Сафири Арабистони Саудӣ Тоҷикистонро тарк кард

Бандар Муҳаммад Ҷамил Аҳмад Маҳмуд, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ба хотири поён ёфтани ваколати дипломатияш шаҳри Душанберо тарк кард.
Дар ин бора ба “Озодагон” аз дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, ҳанӯз маълум нест, ба ҷои ӯ кӣ дар курсии сафирии Арабистони Саудӣ дар Душанбе хоҳад нишаст.
Бандар Муҳаммад Ҷамил Аҳмад Маҳмуд 59 сол дорад, ба ҳайси нахустин сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон моҳи январи соли 2011 вориди Душанбе шуда буд.
Ӯ фориғуттаҳсили Донишкадаи дипломатии шаҳри Риёз буда, то омадан ба Тоҷикистон дар курсии сафирии кишвараш дар Покистон ва Эрон такя мезад. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз давлатҳои арабие мебошад, ки истиқлолияти Тоҷикистонро моҳи январи соли 1992 эътироф карда, 22 феврали соли 1992 байни Душанбею Риёз муносибатҳои дипломатӣ барқарор шудааст.
Арабистони Саудӣ нахустин кишвари арабӣ мебошад, ки моҳи январи соли 2010 намояндагии дипломатии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намудааст. Сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар ҳанӯз аз моҳи сентябри соли 2008 ба фаъолият шурӯъ карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |