Ифшои ҷосусҳои кайҳонӣ бо кумаки “Окно”-и Норак
Қушунҳои мудофиаи ҳавоӣ - кайҳонии Русия гуруҳи моҳвораҳои сунъӣ ё худ “спутник”-ҳоро ифшо кардааст, ки зери ниқоби партовҳои кайҳонӣ қаламрави Русияро назорат мекардаанд.
Дар ин бора генерал-майор Олег Майдонович, фармондеҳи қушунҳои кайҳонии Русия, 12-уми апрел, дар Рӯзи кайҳонавардон хабар дода, афзудааст, ки моҳвораҳои ҷосус ба воситаи маҷмааҳои заминӣ, аз ҷумла маҷмааи назорати кайҳонии “Окно”-и Норак ва се маҷмааи дигар дар қаламрави худи Русия ошкор шудаанд: “Ин гуруҳи моҳвораҳо ба назорати радиотехникии иншооти қаламрави Русия машғул будаанд”.
Генерали рус нагуфтааст, ки ин моҳвораҳои ҷосус ба кадом кишвар тааллуқ доштаанд, аммо таъкид намудааст, ки феълан Маркази кашшофии кайҳонии Русия шабонарӯз ҳудуди 20 ҳазор ҷирми кайҳониро пайваста назорат мекунад. Ӯ афзудааст, маҷмааҳои Русия, ки дар Нораки Тоҷикистон, вилояти Маскав, Шарқи Дур ва Карачаево-Черкесия қарор доранд, имкон додаанд, ки тамоми фазои кайҳонии атрофи Замин таҳти назорати комил бошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |