Бахшҳо

Интиқоди ноиби муфтӣ аз наворҳои фаҳш ва зинои “ҳизбиҳо”

Домулло Сайид Акбар, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, имрӯз, 17-уми апрел дар хутбаи намози ҷумъа дар масҷиди марказӣ аз зинокории бархе аъзои аҳзоби сиёсӣ дар кишвар интиқод намуд.

Домулло Саийд Акбар аз ҷумла изҳор дошт, “баъзе бародарони мо, ки узви ҳизбҳои сиёсиянд, аз номи Ислом дар арсаи ҷаҳонӣ суҳбат мекунанду худ даст ба зино мезананд”. Муовини муфтӣ наворҳои фаҳши нашршударо зикр карда, афзуд, ки он чӣ дар ин наворҳо намоиш дода мешавад бисёр нанговару боиси таассуф аст.

Ин таъкиду таассуф дар ҳолест, ки тайи моҳҳо охир дар шабакаи интернет ва баъзан тариқи телевизионҳои давлатӣ наворҳои фаҳше пахш мегардиданд, ки қаҳрамонҳои онҳо узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд. Аммо бархе соҳибназарону масъулини ҲНИТ ба ин ақидаанд, ки ин маъракаи махсус барои коҳиши нуфуз ва ё умуман барои барҳам додани ҳизб роҳандозӣ шудааст.

Чанд ҳафта қабл Домулло Сайид Акбар дар хутбаи намози ҷумъа хостори расман барҳам додани Ҳизби наҳзати исломии кишвар шуд.

Ӯ аз сокинон хост, аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кунанд, то бо баргузории як раъйпурсии умумихалқӣ ба фаъолияти ҲНИТ хотима бахшида шавад: “Ҳизбҳое, ки номи Исломро барои худ шиору парчам карда, ин исми покро доғдор мекунанд, ин гуна ҳизб барои ҳеч касе лозим нест. Бахусус барои мардуми шарифи Тоҷикистон. Паёмбари Ислом (с) дар тули ҳаёти худ ҳеч равияеро ба майдон наовардаанд ва ин бар он далолат мекунад, ки чизеро Худованд ва ё ӯ амр накардааст, барои мо лозим нест”.

Ӯ дар идома бори дигар солҳои 90-ум дар Тоҷикистонро ёдовар шуда, гуфт, ҳанӯз аз ин солҳо замони зиёде нагузоштааст ва бояд ба қадри ин сулҳу суботи кишвар бирасем. Муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар хитоб ба намозгузорон гуфт, ҳеч тағйиротеро аз Худованд интизор набошанд, чун тибқи ояти Қуръон “ба дурустӣ, Худо ҳолатеро, ки бар қавме бошад, тағйир намедиҳад, то вақте ки онҳо он чиро, ки дар замирашон аст, тағйир надиҳанд”.
Мӯҳр
Чуноне, ки мардуми шарифи Точик, фикр менад, ки албатта ХНИТ ин хизби "покизатарин" ва шахсоне, ки дар аъзогии он мебошанд низ "поканд", лекин Таърих гувохи дод, ки ин ДУРУГ БУДААСТ!!!!!! ва хамаи онхое, ки хизбро дар никоби дин муаррифи карда корхои гаразноки худро дар амал тадбик карда гаштаанд, хаммааш дар "Руйи об баромада истодаастанд", хочати он нест ки акнун худашонро пок гиранду пайрави "Худо" гуянд. Имруз дар давлати мо ин хизбхое, ки монанди ХНИТ, ки аъзохояш нопок мебошанд, мачбуранд, ки Давлатамонро тарк кунанд, барои он ки онхо гуё дар "дар дигар давлат бошанду харчи хоханд ба мардуми он раво мебинанд, максадашон як чиз,- - "МАНСАБ-ПУЛ""---

ном
Домуллои азиз камтарак аз Худо тарсед, вагарна Шумо бо Раисатон бозичаи даст шудаед.
И ояти аз Кур'он овардаи шуморо 10сол пеш аз дахони рохбарони ХНИТ дар мачаллахо мехондем мо. Баъди 5-10 сол онхо агарррррр даст ба зино зада бошанд, 5-10 сол баъд шумо хам ба ин кор даст хохед зад.

.
Чи факат аъзоени ХНИТ мекунанд? Аъзоени хизбхои дигар магар ахта кардагианд?

Ҳақталаб
"Мулло"Сайид Акбар,муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз Худо битарс! Минбари Расули Акрам ҷои сиёсатбозӣ нест,баъдан дар асоси қонун иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудоанд. Ту набояд хостаҳои худатро аз ин минбар бароварда гардони ва иззатро аз хоҷагонат дарёфт нахоҳи кард,чун иззат аз ҷониби Парвардгор ҳаст. ҲНИТ ҳизби сиёсии характери динӣ дошта, дар асоси Конститутсияи кишвар дар чорчубаи қонун фаъолият дорад,ҳарчанд туву ту баринҳо ва нафароне,ки қонун барояшон арзиш надорад,чун қонун ба амри онҳо ба тавсиб мерасад,имрӯз мехоҳед ҲНИТ фаъолияташро қатъ кунад ва аз намозгузорони арҷманд дархост намудед,то бо баргузории як раъйпурсии умумихалқӣ ба фаъолияти ҲНИТ хотима бахшида шавад.Ин ҲНИТ аст,ки аз тамоми масоили Ислом ҳимоят дошт,дорад ва мекунад.
Имрӯз на ту ва на хатибони таъйиншуда аз Ислом ҳимоят доранд,вале хиёнат ба исломро ба хотири вазифа авло донистаед.Ҳатто фармудаи Худовандро нодида гирифта, сатро бо либоси милли омезиш дода,фатвоҳои хатторо пешниҳод доред,боре дар ягон суханрониатон(маъвиза гуфтан хато мебуд) нагуфтаед,ки нарафтани ҷавонони то 18 сола ба масҷид оқибати хуб надорад ва имрӯ ҷомеъа ин хатарро дар худ ҳис кардаистодаст,ки аксари ҷавонон ба корҳои бад даст зада истодаанд.Ана ҳамаи ҳамин камбудиҳо аз они туст.Фардо аз Худованд даъво мекунам,ки Саийд Акбар ба ҷои дифоъ аз дини Ислом фатвоҳои дуруғинро зидди Ислом равона мекард.Бори дигар аз ту ва тубаринҳо хоҳиш дорам,ки минбари Расули Акрамро ба хотири дарёфти боварии хоҷагонат ба сиёсат омезиш надеҳ.Аз Худо битарс!

Sherbobo
i kai bas mekuni durugguiu tuhmatkunira az hudo nametarsen shumo in anik ast. OZODAGON daston dardro nabine

"Мулло"Сайид Акбар,муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон худаш хам хуууубб медонад, ки хама чонканихои у барои мансабу маблаг мебошад. Ин максади онхо бо сардорашон факат зери парда пинхон буд. Аммо онхо ва тарафдоронашон солхои тулони барои фош нашудани ин максадашон бисёр кушишу муборизахо карданд. Хулоса акнун максади фош шуд. Барои хамин хамватанони азиз хангоми пайрави кардан ба инон аз "зери нимкоса" огох юошед!!!

зардолу
Хамин саид акбаро як тафтишкарда шавад чун ки суханош ба мусалмон рост намеояд

Агар дилатон месузад пас оиди манъи пушидани хичоб гап занед, оиди манъи ба масчид рафтани чавонони то 17 сола нависед. точик,

Муҳаммад
ОГОҲ! ОГОҲ! ОГОҲ!
Ҳамоно барои онон,ки дуст медоранд,ки (туҳмати) бадкорӣ дар(шаъни) муъминон фош шавад ,дар дунёву охират азоби дарддиҳанда ҳаст. ва Худо медонад ва шуммо намедонед.(Қуръони мубин,сураи рум,ояи 20).

Барои чи танхо зинои аъзоёни ХНИТ дар назари мардум метобад??? Барои он ки онхо аъзои хизби нахзати ИСЛОМИИИ Точикистонанд. худро мусулмон тарошида пуштибони ислом эълон кардаанд. Аъзоёни дигар хизбхо худрпо авлиё наметарошанд, зиноро махкум намекунанд. номи исломро бад намекунанд. Растрелят зинокорои ХНИТ-ро .

Озодагон !!!!! Чуноне, ки маълум гардид Шумо хам матни шархро аз
руи хохиши худ ( ё сиёсат ) чоп мекунед !!!!! ИН РАФТОРАТОН аз рафтори ""МУЛЛОХОИ ИФРОТИ "" бадтар аст....!!!!! ???????????????

Пухта гарду аз тахайул дур шав,
Рав чу бурҳони муҳаққиқ нур шав.!!!!!!!
Ман мутмаинам ки ин "домулло" бидуни таҳқиқ ва таҳлили хабари шунидааш ҳарф задааст!!! Агар ин одам ва амсоли У хабарҳои шунидаашонро бидуни таҳқиқ дар назди мардум гуянд пас оё мешавад инҳоро донишманди Исломӣ гуфт??!!
Инҳо фаромуш кардаанд ки ҳеҷ вақт Паёмбари Ислом (сав), ки иддаои пайравиашро доранд, ба чунин рафторҳои умматаш рози набуд ва ҳамеша мардумро аз туҳмат ва буҳтон барҳазар медошт!!!!
"Ҳар касе ъодат кунад, ки бидуни далел ҳар ҳарферо бовар кунад, аз сурати инсонӣ хориҷ аст!!!" Ибни Сино.

ХНИТ ба мардуми Точикистон даркор нест, мардуми точик худ мусулмонанд ва ба кули мардуми точик гуфтаниам, ки ба доми ХНИТ наафтанд, ки максаду мароми онхо дигар аст. Аъзоёни ХНИТ то ин чониб ба қадри ин сулҳу субот нарасидаанд.

радиои озоди
Озодагон ту озод нести!!!!!!¡!!!!!!!!!!!!

Акнуну ба ҳама маълум шуда истодаааст, ки ҲНИТ ин ҳизби исломи не, балки бадномкунандаи номи ислом аст. Дар Тоҷикисон ки худ давлати мусалмони аст ва мардумаш низ муъмин мебошанд пешбаранда мисли ҲНИТ чи даркор. Бигзор ин ҳизб аз байн бурда шавад, вагарна оқибаташ намедонам, ки мешавад. корҳое, ки онҳо мекунанд ба Салафиҳо шабоҳат медиҳанд. бигзор номи ҳизби худро дигар ном гузоранд. баҳри амали намудани корҳои ношоистаи худ, мисли Саидиброҳими Назар, номи поки исломро поймол нанамоянд.

якчанд наворҳои фисқу фасодии аъзоёни ҲНИТро дидам, ки нафратам нисбат ионҳо зиёд шуд.Ё лаънат бар ҳамаи ҳамон аъзоёне, ки ба чунин корҳо даст мезананд, инашам майлаш лек занҳои ин ҳизб, ки бо писарбачаҳо алоқаи ҷинси мекуннад, э мана шармам омад. э тезтар ҳамин ҳизб аз байн раваду руи ягонтои ин лаънатиҳоро намбинам. инҳо ба насли оянда ба фарзандон ва набераҳои худ чи тарбия медода бошанд. Э шармандаҳо бо чунин наворҳо ҳамаро шарманда кардед. америкаро гузаштет аз рӯи фантазияҳои фисқу фасодии худ. ин ба мардуми мусалмон намезебад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)