Мулоқоти Зоҳидӣ бо Дидийе Лёруа дар Душанбе
Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Дидийе Лёруа, сафири Фаронса дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ, дидори Зоҳидӣ бо Дидийе Лёруа 22 апрел дар Душанбе баргузор шудааст.
Ҷонибҳо дар ин вохурӣ масоили вобаста ба раванди тадорукоти Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР-21)-ро баррасӣ карда, низ иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ин конфронсро, ки аз 30 ноябр то 11 декабри 2015 дар Ле-Буржеи Фаронса баргузор мегардад, муҳокима намудаанд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо инчунин дар масъалаҳои рушди равобити дуҷониба ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва ҷалби сармоя табодули назар карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |