Бахшҳо

Ҷузъиёти қазия дар мактаби №-и 44: Ин кори мухолифони Раҳимов аст

Зумради Лоиқ, муовини раиси ноҳияи Рашт бо ирсоли як иттилоия унвонии “Озодагон” хабари расонаҳо дар мавриди пора кардани харитаи Тоҷикистон ва таҳдид ба омӯзгорони мактаби рақами 44-и Раштро шарҳ дод.

Ба гуфтаи муовини раис, мақомоти иҷроия ва қудратӣ хабари нашршуда аз мактаби умумии рақами 44-и деҳаи Боғистони ҷамоати Раҳимзодаи Раштро таҳқиқ карда, маълум намуданд, ки хабар дар мавриди таҳдид ба омӯзгорон ягон асос надорад: “Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар муассисаи мазкур чадвали дарсҳо ва ду аёнияти фанни забони тоҷикӣ даронда партофта шудааст”.

Ба таъкиди Зумради Лоиқ, ин амал ба ягон гуруҳ ва тафриқаандозиҳо марбут набуда, танҳо аз ҳисоби хусумати шахсии як муаллимаи муассисаи мазкур ва хешовандонаш, ки мудирияти Раҳимов Хайрулоро дар ин муассиса қабул надоранд, сар задааст: “Дар ҷамоати деҳоти Раҳимзода вазъият ором буда, аҳолӣ ба кишту кори баҳорӣ машғул мебошанд. Дар муассисаи таълимӣ бошад, таълиму тадрис идома дорад”.

Гуфта мешавад, феълан дар ин қазия муаллима ва посбони мактаб муттаҳам мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки субҳи рӯзи 20 апрел хабарҳое паҳн шуданд, ки як гуруҳи номаълум ба мактаби деҳаи Камароби Рашт ворид шуда, харитаи Тоҷикистон ва газетаҳои девориро пора карда, барои муаллимаҳо ва мудири мактаб як мактуби таҳдидомез навишта, гуфтаанд, агар фаъолияти худро қатъ накунанд, муҷозот хоҳанд шуд.
Мӯҳр
сино
Зумрад Лоиқова, муовини раиси ноҳияи Рашт оид ба маориф ва илм ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ин қазия марбут ба тундгароӣ набуда, "балки натиҷаи хусумати шахсии як муаллима ба мудири мактаб будааст".
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то ҳол қазияро расман шарҳ надодаанд.

Раиса афсонаҳои хуб нақл накарди.

ман хамчун муовини раиси нохияи Рашт оид ба хабархои дасисаангези радиои озоди бобати мавриди тахдид карор гирифтани омузгорони муассисаи тахсилоти асосии умумии №44 дехаи Богистон чамоати дехоти Рахимзодаи нохияи Рашт иттило медихам ки казияи мазкур аз тарафи макомоти ичроияи хокимияти давлати ва макомотхои кудратии нохия дар чои ходиса дида баромада шуд. Маълум гардид ки хабархои пахншуда асоси вокеи надошта аз хисоби хусумати шахсии мулимаи муассисаи мазкур ва хешовандонаш ки ба хайси директор кор кардани Рахимов Хайрулоро дар ин муасиса надоранд сар задааст. Тахлилхо нишон додаанд ки дар муассисаи мазкур чадвали дарсхо ва ду аёнияти фанни забони точики даронда партофта шудааст. ки ин боиси дасисаангезихои радиои озоди гардидааст. Ин амал ба ягон гурух ва тафрикаандозихо марбут набуда, танхо хусумати шахсист. Дар чамоати дехоти Рахимзода вазъият ором буда, ахоли ба кишту кори бахори машгул мебошанд. Дар муассисаи таълими бошад, таълиму тадриз идома дорад.

Мардуми Раштонзамин!
Фирефтаи ҳар гуна иғво ва афсонаю фасона нашавед.
Ҳеҷ бовари кас намеояд, ки мардуми Рашт, бахусус мардуми дараи Камароб, чунин рафтор намуда бошанд.
Мардуми минтақае, ки Халифа Хасан ва Боқи Раҳимзода барин маорифпарваронро ба воя расонидааст, ҳеҷ гоҳ чунин рафтор нахоҳад кард ва ин ҷой, чӣ иштибоҳе ҳаст.
Воқеан, чунин сафсатаҳо, дар рузҳои маъракаи интихоботие, ки пештар доир гашт, сару садо дода буд. Аммо рафтору кирдор ва иқдоме, ки мардуми бошарафи Рашт дар рӯзи баргузории интихобот нишон доданд, ҳамаи он базлагуйиҳоро, ба нести равон намуд.
Мо ҳарчанд, дар дигар минтақа зиндаги намоем ҳам, аз ҳамаи бурду бохти мардуми Рашт огаҳем ва ифтихор аз он дорем, ки мардуми асили ин диёр, мақомотҳои сохторҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ҷамъиятии ноҳия, аз пайи ҳар гуна овазаҳои беасос нашуда, дар фикр ва амали беҳбуди диёри худ ҳастанд.

Рашти
Мо Раштониён хеч гуна фикр надорем хамеша бо сулх субот тарафдорем хусумати байни ду тарбиятдихандаи хамон мактаб бош худашон хал мекунанд чи лозими гапу хабарбуд хар кас ба кори худ

Мисли кинохои турки шуда истодааст.

Мо мардуми точик алаакай мисли афгонхо аз омадани бахору навруз метарсем. Чун фасли гармо ояд, гуруххои точиккушу дасисабоз низ фаъол мегарданд.

Darvesh
Ay tarsi mansabi khud har chi guftan megirand! Medonem Rashtda chi gapho shidestay!!!! Malima mo didestem hamara....

Ба таъкиди ма?омот “во?еаи дар мактаби миёнаи № 44 де?аи Бо?истони ?амоати Б.Ра?имзодаи но?ияи Рашт рухдода ягон хел хусусияти сиёс?, дин?-маз?аб?, ё ифротгаро? надошта, тан?о дар нати?аи хусумати шахсиву оилавии ду ноболи? содир карда шудааст”.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)