Бахшҳо

Барқчиёни маҳаллӣ ба кадом "президент" итоат мекунанд?

Гуфтем, ки ҳеч бовар накарданист, ки барқчиҳо ними шаб ба таъмир бароянд. Гузашта аз ин агар «Барқи Тоҷик» дастур надодааст, пас чаро қариб дар аксари минтақаҳо баъди соати 23:00 барқ хомӯш мегардад? Таги коса нимкосае ҳаст, ки мо намедонем?

 



«Борон нагузашта боз борон-борон»


Ҳанӯз дарду алами «лимитҳои шадиди баҳорӣ», ки ҳамагӣ баъди як рӯзи эълони анҷоми реҷабандии нерӯи барқ шурӯъ гардид ва ҳафтаҳо мардумро аз дидани равшании «иличӣ» маҳрум кард, аз ёдҳо нарафта, дар аксари навоҳии кишвар лимити тирамоҳӣ оғоз шудааст. Сокинони навоҳии Ҳисор, Шаҳринав, Ваҳдат, Файзобод аз аввалинҳое буданд, ки «шаҳд»-и лимитҳоро чашиданд. Дар ин минтақаҳо баъди соати 23:00 барқ хомӯш мегардад ва  соатҳои 5 ё 6-и субҳ рӯшан мешавад. Рӯзона низ баъзан чанд соате «торикӣ» дар ин макон хукмфармост. Аммо танҳо ноҳияҳои тобеи марказ «туҳфаҳои тирамоҳӣ»-и шабакаҳои барқиро нагирифтаанд. Дар Хатлону Суғд низ вазъият чунин аст. Дар ҳоле мардуми рустоҳо барқро аз тариқи реҷа мегиранд, ки касе онҳоро қаблан огоҳ накардааст.


Ширкати «Барқи Тоҷик» бошад, мисли ҳамешагӣ вонамуд мекунад, ки гӯйё чизе нашудааст. Нахуст аз ин ниҳод гуфтанд, ки ҳоло дастури ҷорӣ кардани лимит содир нашудааст. Баъдан, сӯхангӯи ин ширкат эълом дошт, ки барқхомӯшкуниҳо шояд бо сабаби корҳои таъмирӣ сурат мегирад.


«Хомӯш намудани нерӯи барқ ҷиҳати омодагӣ ба мавсими зимистони дар пешистода рабт дорад»,-гуфтааст, Нозирҷон Ёдгорӣ ба расонаҳои хабарӣ.  Аммо аз барои савоб ба ин ҳарфҳои сухангӯи «Барқи Тоҷик» бовар мекунед? Яъне, бовар доред, ки кормандони шабакаҳои барқи ноҳияҳо баъди соати 23:00 дасту остин барзада, ба таъмиру тармим машғул мешаванд?


Барқчиҳои маҳаллӣ супориши кадом хоҷаашонро иҷро мекунанд?

«Барқи тоҷик» мегӯяд, фармони тибқи реҷаи муайян додани нерӯи барқро ба минтақаҳо Барқчиёни маҳаллӣ ба кадом "президент" итоат мекунанд?надодаанд. Пас, барқчиҳои навоҳӣ фармони кадом «хоҷа»-и худро иҷро мекунанд? Агар лимит эълон нашуда, мардумро аз барқ чанд соат маҳрум мекунанд, пас яқинан вақте «Барқи Тоҷик» расман мегӯяд, ки чирабандӣ шурӯъ мегардад, шояд умуман бебарқӣ ҳукмфармо шавад? Бовуҷуд ин барои сокинони кишвар ҳодисаи наве нест. Онҳо аллакай одат кардаанд, ки чандин ҳафтаҳо бидуни равшании нерӯи барқ зиндагӣ кунанд. Аммо моро амали ҳокимиятҳои маҳаллӣ ё масъулини шабакаҳои барқи ноҳияҳо ба ҳайрат мегузорад. Амали онҳо мақоли «худам шоҳу табъам вазир»-ро ба хотир меорад. Яъне, агар онҳо бо фармони «Барқи Тоҷик» барқро хомӯш намекунанд, пас супориши киро анҷом медиҳанд? Гуфтем, ки ҳеч бовар накарданист, ки барқчиҳо ними шаб ба таъмир бароянд. Гузашта аз ин агар «Барқи Тоҷик» дастур надодааст, пас чаро қариб дар аксари минтақаҳо баъди соати 23:00 барқ хомӯш мегардад? Таги коса нимкосае ҳаст, ки мо намедонем?


Дар ҳоле, ки сухангӯи «Барқи тоҷик» мегӯяд шояд барқхомӯшкуниҳо барои таъмиру тармим бошад, дар ҷануби кишвар гапи дигар мегӯянд. Маҳмад Самадов, муовини сардори шабакаҳои барқи ҷануб гуфтааст, ки «ҷорӣ кардани махдудияти нерӯи барқ мувофиқи супориши муовини сардори ширкати «Барқи тоҷик» ба хотири сарфаи нерӯи барқ ва пур кардани обандори нерӯгоҳи «Сангтуда-2», ки бояд то охири сол пурра ба кор андохта шавад, роҳандозӣ мешавад».


Шояд масъулин дарк намекунанд, ки бидуни огоҳии пешакӣ хомӯш кардани барқ боиси он мешавад, ки косаи сабри мардум, билохира лабрез мешавад…Сабру таҳаммул ҳам андоза доштагист, ё хато мегӯем?


Ёди рӯзгори ширин ва ҳам талх…


Барқчиёни маҳаллӣ ба кадом "президент" итоат мекунанд?Зимистони соли гузашта барои ҳама хотирмон буд, махсусан барои мардуми деҳоти дурдаст, ки дар сардиҳои 15 соли пеш моҳҳо аз дидани равшании барқ маҳрум буданд. Соли гузашта дар зимистон мардум ҳарчанд шабонарӯзӣ ҳам набошад, ҳадди аққал бештар аз 10 соат барқ мегирифт. Ба ин хурсандии онҳо хурсанди дигар илова шуд, замоне, ки «Барқи Тоҷик» расман эълон кард, ки лимитро пурра барҳам задаанд. Аммо мутаасифона, ин хурсандӣ дер напоид. Баъди ин хушхабар барқ якбора нопадид шуд ва ин навбат ба пуррагӣ. Боз такрори солҳои гузашта. Мардуме, ки дар зимистон тамоми захираи аловии худро масраф карда буданд, дар ҳолати ногуворе қарор гирифтанд. Аммо масъулин бепарвоёна гуфтанд, ки бо айби камшавии об маҷбур шуданд чунин тасмим бигиранд. Имсол гуноҳро ба гардани кадом офати табиӣ мезада бошанд?


Бо ин ҳол аз ширкати «Барқи Тоҷик» мегӯянд, ки зимистони имсола низ реҷаи нерӯи барқ аз соли гузашта бадтар нахоҳад шуд. Яъне, сокинон ҳудуди 12 соат барқ мегиранд. Марказҳои шаҳр ба таври пурра бо барқ таъмин хоҳанд шуд. Ин ваъда бо чормағзи пуч домани аҳолиро пур кардан аст ё воқеият ҳамагӣ баъди як моҳи дигар маълум мешавад (соли гузашта аз моҳи ноябр расман аз ҷорӣ шудани лимит хабар дода буданд), ҳарчанд мегӯянд соле, ки накӯст аз баҳораш пайдост. Барои мардуми оддӣ, бахусус рустонишинони Тоҷикистон ҳам баҳор ва ҳам тирамоҳ чандон накӯ набуд. Ку бубинем «сюрприз»-и зимистона барои онҳо аз сӯи масъулини «Барқи Тоҷик» чӣ мешавад. Интизор (ме)шавем? Нашуда ҳам чӣ мекардем…


Абдулазизи Восеъ{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)