Ҳамин тавр, ҳайати ҳакамон навиштаи Уғулой Мухтороваро, ки дар нашрияи «Озодагон» бо номи «Аҳмадсоз»-Роҳ ба сӯи орзуҳо ба табъ расидааст, сазовори ҷойи дуввум донистанд. Бону Мухторова ҳам ҳаққи таҳсил дар яке аз мактабҳои таҳсилоти олии Малайзияро бо тахфифи 45 фойиз дарёфт кард. Журналистон Шӯҳрати Давлатшо ва Сайфиддин Суннатӣ бошанд, ҷойи сеюмро бо ҳам диданд.
Абдураззоқ Абдуллоев, роҳбари ширкати «Аҳмадсоз» зимни ин нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки мақсад аз баргузории чунин озмунҳо муаррифӣ намудани ширкати «Аҳмадсоз», ҳамчунин дасгирии ҷавонони лаёқатманди Тоҷикистон аст. Ӯ аз иштирокчиёни ин озмун ва аъзои ҳакамон барои заҳматашон дар баргузории чорабинӣ изҳори сипос карда афзуд, ки шурӯъ аз имрӯз ширкати онҳо озмуни вижаеро дар якҷоягӣ бо вазорати маорифи Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад. Бино ба қавли ӯ, озмуни мазкур дар мавзӯи «Намоишгоҳи таълимӣ ва аҳамияти он дар пешрафти соҳаи маориф» сурат пазируфта, дар он хабарнигорони радио, телевизион ва рӯзномаҳо метавонанд, ширкат намоянд. Шартҳои озмуни навбатиро шарҳ дода, Абдуллоев афзуд, талабот чунин аст: намоишгоҳи таълимӣ ва аҳамияти онҳо дар рушди соҳаи маориф, фаъолияти ширкати «Аҳмадсоз» дар ташкили намоишгоҳҳои таълимӣ, ҳадаф аз баргузории намоишгоҳҳои таълимӣ, таваҷҷӯҳи донишгоҳҳои ватанӣ ба намоишгоҳҳои таълимӣ, муқоисаи бахшҳои маорифи ду кишвар.
Ёдрас менамоем, ширкати «Аҳмадсоз» соли 2008 таъсис ёфта, дар тӯли фаъолияташ беш аз 300 нафар донишҷӯёни тоҷикистониро ба донишгоҳҳои гуногуни давлати Малайзия барои таҳсил сафарбар намудааст. Тавре масъулини ин ширкат иброз намуданд, ҳадафи асосии онҳо аз ташкили ширкати мазкур тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар равияҳои илмҳои дақиқ барои соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон мебошад.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Май 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |