Бахшҳо

Ҳаракати мошин дар кӯчаи Лермонтови Душанбе се моҳ қатъ мегардад

Шурӯъ аз рӯзи шанбеи 25 апрел ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди кӯчаи Лермонтов, аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе қатъ мегардад. Дар ин бора қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ба имзо расида, дар он гуфта мешавад, маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин самт то 25 июли соли равон идома хоҳад кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, қатъи ҳаракати мошинҳо дар роҳи мазкур ба анҷоми корҳои сохтмонӣ рабт дорад. Ба иттилои манбаъ, Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии Душанбе” ва пудратчии асосӣ дастур додааст, ки вобаста ба тағйири нақшаи ҳаракат дар мувофиқа бо Бозрасии давлатии автомобилӣ гузоштани аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию аломатҳои огоҳкунандаро барои ронандагони воситаҳои нақлиёт таъмин намоянд.

Дафтари матбуотии шаҳрдорӣ меафзояд, Убайдуллоев масъулини “Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии Душанбе”-ро ҳамчунин муаззаф кардааст, “барои танзими мунтаззами алоқаи нақлиётӣ дар қитъаи роҳи зикргардида, барои бе монеа даромадани воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилӣ, милитсия ва хадамоти оташнишонӣ ҷораҳо андешанд”. Инчунин, Шӯъбаи бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе дастур гирифта, барои таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат ва амнияти шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас бияндешад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)