Эълони озмун дар шаҳрдорӣ баъд аз тағйироти кадрии Убайдуллоев
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар дастгоҳи раиси шаҳр озмун эълон кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, айни замон дар дастгоҳи раиси пойтахт мансабҳои муовини роҳбари дастгоҳ, мудири шуъбаи кадрҳо ва мудири шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи раис холӣ буда, барои ишғоли онҳо озмун эълон шудааст.
Манбаъ мегӯяд, озмуни мазкур аз 20 апрел то 20 майи соли равон идома ёфта, “дар он довталабоне ҳаққи ширкат доранд, ки маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона дошта бошад”.
Эълони озмун дар шаҳрдории Душанбе дар ҳолест, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев баъд аз боқӣ монданаш дар курсии раҳбарии пойтахт аз тағйироти кадрӣ дар ниҳоди таҳти раҳбарияш хабар дода буд. Убайдуллоев он замон гуфта буд, “ояндаи наздик бо роҳандозии таҳлили амиқи фаъолияти тамоми субъектҳои хоҷагидорӣ дар шаҳр, шурӯъ аз роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ нисбати масъулин оид ба мутобиқат дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ тадбирҳои кадрӣ андешида хоҳад шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |