Бахшҳо
13 апр 2015 16:13Тоҷикистон / Сиёсат

АКС: Орзуи ҷавонии Эмомалӣ Раҳмон ва насиҳат ба донишҷӯён

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баъди зуҳри имрӯз, 13-уми апрел бо беш аз 30 донишҷӯи тоҷики дар Корея таҳсилкунанда мулоқот намудааст.

Тавре донишҷӯёни тоҷик аз Корея иттилоъ доданд, мулоқот дар як фазои озод баргузор гардида, раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки ҷавонӣ зуд мегузарад ва худаш низ орзу дорад, ки мисли муҳассилин ҷавон бошад. Ӯ аз иштирокдорони мулоқот даъват намудааст, ки ба қадри ҷавонӣ бирасанд ва илм омӯзанд, чун ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон мутахассиси хуб на дар дохил ва на дар хориҷи кишвар бекор нахоҳад монд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳоло дар Ҷумҳурии Корея беш аз 100 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо даъват кард, то аз имкониятҳои доштаашон хуб истифода кунанд: “Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла иттилоъ дод, ки имрӯз танҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 30 ҳазор донишҷӯйи тоҷик дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар кишварҳои пешрафтаи қитъаҳои Аврупову Амрико ва Осиё илму маърифат меомӯзанд”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, ки дар оянда шумораи бурсияҳо (квотаҳо)-и Ҷумҳурии Корея барои донишҷӯёни тоҷик боз ҳам бештар хоҳад шуд: “Ҳамчунин масъалаи ба роҳ мондани алоқаи мустақили ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Корея мавриди омӯзиш қарор дорад. Дар ҳошияи ин мулоқот миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Донишгоҳи ҳавонавардии Корея доир ба омодасозии кадрҳои тоҷики ин соҳа созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Тавре зикр гардид, дар шароити рушди имрӯзаи соҳаи ҳавонавардӣ афзун намудани шумораи кадрҳои ҷавони ин соҳа барои Тоҷикистон басо муҳим аст”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, зимни ин мулоқот маълум шуд, ки дар Ҷумҳурии Корея беш аз 40 соҳибкори тоҷикистонӣ фаъолият мекунанд ва шумораи онҳо рӯй ба афзоиш дорад.


АКС: Орзуи ҷавонии Эмомалӣ Раҳмон ва насиҳат ба донишҷӯён

АКС: Орзуи ҷавонии Эмомалӣ Раҳмон ва насиҳат ба донишҷӯён

АКС: Орзуи ҷавонии Эмомалӣ Раҳмон ва насиҳат ба донишҷӯён

АКС: Орзуи ҷавонии Эмомалӣ Раҳмон ва насиҳат ба донишҷӯён

АКС: Орзуи ҷавонии Эмомалӣ Раҳмон ва насиҳат ба донишҷӯён

АКС: Орзуи ҷавонии Эмомалӣ Раҳмон ва насиҳат ба донишҷӯён

АКС: Орзуи ҷавонии Эмомалӣ Раҳмон ва насиҳат ба донишҷӯён

АКС: Орзуи ҷавонии Эмомалӣ Раҳмон ва насиҳат ба донишҷӯён

АКС: Орзуи ҷавонии Эмомалӣ Раҳмон ва насиҳат ба донишҷӯён

АКС: Орзуи ҷавонии Эмомалӣ Раҳмон ва насиҳат ба донишҷӯён
Мӯҳр
.Нуктасанҷ
Сӣ ҳазор доришҷӯ бо дастгирии ҳукумат дар хориҷа мехонанд?!
Яқинан иштибоҳ аст. Озодагон, иттилои бардуруғро нагузоред.
Ин қадар донишҷӯ дар хориҷа таҳсил мекарданд, Тоҷикистон Ҷопун мешуд!

Истиклол
Мо чавонони Точикистон бо шумоем Чаноби Оли.мухтарам Эмомали Рахмон

Офарин ба часорат ва неруи бузурги Чаноби Оли ПРЕЗИДЕНТИ ЧТ МУХТАРаМ ЭМОМАЛИ РАХМОН. Ташаккур барои таваччухи беандоза нисбати чавонон, нисбати миллату давлат ва арзишхои милливу, мукаддасоти точикон. Бинед дар аксхо чун фарзандони худ ба чавонон таваччух дорад. Ташаккур ба ин марди ватанпарвар.Субх ин аксхоро дидан ба куд кувваву илхоми неки ватандустиро гирифтам. Ояндаи миллати мо дурахшон бод бо сарварии ЭР

хуншуд
дар хакикатан чаноби оли хизмат барои маллт карли офари .Нуктасанҷ,
.Нуктасанҷ,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)