Бахшҳо
09 апр 2015 17:00Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Имкони истеҳсоли ҷелаки миллиро дорем? Агар ҳа, дар кадом фабрика?

Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносии назди президенти ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, дар кишвар ҷелаки тоҷикӣ, ҷойнамоз, сарпӯшҳои сирф миллӣ истеҳсол шавад. Дар робита “Озодагон” аз коршиносон пурсид, ОЁ ТОҶИКИСТОН ИМКОНИ ИСТЕҲСОЛИ ИН НАВЪИ ЛИБОСҲОРО ДОРАД? АГАР ҲА, ДАР КАДОМ ФАБРИКА?

Марям ДАВЛАТОВА, ҷомеашинос

Ин кори мушкиле нест, занони ҳунарманд дар ҳама ҷо ҳастанд, ҳатто бо роҳи хонакорӣ онҳоро ҷалб кардану ин масъаларо ҳал кардан мумкин аст. Суол дигар ҷост барои чӣ ва барои кӣ? Магар мо тамоми мардонро чунин либос пӯшонданием ё дресскоди рӯҳониёни Эронро ин ҷо ҷорӣ кардан мехоҳем? Мо баяд мушаххас кунем барои худ, ки дар кадом давлат зиндагӣ мекунем. Дар сатҳи давлат бардошта шудани масъалаи либоси занону мардон нишондиҳандаи ҳанӯз номушаххас будани ин савол аст.

Шариф МУЛЛОЕВ, устоди донишгоҳ

Савол хело ба маврид аст, вале оё фабрикаҳои тоҷик қудрат ва ашёи лозим барои истеҳсоли ин навъи либосҳоро доранд ё не ин муҳим аст. Ба фикри ман шояд фабрикаҳои хусусӣ аз уҳдаи иҷрои дӯхтани ин либосҳо бароянд. Вале аниқтар гӯям шояд фабрикаи “Ёқут-2000” аз иҷрои ин кор барояд. Либоси миллӣ чизи хуб аст, барои ҳамин дӯхтани ҷелаку сарпӯши тоҷикӣ бамаврид аст. Гумон мекунам, ин гуна либосҳои миллӣ писанди ҳамагон мешавад. Шояд....

Зеваршоҳ МУҲАММАД, хабарнигор

Ҳоло дар мавриди тавлиди ин навъи либоси миллӣ мушкил нест, танҳо як намуна ва Хитой даҳҳо ҳазор дона равон мекунад. Суоли дигар ин аст, ки оё мардум ба ин навъи либос зарурат доранд ё на. Ва ё иҷборан ба мардум мепӯшонанд?
Мӯҳр
точик
аз кай боз челак либоси миллии точикон шудааст.

Patriot
Сарпӯшҳои сирф миллӣ ва ё ҷелаки милли кадомхо хастанд? чунки дар хар минтакаи Точикистон он фарк мекунад масалан дар рашту хатлону зарафшону бадахшону сугд Сарпӯшҳо ва ё ҷелак фарк мекунад.Аз кадом минтакаро Сарпӯшҳои сирф миллӣ ва ё ҷелаки милли кабул менамоем?

Барои хифзи фарханги милли хамаи имкониятро бояд истифода бурд. Либоси миллии мо точиконро давлатхои дигар аз арабхо сар карда то русхо кариб аз байн бурданд. Миллат бояд либоси махсус дошта бошад.

Ман хамчун фарзанди точик либоси миллиамонро чи хеле набошад мепазирам. Хама бояд бо фарханги худ аз миллаташ фахр кунад. Хифзи фарханг хифзи миллат аст.

...Чанобон ! !!!!Фарз кадем 8.000.000 нафар ахолиай -а? 2.000.000 нафархош мухочирай ва кормандони диплматиай берун аз Точикистон бештар ай 90 % гуломи када хуни дил мехура... хочат ба пушидани челаку сарпуш надора... Барои 6.000.000.нафара Хитойихо дар як руз духта тайёр мекуна - а? Ба бар карданша аз КОРМАНДОНИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОЧИК - ДИКТОРХО, НАВОЗАНДАГОНУ РАККОСАХО ВА СИТОРАХОИ САХНА .. сар кунед...майл ?!!!!!

