Бахшҳо

АКС: Оҷонсӣ марги Шамсиддини 25-соларо шарҳ дод: Ӯ нашъаманд буд...

Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир марги Шамсиддин Зайдуллоев, сокини 25-солаи шаҳри Душанберо, ки ба иддаои наздиконаш аз латукӯб дар боздоштгоҳи ин ниҳод ҷон додааст, шарҳ дод.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯйи ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, Шамсиддин Зайдуллоев ҳамагӣ бо чанд грам маводи мухаддир рӯзи 8-уми апрел боздошт шуда, дар боздоштгоҳи муваққатии Оҷонсӣ нигоҳдорӣ мешуд: “Ӯ нашъаманд будааст ва шаби 12 ба 13-уми апрел ӯро ба истиллоҳ “ломка” гирифт. Шабона ӯро ба беморхонаи касалиҳои наркологӣ ва аз он ҷо ба беморхонаи ёрии таъҷилӣ бурданд. Ӯ аз бистарӣ шудан дар беморхона худдорӣ карда, расман раддия навиштааст, ки ин санад вуҷуд дорад. Баъдан Шамсиддинро дубора ба боздоштгоҳ оварданд ва дар он ҷо ӯ соати 5-и саҳар аз бемории дил фавтид”.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷиниссо Каримова, модари Шамсиддин ба раисиҷумҳур, додситонии кул ва эътилофи зидди шиканҷа шикоят бурда, иддао дорад, ки писараш дар натиҷаи латукӯб аз ҷониби маъмурини Оҷонсии зидди маводи мухаддир ба ҳалокат расидааст ва осори бадрафторӣ низ дар ҷасадаш аён будаанд. Каримова нашъаманд будани писарашро рад карда, афзудааст, ки ӯ ба мусофиркашонӣ машғул будааст ва ҳеч гоҳ аз беморие ранҷ набурдааст.

Дар ҳамин ҳол феълан ташхиси тиббии марги Зайдуллоев ба анҷом нарасидааст ва дар назар аст, ки натиҷаи он ду рӯзи баъд эълон мешавад.


АКС: Оҷонсӣ марги Шамсиддини 25-соларо шарҳ дод: Ӯ нашъаманд буд...

АКС: Оҷонсӣ марги Шамсиддини 25-соларо шарҳ дод: Ӯ нашъаманд буд...

АКС: Оҷонсӣ марги Шамсиддини 25-соларо шарҳ дод: Ӯ нашъаманд буд...
Мӯҳр
банда
лаънати худо танахои вая бинен бо ломка будай худо чазотона дихад озодагон илтимос мон натарсида

Субхоналлох Худованд хидоятшон кунад. агар далел боша,ки хами нашъамандай ё ки ягон чинояти дигада даст зада боша барен чансоле,ки конун пешбини кардаст хамука махкамаш кунен нахо одама ихе бе рахм зани. Бо авгонора меган ки бе рахман .
Эй забар дасти зеои даст озор.
Гар то кай бимони ин бозор.
Ба чи кор оядат чахондори .
Мурданат бех,ки мардумозори.

Аз ломка синяк намешавад. На аз Худо метарсед, на вичдону номус доред, на мусулмонед, як чаллодеду бас. Лаънати Худо бар касе, ки ин чавонро аз хаети ширин махруму волидонашро дучори гуссаву гам намудааст.

Jon
Салом Мардуми шариф,

Ман як чиз гуфтани ҳастам нисбати кормандони ҳамон агентӣ. Худи кормандонашон ба ҳамин бизнес даст доран. Худи мансабдорони ҳамон мақомот даст ба ҷиноят мезанан..... Агар ки ин одам нашааманд бошад ин аз он шаҳодат медиҳад, ки вай касал ё ин ки бемор аст............. Шумо барин одамҳо бояд одамҳое ки ба фуруши ҳамин чиз даст мезанан бурда махкам кунед......... Вой бар ҳоли ҳамин сохтор... Ҷаноби Оли бояд аз директори ҳамон сохтор сар карда то охирон кормандони агентиро сабукдушт кунад............... Тарзи корро ёд гиред. Мо дар асри 21 қарор дорем. Пеши роҳи фурушандаҳоро гиред, ки мардум натавонад харида истеъмол кунад..................

сафаров сироч
коре,ки бо шамсидин кардаед ягон хел нашамандин надорад,шумо вай

Дуруг
Аз "ломка" кариб миёнаш кафидан аст. Инро зада-зада куштанд. Ломка помка хамааш бахона ва пушонидани гунох аст. Бача, ки гунохро ба кала нагирифт, ночор мурд.

Хахахахахахахаааа... О ин акси Дориюши Рачабиён хабарнигори бибиси-ро барои чи гузоштед? Хахахаха ... Бечора Дориюш...

Боваркунед кофир хамин корро намекунад дар ягон давлати дунин зулм нест дар ягон махбаси дунё одамонро чунин берахмона намекушанд Худоё бар ин миллат чищудааст ки аз хугу гург хам берахм щудаанд гург гургро чунин намекунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)