Уфти қурби рубли русӣ баъди ҷаҳиш дар Душанбе
Қурби 1000 рубли русӣ, ки охири ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон то 123-124 сомонӣ боло рафта буд, оғози ҳафтаи равон дубора коҳиш ёфтааст.
Имрӯз, 13-уми апрел дар нуқтаҳои мубодилаи асъори маркази шаҳри Душанбе 1000 рубли русӣ 118-120 сомонӣ арзиш дорад. Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи равон арзиши 1000 рубл ҳудуди 110-112 сомонӣ ва аз ин пештар то 80 сомониро ташкил медод.
Болоравии қурби рубл дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки беш аз 1 миллион сокини кишвар дар қаламрави Русия кору фаъолият карда, музди меҳнатро бо рубл мегиранд ва аз қурби ин асъори хориҷӣ ҳаҷми даромади муҳоҷирон ва мутаносибан иқтисоди Тоҷикистон вобастагии калон дорад.
Қаблан Бонки Миллии Тоҷикистон эълон карда буд, ки қариб 90 дарсади маблағҳо аз Русия бо асъори рубл ворид мешаванд. Ба иттилои ин ниҳод дар соли 2014 ба ҷумҳурӣ 3,9 миллиард доллари амрикоӣ ворид шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 8,3 фоиз кам аст: “Аз ҳаҷми умуми маблағҳое, ки аз Федератсияи Русия ба ҷумҳурии мо ворид шудаанд, 89,1 фоизро рубли русӣ, 10,8 фоизро доллари ИМА ва 0,1 фоизро Евро ташкил медиҳад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |