Шикояти сокини 20-солаи Данғара аз таҷовузи гуруҳӣ
Як ҷавонзани 20-сола аз ноҳияи Данғара ба Вазорати умури дохилии Тоҷикистон муроҷиат карда, арз доштааст, ки гуруҳи ҷавонон дар ҳудуди Теппаҳои-Шарқии шаҳри Душанбе ба номусаш таҷовуз кардаанд.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ин ҷавонзани 20-сола изҳор доштааст, ки ҳодисаи таҷовуз ба номус 12-уми апрел, тахминан соати 22.00 дар ҳудуди Теппаҳои-Шарқии шаҳри Душанбе сурат гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ дар пайи муроҷиати ин ҷавонзан гуруҳи тафтишотӣ ҷавонони 20-у 19-сола ва ноболиғи 17-сола - сокинони ноҳияи Рӯдакиро муайян ва дастгир намуд, ки дар содир намудани ин ҷиноят муттаҳам мешаванд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши ҳодиса идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |