Ду соли маҳбас барои як “Like”
Дар Туркия як хабарнигорро ба хотири як “Like”-и гузоштааш дар саҳфаи Фейсбук ба изҳори назари интиқодӣ алайҳи раисиҷумҳури ин кишвар беш аз ду сол равонаи зиндон кардаанд.
Бино ба иттилои расонаҳои ин кишвар, додгоҳи шаҳри Газиантем, воқеъ дар ҷануб-шарқи Туркия амалкарди Яшар Элмаро “таҳқир ба ходими давлатӣ” унвон карда, ӯро нахуст ба 23 моҳ равонаи зиндон кардааст.
Худи Яшар Элма дар ин маврид гуфтааст, “ман танҳо функсияи “писандидан”-ро ҳангоми хондани шарҳ дар бораи президент истифода бурда, баъди ним соат “лайк”-и худро тоза кардам, аммо алакай маъмурини полис наздам омаданд”.
Ӯ дар идома афзуда: “Намедонистам, ин кори ман ҷиноят аст”.
Қонунгузории Туркия барои таҳқир то се моҳи ҳабсро пешбинӣ мекунад, вале агар даъвогар мансабдори давлатӣ бошад, муҳлати зиндон метавонад то як сол тамдид шавад. Ҳамчунин агар таҳқир тавассути ВАО сурат бигирад, қонун муҳлати иловагии ҳабсро пешбинӣ мекунад.
Расонаҳои Туркия мегӯянд, баъди раисиҷумҳур шудани Раҷаб Тайип Эрдуғон дар моҳи августи соли 2014 беш аз 70 нафар бо ҷурми тақири президент ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |