Бахшҳо

ВИДЕОИ гирдиҳамоии 15-уми апрел ва изҳороти эътирозгарон

Як гуруҳ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки 15-уми апрел дар баробари сафорати Олмон дар Душанбе гирдиҳамоии эътирозӣ барпо карданд, бо пахши як изҳорот тақозо кардаанд, ки Ҳукумати Олмон барои иҷоза додани баргузории эътироз дар Берлин ба гурӯҳҳои экстремистии “Ватандор”, “Гуруҳи 24” ва “Тоҷикистони нав” аз мардуми Тоҷикистон узр пурсад.

Ин гуруҳ, ки дар баробари сафоратхонаи Олмон дар Тоҷикистон даст ба як эътирози кӯтоҳмуддат зада будаанд ва мушаххас нашуд, ки чӣ мехостанд, як изҳоротеро бо номи “Изҳороти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди сафоратхонаи Олмон” дар сомонаи ҳафтаномаи “Фараж” соати 21.26 шаби 15 ба 16 апрел нашр кардаанд. Дар матни изҳорот омадааст, ки он аз номи 500 нафар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, ки 15.04.2015 дар назди сафорати Олмон воқеъ дар шаҳри Душанбе ҷамъ омадаанд, вале аз ному насаби муаллифон ва ё ҳамон 500 нафар ишорае нест.

Зикри 500 нафар дар ҳолест, ки худи сафорати Олмон ва шоҳидони ҳодиса дар суҳбат бо “Озодагон” теъдоди эътирозгарони рӯзи 15-уми апрелро ҳудуди 15-20 нафар гуфта буданд.

Дар ҳамин ҳол дар матни изҳорот 4 талаби асосӣ пеш гузошта шудааст. Муаалифони изҳорот талаб кардаанд, ки Ҳукумати Олмон барои иҷоза додани митинг ба Шарофиддин Гадоев ва Додоҷон Атовуллоев ва дигарон дар Берлин аз мардуми Тоҷикистон узр пурсад ва бо ин ки Олмон мисли Тоҷикистон узви пулиси байналмилалӣ интерпол мебошад, ин нафаронро дастгир кардаву бо роҳҳои дипломатӣ ба Тоҷикистон супорад.

Ҳамчунин дар ин изҳорот талаб шудааст, ки “зарари моддӣ ва маънавие, ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шудааст аз ҷониби чинояткорони дар кофтукови байналмиллалӣ қарордоштаи «Гурӯҳӣ-24», ки айни замон дар Олмон паноҳ бурда истодаанд,талаб менамоем, ки пурра барқарор карда шаванд”.

Талаботи 4-уми муаллифони изҳорот зоҳиран нокомил баён шудааст ва мушаххас нест, ки онҳо чӣ мехостаанд.

Бояд гуфт, ки рузи 14 апрел як гуруҳ шаҳрвандони Тоҷикистон, роҳбарони баъзе гуруҳҳои мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон аз қабили “Ватандор”, “Гуруҳи 24”, “Озодӣ ва Адолат” ва “Эҳёи Тоҷикистони нав” дар баробари сафорати Тоҷикистон дар Берлин гирдиҳамоӣ доир намуда, хостори истеъфои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва озодии маҳбусони сиёосиву хатми шиканҷаву дигар маҳдудсозиҳои Ҳукумати Тоҷикистон аз назари муътаризон шуданд.


ВИДЕОИ ГИРДИҲАМОИИ 15-УМИ АПРЕЛ ДАР НАЗДИ САФОРАТИ ОЛМОН ДАР ДУШАНБЕ

Мӯҳр
ин зан касалии рухи дорад ё аз кадом намуди занбуруг истеъмол мекарда бошад? чи ки набошад, холаташ он кадар хуб нест.

