Бахшҳо
12 июн 2014 18:23Тоҷикистон / Сиёсат

Изҳороти Робин Орд-Смит дар бораи сангпартоӣ ба сафорати Бритониё

Робин Орд-Смит, сафири Бритониё дар Тоҷикистон, 12 июн бо пахши изҳороте ҳодисаи сангпартоии ду рӯзи пеш ба сафорати кишвараш дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаро шарҳ додааст. Оқои Смит, ки ҳангоми рух додани ҳодиса дар Хоруғ буд гуфтааст, ҳарчанд сафорату ҳукумати Бритониё тарафдори озодии баён ва эътирозҳои осоиштаанд, вале аз он дар ташвишанд, ки тазоҳургарон талош доштанд, ба сафорат зиён расонанд.

“Ман метавонам тасдиқ кунам, ки дар ин ҳодиса ягон корманди сафорат зарар надидааст ва мо аз мақомоти тоҷик барои он ки эътирозгаронро дар вақташ пароканда кардаанд, миннатдорем”,-омадааст дар изҳороти сафир. Робин Орд-Смит гуфтааст, ин эътироз дар ҳоле баргузор шуда, ки онҳо қаблан дар боарои он ягон номае дарёфт накарда буданд. Бо ин ҳол, ба қавли оқои Смит, сафорати Бритониё ҳамеша барои ҳамкории созанда бо ҷомеаи шаҳрвандӣ омода аст.”

Дар ҳамин ҳол, бино ба итттилои расмӣ, Рамазон Раҳимзода -- вазири умури дохилии Тоҷикистон барои таҳқиқи бетартибӣ дар назди сафорати Бритониё дар Душанбе гуруҳи махсуси корӣ таъсис додааст. Роҳбарии ин гуруҳи кориро генерал-майори милиса Умарзода Икром Ислом, муовини вазири умури дохилӣ, бар дӯш дорад.

Як гуруҳ, ки аксарияташонро занон ташкил медоданд, баъд аз зуҳри 10 июн дар назди бинои сафорати Бритониё дар Душанбе даст ба эътироз заданд. Тавре шоҳидони ҳодиса ба “Озодагон” гуфтанд, эътирозгарон ба сӯи бинои сафорат сангпартоӣ намудаанд. Дар пайи ин мақомоти умури дохилии ноҳияи Исмоилии Сомонии пойтахт эълон карданд, ки даҳ тан аз занони эътирозгарро боздошт намудаанд.
Мӯҳр
Дах тан занони тахозуротгар боздошт шуда, холо дар боздоштгохи хукумати дар Хучанд ''Бахористон'', истирохат доранд.Ногуфта намонад ояндаи наздик боздоштшудагони казияи Тухмпартои ба Кабири низ онхоро хамрохи хоханд кард

мардак
щояд ин аввалин шулаи эътирозхо бошад

Вайс
ЯК ИЗХОРОТУ ДУ ФИКРИ МУХТАЛИФ...
сафорату ҳукумати Бритониё тарафдори озодии баён ва эътирозҳои осоиштаанд
мо аз мақомоти тоҷик барои он ки эътирозгаронро дар вақташ пароканда кардаанд, миннатдорем

ин гурухи занони чанчоли дар дафтари зоиров ва боз митинги зидди абдуллочоновро ташкил карда будаанд.

хаххаа "занони эътирозгар боздошт ва мукофотонида шуда, барои накшахои оянда омода шаванд, барои ичрои ин тазохурот барои тахкики бетартиби дар назди хамаи сафоратхо дастгиркунандагон ба ин тазохургарон сипосгузоранд....

Вайс,-сафорату ҳукумати Бритониё тарафдори озодии баён ва эътирозҳои осоиштаанд мегуяд ин сафири шайтонбашара, аммо барои чи ки эътирозгаронро дар вақташ пароканда кардаанду ва у боз миннатдор будааст аз он ки эътирозгаронро дар вақташ пароканда кардаанду нагузоштаанд токи онхо фикрашонро озодона баён кунанд. Инро чихел фахмем?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)