, зер кардааст. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз 10 сокини зери хокмонда танҳо ҷасади ду нафари онҳо -- Шодмон Алимардонов, соли таваллудаш 1990 ва Муҳаммад Умаров соли таваллудаш 1987, дарёфт шудааст, ки субҳи имрӯз 4 апрел ба хок супорида шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |