Бахшҳо

Ҷаҳиши қурби $ дар Душанбе: Натиҷаи баръакси қарори БМ?

Қурби як доллари амрикоӣ дар нуқтаҳои саррофии шаҳри Душанбе имрӯз, 20 апрел аз ҳадди 6,40 сомонӣ боло рафтааст.

Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанбе, арзиши доллар зимни фурӯш 6,42 сомонӣ ва зимни харид 6,40 сомонӣ нишон дода шудааст. Ҷаҳиши доллар дар ҳолест, ки қурби 1000 рубли русӣ дар кишвар баъди то ба 132 сомонӣ расидан, имрӯз, 20 апрел то 125-126 сомонӣ поин рафтааст.

Болоравии қурби доллару уфти рубл дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз 17 апрел фаъолияти тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеиро манъ кардааст.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 апрели соли равон бо мақсади таъмини устувории бозори дохилии асъор, суботи қурби сомонӣ ва ҳифзи манфиатҳои муштариёни ташкилотҳои қарзӣ аз 17 апрели соли ҷорӣ сар карда, фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ боздошта мешавад.

Манбаъ гуфт, тибқи дастури мазкур ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ уҳдадор карда мешаванд, ки ҳар як амалиёти фуруши доллари амрикоии нақдро ба мизоҷон ва ё ба шаҳрвандон бо таври махсус бо дарҷи тамоми мушаххасоти шахсияти онҳо анҷом дода, ба расмият дароранд.

Гарчанде ҳадаф аз ин қарор суботи қурби сомонӣ арзёбӣ шудааст, воқеият баёнгари натиҷаи баръакс аст. Бонки миллии Тоҷикистон қаблан теъдоди нуқтаҳои саррофиро дар кишвар беш аз 1,5 ҳазор адад арзёбӣ кард, ки 818 тои он ба шахсони воқеӣ марбут аст ва дар пайи иқдоми Бонки Миллӣ ин афрод аз ҷойи кор маҳрум монданд.
Мӯҳр
Ба БМТ
Кори хуб кардед, офарин.
Лекин як масъалаи дигар он ки ҳамин бонкҳоро низ таҳти назорат гиред, чун ки ҳама хуб медонад. баъди тасмими БМТ оиди фуруши доллар фаққат дар бонкҳо, тамоман манаполия шуд, ки шахсони вобастаи бонк, ба ҳамон шиносони худашон доллар мефурушанду халос. Яъне боз ҳамон сарофиҳои пешина, ки аз иҷозатнома хариду фуруши асъори хориҷи бенасиб шуданд. То ҳол хариду фуруши доллар қонуни буд, тамоман ғайри қонуни шударафтост. БМТ ва Амниятро мебояд, як шӯъбаи махсуси тафтишоти ва назорати пинҳони ташкил диҳанд, ки як ду корманди бонкро дастгир кунанд. кор каматар ранг мегирад.

Тасмими умуман нодурусти БМ! Ин чи сиёсати бастан ва махдудият??? Наход ки як чизи соддаро нафахманд?! Аз махдудияти ин ё он чиз талаботаш зиёд мешавад!! Акнун бозори сиёх гарм мешавад. Курби бозори сиёх аз курби БМ фарк мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)