Бахшҳо

Генерал Ҷурахонзода дар нафақа телевизор тамошо мекунад

Генерал-майори милитсия Саид Ҷурахонзода Қаюм, ки дар пайи як тағйироти кадрӣ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз вазифаи сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе барканор шуд, ба нафақа фиристода шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон зимни маросими гусели Ҷурахонзода аз хидматҳои ӯ дар мақомоти умури дохилӣ миннатдорӣ кардааст. Ба гуфтаи Раҳимзода, Ҷурахонзода ҳамчун “марди наҷиб бо иродаи қавӣ дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ бе нуқсон тули солҳои зиёд фаъолият намудааст”.

Дафтари матбуоти ВУД мегӯяд, ба генерал-майори милитсия Саид Ҷурахонзода Қаюм дар ин маросим аз сӯи Раҳимзода “Сипосномаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва тӯҳфаи хотиравӣ - телевизор тақдим шудааст.

Саид Ҷурахонзода Қаюм, ки аз моҳи декабри соли 2013 ба ин сӯ ба курсии сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе такя мезад, рӯзи 7 апрел дар пайи як тағйироти кадрӣ аз мақомаш барканор шуд. Ба ҷои ӯ, полковники милитсия Фотеҳ Қунғуротзода Қулмурод, собиқ сардори Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт таъйин шуд. Ҷурахонзода дар гузашта дар вазифаҳои гуногун дар мақомоти умури дохилӣ, аз ҷумла муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон кор кардааст.

Ба нафақа гусел кардани Ҷурахонзода дар ҳолест, ки ахиран Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе аз сатҳи фаъолияти ӯ дар вазифаи сардори Раёсати умури дохилии пойтахт изҳори ноқаноатмандӣ кард. Убайдуллоев, ки дар бораи низоми васоити нақлиёти мусофиркашонӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе суҳбат мекард, дар хитоб ба Ҷурахонзода гуфтааст, корро аз сардори пешини Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе ва муовини кунуни вазири умумри дохилии Тоҷикистон - Абдураҳмон Аламшозода биомӯзад.
Мӯҳр
Рафик генерал, истирохати хуб дар нафака. Мо фахр мекунем,ки бо Шумо кор карда, ихтисоси худро такмил додем. И Махмадсаид шизик шидагиай. Аз ухдаи кор, ки намебарояд, айба ба дигарон бор мекунад. Суханони уро фикрам накунед! Милитсияи точик аз Шумо барин кормандони хирфаи ифтихор мекунад!

Ман бо Саид Чурахон зиёда аз 20 сол боз шиносам. Яке аз сарсупурдагони ин миллат бахри зиндагии осудаи мою Шумо ба хисоб меравад. У ба нафака ба сари баланд мебарояд. Пеши хар касу нокас боре хам сар хам накардааст. Нон аз дастархони худ хамеша халол хурдааст. Рузу соати касе ба нафака расида бошад бояд ба сари баланд равад.
Мо бояд Саид Чурахонзодахо барин кормандони хифзи хукукро мисли гавхараки чашм азиз дорем. Ба кадри мехнаташон расем. Ман аз вазири корхои дохила Рамазон Рахимзода ки шахси фарханги аст, хохиш менамоям нисбати хаёти ояндаи ин чавонмард бетафовут намонад. уро дар чашнхои рузи милиса даъват намуда, эхтиромашро ба чо орад. Хамаи мо рузу соаташ ки расад ба нафака меравем. Вале бояд мисли Саид Чурахонзода бо сари баланд равем.

Бехтарин корманди макомоти корхои дохили ба нафака гусел карда шуд.Бо банафака рафтани чунин корманд Вазорати корхои дохили яке аз кормандони содик ба касби худро аз даст дод.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)