Бахшҳо

Сафорати Олмон: Эътирозгарон намедонистанд чӣ мехоҳанд

Сафорати Олмон дар Тоҷикистон бо пахши изҳороте таҷаммӯи як гуруҳ занону ҷавононро дар назди бинояш шарҳ дода, гуфтааст, гирдомадагон бисёр эҳсосотӣ ва бадхашмона рафтор намуда, худашон намедонистанд, чиро мехоҳанд.

Тавре аз сафорати Олмон ба "Озодагон" иттилоъ доданд, гирдомадагон ҳудуди 15-20 нафарро ташкил дода, аксарашон занону ҷавонон буданд: “Аз додзаниҳояшон маълум набуд, ки онҳо барои чӣ ё зидди чӣ баромад мекарданд. Сафири Олмон Холгер Грен изҳори омодагӣ кард, ки ду намояндаи эътирозгаронро қабул кунад, аммо ин натиҷае надод, чун онҳо бисёр эҳсосӣ буданд ва сафорат ба далоили амниятӣ дарҳояшро накушод”.

Сафорат афзуд, ки гирдомадагон бадхашмона рафтор карда, панҷара ва тирезаҳои зиреҳпӯши сафоратро мекӯфтанд: “Аммо талабу сабаби гирд омаданашон номаълум боқӣ монд ва мо метавонем, танҳо фарзияҳои худро дошта бошем”.

Маврид ба зикр аст, ки як гуруҳ шаҳрвандони Тоҷикистон имрӯз, 15-уми апрел, тақрибан соати 11:10 дақиқа дар назди сафорати Олмон дар Душанбе гирдиҳамоӣ карданд, ки бо боздошти се нафар анҷомид.

Тавре шоҳиди таҷаммӯъ ба “Озодагон” иттилоъ дод, гирдомадагон 10-12 нафарро ташкил медоданд, ки аксарашон занон буданд: "Ҳудуди 15 дақиқа ҳайоҳуй карданд, ки маъмурини пулис низ ба ҷои ҳодиса расиданд. Озодӣ, озодӣ, озодӣ гуфта дод мезаданд, аммо маълум набуд, ки чӣ гуна озодӣ. Фақат ҳамин калимаро такрор ба такрор мегуфтанд. Баъдан пулис се занро, ки дар даст овезае доштанд, боздошт карда, бурданд. Ростӣ надидам, ки дар овеза чӣ навишта шуда буд. Хулоса баъди чанд дақиқа пулис ҳамаро пароканда кард". Гуфта мешавад, дар овезае, ки эътирозгарон дар даст доштанд, шиор алайҳи созмонҳои мухолифи ҳукумат, аз ҷумла "Гуруҳи 24"-экстремистист, навишта шуда буд.

Дар ҳамин ҳол хабарнигори "Озодагон", ки соати 11:40 дақиқа, ба назди бинои сафорати Олмон расид, касеро надид, на аз маъмурин ва на аз гирдомадагон осоре набуд.

Ин қазия дар ҳолест, ки дирӯз 14 апрел дар рӯбарӯи сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Берлини Олмон даҳҳо нафар аз тарафдорони Эътилофи нирӯҳои мухолифи “Тоҷикистон нав” гирди ҳам омада буданд.

Онҳо дар даст шиор озодии маҳбусони сиёсӣ ва хатми шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистону саркӯби мухолифин дар кишварро талаб карданд.
Мӯҳр
хайрон нашавед ин занхои амният хастанд, ки барои чунин спектаклхо маош мегиранд. Сахнаро каме нодуруст нишон доданд мебоист боз худашонро медарронданд ва муйхояшонро меканданд ва руяшонро хуншор мекарданд лек ба фикрам саросема шудаанду фаромуш карданд. шармандахо.

Наздик
Ба гуфти баъзе шохидон, занон дод мезадан ки ба чавонон шахрвандии Германияро диханд)).

Сомон аз н. А. Чоми
Хад,,ки бо душмании халк равон аст, чу бахр,
Зуд бошаД,КИ САРИ ХЕШ ЧУ ГРДОБ ХУРАД.
хАМВАТАНОН. ободии ватан аз ватандорон вобаста аз он, охир кабули шахрвандони хешро дорост. Охи хами немисхо набуданд,ки соли 19941 ба хоки собик давлати мо хучуми огахони карданду зиёда аз 20 миллион шахрвандона нобуд карданд,ки мо точикон имруз тагдирамона ба хамин захоккони дохили кишвар месупорем. Вой бар холи мо , охир мо точикон Рохбар доем, Хукумат дорем, Ватан дорем. Айбу шармандагист, барои хифзи хукухои хеш аз ачабиён умед доштан. Биёед, кодам точику Точикистоние набошад, новобаста аз мансабу миллату махал, хотири ояндаи миллату давлатамон як

Сулаймон
Бовар кунед бисёр зиёд хандаовар о пешаки ягончи ёдашон дода баьд пеши сафорат рои мекардед занони бад хашмро)))

эх шармандахо, занони беобру, мардони буздил. Ана ин кавмча хамаро шарманда карду монд. Албатта олмонихо инро чидди намепиндоранд, аммо барои мо ин як минуси калон шуд. Олмонихо таи чандин сол мактабу беморхонахои нохияхои дурдасти ватанамонро таъмиру такмил медиханд, пулу обдав месозанд. Ин хамааш ройгон аст. Мо бошем хамин тавр))) арзи сипос менамоем. Акл нест. Ин "хамоиш" ба хадафаш нарасид, аммо як хадафи манфи барои Точикистони азиз пешовард. Боз ба бумбасти иктисодиву ичтимои дучор мешавем. Олмон ин яке аз давлатхои калиди барои Точикистон ба шумор меравад. Москва аз ин кор хеле хурсанд мешавад. Эхтиёт шавед чанобон! Хама аз мо безор мешаванд.

сино
Сомон аз н. А. Чоми,
Аввал додар хондану навистана ёд гир баъд дигаронро насиҳат кун.Ҳукумат дорем ватан дорем соҳиб дорем воҳима накун.Ҳукумат ба гайр аз часпидани сатру риш дигар коре надорад, ватан медоштем тоҷикон хориҷа коркуни намерафтанд,соҳиб медоштем миллат дар ҷаҳон зери хандаву куштани дигарон намегашт.Эҳ додар сухан бисёр беҳтараш хомуш бош.

Олмон тарафдори терористон !!!

Хангоми аз назди сафоратхонаи олмон мегузаштам гурухи одамон ки тахминан аз 300-400 нафар, ки аз зану мард иборат буданд дар даст шиорхо овезон бо навиштачоти «ДОДОЧОНИ АТОУЛО» террорист «ШАРОФИДДИН ГАДОЕВ» экстримист ва Германя химоятгари терористону экстримистон мардум даъвои Додочону Шарофидин ва аъзоёни «гурухи 24»-ро хамчун террорист экстримист хонда мегуянди ин хо хоинони милат чаро дар розыск мебошанд аммо олмон онхоро дастгир нею химоят мекунанд даъвои мардуми чамъ омада хамин буд ,ки назди сафир даромада чунин иброзхо намоянд

Эй мардум мо медонем ки ин касофатхо (додочону шарофидин) гамии моро намехуранд инхо хиёнаткоранд оромии точикистони азизи моро намехоханд оз хоб бедор шавед ин харомихо ба монанди умарали кувватов мардумро ба гумрохи мебаранд

Хангоми аз назди сафоратхонаи олмон мегузаштам гурухи одамон ки тахминан аз 300-400 нафар, ки аз зану мард иборат буданд дар даст плакатхо овезон бо навиштачоти «ДОДОЧОНИ АТОУЛО» террорист «ШАРОФИДДИН ГАДОЕВ» экстримист ва Германя химоятгари терористону экстримистон мардум даъвои Додочону Шарофидин ва аъзоёни «гурухи 24»-ро хамчун террорист экстримист хонда мегуянди ин хо хоинони милат чаро дар розыск мебошанд аммо олмон онхоро дастгир нею химоят мекунанд даъвои мардуми чамъ омада хамин буд ,ки назди сафир даромада чунин иброзхо намоянд

.Имруз дар таърихи 15.04.2015 зиёда аз 500 нафар шахрвандони Точикистон дар назди сафорати Олмон дар шахри Душанбе чамъ омада, онхо аз намояндагии сафорати Олмон дар Точикистон талаб намуданд, ки Додочон Атовулло рахбари созмони «Ватандор» ва рохбари «Гурухи-24» Гадоев Шарофидин, ки хамчун террорист дар кофтукоби байналмилали карор дорад дастгир карда ба макомоти дахлдори Точикистон супурда шавад. Зеро онхо ороми ва суботро дар Точикистон намехоханд.

Чаро гурухои экстремистии зиди точикистон махз дар Олмон зиди Точикистон гирдихамои карданд???? Мардуми точикистон бедор шуда истодаасту алакай тарзи хифз намудани ватани худро дарк карда истодааст. Албата давлатхои шарк дар ташкил намудан идора ва рохнамоии гирдихамои хамто надоранд.

Хулоса Ватанро аз даст надихед, ягон хочагони хоричии Шумо ба точикистон фоидае намеоранд. Ин аблахон гурухи 24 ва гайра ва гайра бошанд мехоханд точикистонро тору мор кунанд. Албата барои гиридихамои дар назди сафорати точикистон дар олмон ин гуруххои экстремисти аз макомотхои кудратии Олмон ичозат гирифтаанд максаду мароми худро иброз намудаанд. Алата макомотхои Олмон медонистанд, ки ин ташкилотхо зиди точикистони сулххох кор мекунанд, бар зами ба онхо ичозат додааст ки гирдихамои кунанд. Демократия ???? Курси мехоханду молу пул инро Олмон хуб медонад. Барои хамин занхои баруманди Точикистон ба пеш!!

Э ба амният кор нагир. ин амният ҳаст ки ту барин дар хона мисли гусфанди кард хоб меравӣ. ай бк саводи ва беақли ҳолу рузе надори

Ба сомон аз н. А. Ҷоми гуфтани ҳастам, ки мумкин вай бесоҳи бошад, аммо шукронаи оромию омудагии ин давлат мекунед. дар вақташ мехонди соҳиби маълумот мешуди ба хориҷа ба кор намерафти. аз дастат бало кор намеоянду баъд ватану милата гунаҳкор мекуна ту барин ношукрибанда. садқаи нону хоқи ватани азиз шав, агар Тоҷикитсон намефората рав Хитойда зиндаги кун.

bevahoi ahmakхахаха,
хахаха,

Ман аз чунин инсонхо ор мекунам. Барои хокимият шуда на балки худро балки тамоми точиконро нест мекунанд. Нест шаванд экстромистхо. Рохбари ягонаи мо ин Эмомали аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)