Бахшҳо

Аз 3 то 3 солу 6 моҳ. Ҳукми ду аъзои “Гуруҳи 24”

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳукми ду сокини шаҳри Ваҳдатро, ки дар узвият ба гуруҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” муттаҳам мешуданд, эълон кард.

Нурилиев С, раисикунандаи парванда гуфт, Ҷобиров Н., 3 солу шаш моҳ ва Маҳмадризои Ш. се сол аз озодӣ маҳрум шуда, ин муҳлатро дар калонияи умумӣ сипарӣ хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ин ду нафар ба гуноҳи худ иқрор карда, гуфтаанд аз узвият дар ин гуруҳ пушаймонанд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябри соли 2014 даъвои додситонии генералиро алайҳи “Гуруҳи 24” қонеъ карда, онро гуруҳи экстремистӣ эълон намуд.
Саломат Ҳакимова, додраси Додгоҳи Олӣ зимни қироати ҳалнома гуфт, парванда дар ҳузури намояндагони Хадамоти алоқа, додситонӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ баррасӣ шуда, фаъолияти "Гуруҳи 24" ба далели зидди сохти конститутсионӣ ва амнияти миллӣ буданаш, дар Тоҷикистон манъ карда шавад. Тибқи ин ҳалнома паҳн ва нашри ҳар гуна матолиби чопию аудиовизуалии марбут ба "Гуруҳи 24" мамнуъ эълон гардид. То имрӯз аз боздошт ва ҳабси чанд аъзои ин гуруҳ хабар расидааст. Аз ҷумла рӯзи чоруми март Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Умедҷон Солиҳов, муттаҳам дар узвият ба “Гуруҳи 24”-ро дар талоши ғасби ҳокимияти давлатӣ, вайрон намудани сохти конститутсионӣ, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, таҳқири Президент ва ҷалби шаҳрвандон ба созмонҳои ҷиноӣ муҷрим шинохта, 17 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.

"Гуруҳи 24" тобистони соли 2012 аз сӯи Умаралӣ Қувватов дар Маскав таъсис ёфт. Баъд аз кушта шудани Қувватов дар Истанбул Шарофиддин Гадоев раиси он интихоб шудааст.
Мӯҳр
Ба хамин чавонони точик чи даркорай ки аз кафои як гурухи террористи рафта худро экстремист мекунанд. Аз пайи зиндагиашон шаванд бехтар намешуд? Ин гурухи 24 гайр аз чавононро ба худ чалб карда онхоро бар зидди миллату давлат тарбия кардан дигар кор надорад.

дар хамин давлати тенчу ором чи намерасад ин гурухи 24. барои максадхои худ чавононро гумрох карда истодаанд бародарон ин гурух зиди ормии чт мебошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)