Бахшҳо
07 апр 2015 17:30Тоҷикистон / Сиёсат

Эълони ному насаби сардорони нави 12 шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ (АКС)

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ному насаби сардори нави 12 шӯъбаи ин ниҳод дар шаҳру навоҳии кишварро эълон кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД, полковники милитсия Толибҷон Назаров сардори нави Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ, полковники милитсия Расулов Зикрулло Ҳукумович сардори Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Қабодиён, полковники милитсия Коров Шоҳусейн Шонадирович сардори Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, подполковники милитсия Пиров Файзиддин Абдуллоевич сардори Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ҷиликӯл, полковники милитсия Неъматов Алишер Ҷурахонович сардори Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Данғара, полковники милитсия Ниёззода Зафар Ниёз сардори Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Норак, подполковники милитсия Зуҳуров Шамсиддин Боймуродович сардори Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Спитамен, подполковники милитсия Саидов Саидбек Мавлонович сардори Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ҷаббор Расулов, полковники милитсия Абдуазизов Зикриё Бурҳонович сардори Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ашт, подполковники милитсия Зубайдзода Хайрулло Маҳмуд сардори Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ҷиргатол, подполковники милитсия Имомбердиев Гулбек Худомонович сардори Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шуғнон, полковники милитсия Худойдодов Бороншо Ҳайдарович сардори Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Мурғоб таъйин шудаанд.

Инчунин генерал-майори милитсия Мирзоев Абдухалил Абдулхолович сардори Раёсати таҳқиқи ВКД, подполковники милитсия Маҳмадализода Алишер Маҳмадалӣ сардори Раёсати тафтишотии ВКД, подполковники милитсия Исозода Набиҷон Исо сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД, полковники милитсия Фаттоев Абдусаттор Абдуқаҳорович сардори Қисми минтақавӣ, ӯ низ муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон оид ба гуруҳи ноҳияҳои Кӯлоб интихоб шудаанд.

Подполковники милитсия Раҳимов Файзулло Изатуллоевич сардори Шӯъбаи ВКД дар хати Фурудгоҳи шаҳри Душанбеи Раёсати ВКД дар нақлиёт, полковники милитсия Худойқулов Нуралишоҳ Тураевич сардори Шӯъбаи ВКД дар хати истгоҳи Роҳи оҳани шаҳри Душанбеи Раёсати ВКД дар нақлиёт, подполковники милитсия Маҳмудов Неъмат Холович муовини сардор, ӯ низ сардори Шӯъбаи Воҳиди махсуси ВКД оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр, полковник Умаров Насриддин Эргашевич командири Полки алоҳидаи моторикунонидашудаи махсуси милитсияи (қисми ҳарбии 3501) Қӯшунҳои дохилии ВКД, майор Раупов Суҳроб Орзуевич, командири Полки фаврии таъиноти махсуси (қисми ҳарбии 3502) Қӯшунҳои дохилии ВКД, подполковники милитсия Шарипов Ҷумахон командири Баталёни алоҳидаи фаврии таъиноти махсуси (қисми ҳарбии 3503) Қӯшунҳои дохилии ВКД ва полковник Акобиров Хуршед Исмонович командири Полки моторикунонидашудаи махсуси милитсияи (қисми ҳарбии 5453) Қӯшунҳои дохилии ВКД таъин шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз 7 апрел аз тағйироти кадрӣ дар вазорати умури дохилии кишвар хабар дод. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар кадрҳои тозатаъйин дар мақомоти умури дохилии Тоҷикистонро онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан ва поквиҷдонию поктинатӣ ҳидоят намудааст. Инчунин дар вохурӣ ба пурзур шудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромилӣ, пешгирӣ аз амалҳои террористию ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои коррупсионӣ таъкид шуда, гуфта шудааст, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои дастёбии васеъ ба ёрии аҳолӣ дар ифшо намудани ҷинояткорон бояд бо мардум муомилаю муносибати хуб ва ҳамкории наздик дошта бошанд.


Эълони ному насаби сардорони нави 12 шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ (АКС)

Эълони ному насаби сардорони нави 12 шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ (АКС)

Эълони ному насаби сардорони нави 12 шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ (АКС)

Эълони ному насаби сардорони нави 12 шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ (АКС)

Эълони ному насаби сардорони нави 12 шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ (АКС)

Эълони ному насаби сардорони нави 12 шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ (АКС)

Эълони ному насаби сардорони нави 12 шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ (АКС)

Эълони ному насаби сардорони нави 12 шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ (АКС)
Мӯҳр
Кори хуб шуд, ки бисёре аз рохбарони ШВКД-и шахру нохияхо иваз шуданд. Баъзе аз рохбарон то чое аз пул маст шуда буданд, ки одамора намешинохтанд. Бисёре аз рохбарои ШВКД мошинхои гаронбахо аз кабили Ландкрузер Прадо доранд, ракамхои давлатиашонро мебини дар хайрат мезани. Пас фикр кунед, ки ба маоши мегирифтаи у ин мошинро харидан гайриимкон аст.

dastotona giren ayb ast, dar berun asri xx1 ast.

Шахрванд
Зик нашав акаи милитсионер, иношам монанди хамунош мешанд feel bully

Мумтоз
Вакте ки вазифа мегиранд даст пеши бар мекунанд баъди болои курси ки нишастанд вой бар холи бечорагон

Парвиз
Акаи Алишер от души табрик брат! Худованд аз ин вазифахои баландтаро насиб гардона! Та арзандаи ака.

Хисрав
Акаи Набичон Исозодаро табрик мегуям ба вазифаи наваш шахси арзандаст бигзор доимо рохбархои дигар биомузанд аз ин кадрхои чавон рахмат ба вазири ВКД ки кадршинос аст саломату хонаобод бошед барори кор

Рахмати калон чаноби Оли бехтарин кадр Раупов Сухроб

Набичон Грезов ва Алишер Нематов бехтарин кадрхоянд ва саховори вазифа мебошанд. Мувафакият дар кор.

Салом. Мухтарам хабарнигор дар бораи таини шудан сардори шубаи корхои дохилаи Кулоб мегуфтед.
Дар шахри Кулоб ки сардор шуд???

сино
Ҳама дастҳо пеши бар дар назди призидент.Дар муомила бо халқ муштҳо гиреҳ зада.Ҷинояткори пулдор барои инҳо ҷинояткор нест халос хурда меравад.Бояд аз призидент саркарда то афсари қатори назди халқ дастҳо пеши бар бошанд.Чунки ягон нафари кормандони буҷавӣ дар саҳро кор намекунанд ки гандум коранд ва соҳиби нон шаванд ҳама аз ҳисоби андози халқ

сабоҳиддин
Бисёр хуб шуд. Рости ман дигаронашро намешиносам, аммо Суҳроб Рауповро аз наздик ва хело хуб мешиносам. Дар ҳақиқат шахси арзанда, сазовор ва масъулиятшинос аст.Ман боварии комил дорам, ки полки 3502 бо роҳбарии ин шахсият яке аз ниҳодҳои бонуфуз дар Тоҷикистон мегардад.
Ташакури зиёд ба Ҷаноби Оли, ки чунин кадрҳои болаёқатро қадр карда ба онҳо вазифаи пурмасулиятро месупорад.

ин икдоми хуб аст чобачогузории кадрхои лаёкадманд барои бехбуди аст. барои боз хам тенчиву оромии ВАТАНАМОН неки кадрхои таъин шуда аз ухдаи бовари бароянд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)