Бо арзи салом ва иродат!!
Ба маълумоти "миллигароёни навбаромад" ва Газзолиманишон мерасонем,ки хечгох челак либоси ягонаи умумиточики набуд.Шумо ба раванди таърих ва тачрибаи дар масири таърих андухтаи Точикон дар нисбати сару либос хушбин бошед.Ба гирдоби провинциализми бемоя фуру наравед. Ба ахбори окоёни "миллимаъоб"ва Газзолманишон мерасонем,ки челак усулан либоси расми(ба истилох ташрифотии точикон набуд ва вокеист,ки хонаги ва агар гуем якмахаллаию минтакалибос буд ва хаст).Хохишмандем бисёр фирефтаи бофтахои кучабозории дар нисбати сару либоси ТОчики Озода нашавед!!Точикро ин кадар бесуннату бесару либос машморед ва набояд ашрофияту Озодагии ТОчикродар нисбати сару либос фаромуш намуд.Мо сару либоси рангомезу усулан ашрофию умумиточики доштем ва дорем.Фаромуш нанмоед точикони Озодаи марказшахрхои фархангзои мо ба холи мо дохундамаъобон механданд!!! Ба Таърихи Точики Озода бо чашми биною созанда нигаред ва аз гирдоби таассубу хурофот худро эмин намоед.Бори дигар хохишмандем Точикро дар мачму хакиру бесуннат машморед.Ба тамаддуни моддии дар тули таърих андухтаатон некбин бошед!! Мо хама чиз доштем ва бояд аз он тамаддуни оламгири Точики созандаю фархангзо бо чашми созандаю такмили макбули оламиён мавриди истифода намоед!!.Дигар ба шумо андешмандию масъулиятманди дар назди тамаддуни бузурги Точики Озодаро таманно дорем!!

diplomat
ЛИБОСИ МИЛЛИ ХАТМАН ДОШТАН ДАРКОР БИГУЗОР ДИЗАЙНЕРОН АЗ ДАВРАХОИ КАДИМ ТО МАДАНИЯТИ МИНТАКАИ ФАРХАНГИИ ИМРУЗИ ТОЧИКОНРО(ХУРОСОН,САМАРКАНДУ БУХОРО, ФАРГОНАВУ ХУЧАНД, ХАТЛОНУ БАДАХШОН БАЛХУ КУНДУЗУ КОБУЛ) ОМУХТА ЯК ЛИБОСИ СИРФ МАРДОНАИ ЗЕБО ТАХИЯ НАМОЯНД ИН БАРОИ САРЧАМЪ НАМУДАНИ МИЛЛАТИ САРАФРОЗИ ТОЧИК АМРИ ХАЙРЕ МЕБУД. ШАХСАН МАН ИН НАМУД ЛИБОСРО БО ЭХТИРОМИ ЗИЕД МЕПУШИДАМ ИМРУЗ МЕХОХАМ ЛИБОСИ МИЛЛИ ПУШАМ ОН БА ИН Е ОН МИНТАКА МАНСУБ АСТ МАН НАМЕХОХАМ ТОЧИКОН КИСМАТ БОШАНД

Зеваршохи азиз! Ин помолкунии хукуку озодихои шахрвандон аст. Наход ки гап дар либос бошадаааа. Либоси арабу афгону эрони ин либоси бегонагон нест. Агар бегонааст пас пайгамбарро хам бегона гуем? КУРЪОНро хам бегона гуем?то хозир мардум ба як савол чавоб наёфтаанд. Ин хам бошад: Чаро либоси аврупои бегона несту либоси хамдинону хамзабонону хаммарзон бегона будааст? Ба фикрам аввал либосро бегона гуфта махдуд карда, охиста охиста дини Исломро, баъд Куръонро ва баъд Мухаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро ва хамин тавр дигару дигарро бегона гуфтаниянд. Эй кош ин фикри ман хато бошад. Омин!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)