Инҳо агар одоб ва тамиз медоштанд сафирро ҳақорати қабеҳ намекарданд!!! Аз дидани ин навор дилам шӯрид. Ҳайфи ҷавовононе ки инҷо иштирок доштанд ва бадахлоқии худро ба намоиш гузошта хостанд миллатро ингуна нишон диҳанд.(((((((((((((((((

Занхои бадбахти рохгумзада...ай и митинг каданда бадбахто брен тарбияи фарзандотора кнен,зани ки овозш ика баландай икадар бешармай ай ихеел зан чихел фарзанд шава???
занхои точик хич вакт аз ихел зан ибрат нагиреен!!!!
Худованд Точикистона аз ин гуна бадбахтон нигах дор..

хахахахахахха, базарные бабы Фабрикаи чавоб )), аку ин чавоб ба хамоиши дар Олмон гузашта буд а ?! ИН хукумат бало )) шатранч бози доранд. Ба Олмон намекки агар бо ичоза дихандки мухолифи хукумати ЧТ дар ин кишвари О. ба чунин гирдихамои ичоза дихаду пешгири накунад бинки "Базарные бабы" харруз паси дари сафоратхонаат дар Точикистон иззу шууувв мекунанд ))))

усмон
Инхо чи гуфтанашонро намедонанд як бора шарманда карданд милатро бо сунгу бо харасту тараст шарманда кардед милатро

Некбахш
Ин зан хатман бояд оби тахорати "Шайх Темур"-ро истеъмол кунад, ки то ки чинду ачинахояш дур гардад.

Занхои бадбахти рохгумзада...ай и митинг каданда бадбахто брен тарбияи фарзандотора кнен,зани ки овозш ика баландай икадар бешармай ай ихеел зан чихел фарзанд шава???

Плакатхоро холям пештар барен, ки бубинанд.Ха ха ха

Ватандор
Офарин Гурдофариди замон! Ин Зани бузург миллати моро аз терористон мухофизат дорад, мардон бошанд дар сайти озодагон шишта гайбат доранд. Вой мардуми рахгумзадаааа

э
Ватандор,

Ватанро бо хамин рох мухофизат мекунанд? Занхои бесаводи бадбахтро чаро ба он чи мефиристед? худатон гурдаи рафтан надоред?

ба фиркам ин занхоро аз касалхонаи рухии куктош оаврданд.

ин чавононро бояд облаваи аскари кард ки бехудаву бахуда дар кучахо харасу чаррас назанду рафта хизмати харбии ватанро бикунанд. Ин занхо ба фикрам Атовуллоевро ошик шудаги , ки ин кадар уро мехоханд.

Dev
Ватандор,
Agar inho Gurdofarid boshand , pas voj bar holi tu borin Rustam.Olmon yak davlati demokratist , hama ozodand ham baroi harf zadanu ham baroi miting orostan.Aknun Olmon baroi yak namoishi zanhoi az partobgoh eftai "tojikon" konunhoi demokratii hudro zeri domani in zanho rust kunad? Hesti ki hobi!

Кулоб
Ватандор!!! Аз тубарино безорем)))

Э мардуми нофаҳм, аз дасти мана ҳамун Додоҷон Атовуллоев чи меояд. Агар мард мебур дар Тоҷикистон худ истода бо ҳамроҳии халқу миллати худ баҳри беадолати мубориза мебурд, аммо вай ҳамчун подлий трус гурехта ба хориҷа рафта дигаронро аз ҳар тараф фас андохта истодааст. Ба Шмо чи намерасад, ки ин қадар ба гирдиҳамоиҳо ҷамъ омада, баҳсу муноқиша мекунед, хубтараш рафта намозу руза, ва ба тарбияи фарзандони худ машғул шавед, шукронаи Худо давлат тенҷ алҳол, фарқ чи сари қудрат ки омадагӣ. Шукронаи Худо ҳама соҳиби ҳама чи ҳастед, ба хориҷа озодона меравед, бо телефони мобили аз ҷойи нишастаги сӯҳбат мекунед, шаб тинҷакак хоб меравед, бо чи даркор ба шумо.

Ватандор,
ба фикрам худи Парвардигор хам аз шумоен безор аст. беватанхо!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)