Бахшҳо

Бунёди муассисаҳои фарҳангӣ муҳим аст ё корхонаҳои саноатӣ?

Дар ҳоле, ки расонаҳои Ғарб сохтмони Театри миллии Тоҷикистон бо харҷи 680 миллион сомониро дар Душанбе матраҳ карда, дар пасманзари заифии иқтисод ва камтаваҷҷуҳии мардуми кишвар ба театр суол гузоштаанд, ки “он барои кист?”, “Озодагон” низ аз коршиносони тоҷик суол намуд, ки бунёди муассисаҳои фарҳангӣ муҳим аст ё корхонаҳои саноатӣ?

Табаралӣ Ғаниев, иқтисодшинос

Агар ба рушди ҷомеа назар дошта бошем, аслан барои фаъолияти ҳунарӣ ташкил кардан ҷомеаи солими касбӣ зарур аст. Ва саломатии ҷомеа ба омӯзиши ҳунари касбӣ ниёз дорад. Моро зарур аст, ки мутахассисони касбӣ омода намуда, аз ҳунари онҳо истифода бикунем. Яъне, зурурати доштани китобхонаи миллӣ ва ё сарчашмаҳои ғанӣ гардонидани маънавиёти инсон яке аз аркони рушди ҷомеаи оянда аст.

Зулфиқор Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ


Сохтани корхонаҳои тавлидӣ муҳимтар аст, зеро маҳсулоти он дар бозор ба фурӯш гузошта мешавад ва аз он молиёт ба даст биёяд. На ин ки масалан, театру китобхонаву чизҳои дигар. Шумо бубинед, қурби рубли русӣ поён шуд, аҳволи мардум чӣ шуд? Ва ҳоло дар саррофиҳои Тоҷикистон доллар пайдо карда намешавад, зеро намефурӯшанд. Ин ҳамааш натиҷаи ҳамин аст, ки мо иқтисод надорем ва вобаста ҳастем.

Ҷовид Муқим, коршиноси масоили иқтисодӣ

Аз нигоҳи иқтисодӣ гуем, барои кишваре, ки аҳолиии қобили меҳнаташ зиёд асту қисми зиёди онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд, сохтани корхонаҳо аз ҳама муҳимтар аст. Бояд иншооте сохта шаванд, ки онҳо якум мардумро бо ҷои кор таъмин кунанду бо ин роҳ зиндагии онҳоро беҳтар кунанд, дувум бо сохтани корхона ҳафтод дарсади маҳсулот ба фурӯш равад ва барои кишвар суд биёварад. Бинобар ин агар аз ман мепурсиданд, ки чӣ бисозем, ман мегуфтам, ки нахуст бояд иқтисодро тавсеа дод.
Мӯҳр
Хамин театр дар сад сол лозим нест Маданияти Точки бо театр баланд намешавад корхона сохтан даркор Акалан ичо0ат додан даркор ки корхона созанд Ин миллат ба нести меравад бо ин кори хукуматдорон

лоик
Туркия аз мо пахтаро бо нархи арзон мехарад боз онро либосу мато карда бахудамон бо нархи гарон мефурушад......?
Колин аз абрешими ту сохтанд,
Боз онро пеши ту андохтанд!
(Лоик Шерали)

Шахсан тарафдори бунёди корхона хастам. Чй лозим театри бархавою лекин бе тамошобин. Сад дар сад боварй дорам театри нав бунёд мешавад, вале тамошобин намеёбанд. Хуб мешуд масъалаи бо кувваи барк таъмин намудани Точикистон дар зимистонро хал мекарданд (бигузор аз хамсояхо хам харанд!) ва ба кор даровардан ё сохтмони заводу фабрикахои калонхачм ба рох монда мешуд.

Адолат хох
Акли сиёсат мадорои мо хамикай чихе кнем 2 бор мачбури аз тарафи мактаб тиатри лохути бурдан мон як намоишро 2 бор намош дадан яне тиатрои точик пешрата нест ва бо сохтани бинои тиат пеш нахохад рафт шиками актиёр гишнабошад читав сахна меофарад ва шиками мардум гишнамошад аз кучо ба теат меравад

точики бечора
Зиёда аз сад миллион $барои бунеди театр? Ба шархе ниез надорад. Як чахон ташаккур!

Албатта бунеди корхонахои саноати мухимтар аст,аммо...бунеди муассисаи фарханги осонтар аст. Бо сохтаги корхона кор буд намешавад,"Талко кабел"-намунаи равшан аст.

Бародар
Мо одатамон аз кадимулаём хамин аст холо хам харруз мебинем ки мардуми мо нахурдаву напушида пулро барои туй ё хонасози сарф мекунад 10 бача якаш ду намешавад худо ризкаша метияд гуфта ягон хел тарбия намедихад хаки гапзани надоранд бисёрихо чунки фикри ягон чизро намекунанд ба худашон мушкили эчод мекунанд факат аз муллош сар карда то пайравонашон айбкови талбандаги бадгуи о худо ба шумо чи дихад ки айби худатонро дар дигарон мекобед корхона созанд тубаринхо хамончойро хам харом мекунанд кор намекунанд гайбатчи кор кардан хам наметавонанд одам бояд то дами марг хамкадами замона бошад созанд барои ояндагон аз асри 7 камтар гап зан

ТЕАТР ХУБАЙ АЗ КОРХОНА ДИДА ЗЕРО СУРУД БОШАД НОН ХАМ МЕШАВАД ХА ХА ХА 1 ЧАХОН ТАШАККУР

мо бо театр иктисодамонро беш мебарем наход 680 милион сомон кати театр созе хуб мешуд,ки як корхона созан мардумро аз мухочират кам кунан кисаи холи кати театро ки тамошо мекунад!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)