Бахшҳо

Абдуллоҳ Раҳнамо: Абри сияҳ менолад бар мотами Файзобод...

Абдуллоҳ Раҳнамо, сиёсатшинос ва корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар пайи лағжиши теппае дар рустои Яккабеди Файзобод, ки ҷони даҳ нафарро гирифт, марсияе иншо кардааст. Он дар қолаби таронаи маъруфи “Пурсояву пурмаҳтоб шаб хам-хами Файзобод”-и марҳум Нигина Рауфова, овозхони саршинос эҷод шудааст. Хабаргузории "ТоҷНюс" мегӯяд, муаллиф дар қолаби ин суруди машҳур талхию сангинии андуҳи бузурги мардуми Файзобод, балки ҳамдилии тамоми мардуми Тоҷикистонро ба тасвир ва нола мекашад.

Пурнолаву пурфарёд шаб хам-хами Файзобод,
Ашки шаби маҳтобӣ дар шабнами Файзобод.
Ку лолаи хандонаш, ку нағмаи мурғонаш?
Дар пуштаҳо менолад кавки рами Файзобод.

Ғамбаставу ғамполо шаббодаи Элокаш,
Лабташнаву лабташна, хун мечакад аз токаш,
Гӯри ҷавонмардон шуд, оҳиста рав бар хокаш…
Як кишваре биншаста дар мотами Файзобод.

Пурнолаву пурфарёд шаб хам-хами Файзобод.
Ашки шаби маҳтобӣ дар шабнами Файзобод…

Эй чашмаи наврӯзӣ, эй пуштаи боронӣ,
Во хоҳари саргардон, во модари армонӣ,
Шаҳбачаи озода дар хок шуд зиндонӣ…
Аз гиряҳо пур карданд оби ками Файзобод.

Хамгаштаву хамгашта пушти хами Файзобод,
Ашки шаби маҳтобӣ дар шабнами Файзобод,
Абри сияҳ менолад бар мотами Файзобод,
Биншаста дар овозам сӯзи ғами Файзобод…


Рӯзи 3 апрели соли равон дар деҳаи Яккабеди ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод тақрибан соати 13:10 дақиқа ярч фаромада, 10 сокини деҳаро, ки тариқи ҳашар ба таъмири қубури обгузар машғул будаанд, зер кард. То имрӯз танҳо ҷасади ду нафари онҳо аз зери хок берун оварда шуда, ҷанозаи ҳашт тани дигарро дар ҷои ҳодиса хонданд.
Мӯҳр
агар давлати мо каме хам бошад гами халкашро мехурд мо то ба ин рузи сиех намерасидем!!! бо об таъмин кардани ахоли, рохоро таъмир кардан ва проблемахои гайраро бояд давлат ба ичро расонад!!! кучо меравад ин кадар грантхо??? барои хамин ходиса бояд раиси чамоат ва раиси нохия аз вазифа барканор шавад!!!

Худовандон касонеро ки дар кори хайру ободи буданд ва шахид шудаанд.биёмурз, гунохашонро.махфират намо ва бихишти човидонро насибашон гардон. Амин!!!

чора
шеъри сактадор, тахрир мехохад.

Хело хам хузнангез навиштаи дустам...Ин мусибати тамоми Точикистон аст...Худованд фавтидагонро биёмурзаду ба назидикону пайвандонашон сабри чамил дихад!!!!

банда
о рафик шоир , ба чои хамон шеърхои гамангез дар хакки он шахидон дуъо кунед ба фикрам бехтарай

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)