“Барқи тоҷик” гуфт, лимити рӯзонаи барқро лағв кард
Ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, сар аз имрӯз, 5-уми март лимити рӯзонаи барқ дар навоҳии Тоҷикистон лағв мешавад.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик”, мегӯяд, сар аз имрӯз мардуми навоҳии Тоҷикистон аз соати 5:00-и субҳ то соати 23:00-и шаб пурра бо барқ таъмин хоҳанд шуд.
Дар мавриди санаи лағви пурраи лимит дар Тоҷикистон Ёдгорӣ таъкид кард, ки бо назардошти носозгориҳои эҳтимолии табиат ҳанӯз дақиқ нест. Ӯ афзуд, ки “Барқи тоҷик” ният дорад, таъминоти муштариёнро бо барқ зина ба зина зиёд намуда, лимитро нисбат ба солҳои пеш барвақттар бартараф кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |