Бахшҳо
22 апр 2015 17:01Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Оҷонсӣ: Додситонӣ дар ҷасади Шамсидинов осори латукӯб наёфт

Агентии назорати маводи нашъаовари назди раисиҷумҳури Тоҷикистон хабарҳо дар мавриди ҳалокати Шамсиддин Зайдуллоев, сокини 25-солаи Душанберо аз дасти маъмурини ин ниҳод “шитобкорӣ” ва “ба иштибоҳ андохтани ҷомеа” хондааст.

Тибқи иттилои Агентӣ баъди он, ки кормандони ёрии таъҷилӣ субҳи 13-уми март сабаби марги Шамсиддиновро дар боздоштгоҳи ин ниҳод “аз норасоии кори мӯътадили дил” муқаррар намуданд, фавран оид ба ҳодисаи мазкур мақомоти прокуратура ва корҳои дохилӣ хабардор карда шуданд: “Кормандони прокуратура дар якҷоягӣ бо ташхисгари судӣ-тиббӣ ҷасадро муоина намуда, протоколи дахлдорро тартиб доданд. Дар протокол омадааст, ки “аломатҳои зоҳирии марги маҷбурӣ дида намешаванд”. Бо ҳамин, ҳодисаи муносибати бераҳмонаи кормандони Агентӣ нисбати дастгиршуда аз байн меравад. Илова бар ин дар ҳамаи биноҳои Агентӣ, аз ҷумла дар ҳар ду ошёнаи боздоштгоҳи муваққатӣ камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шудаанд, ки тавассути онҳо рафтори шабонарӯзии кормандон мушоҳида ва сабт мегардад”.

Ба иттилои Агентӣ хулосаи ниҳоии ташхиси марги Зайдуллоев шоми 22-юми апрел ба анҷом хоҳад расид. Масъулини Агентии назорати маводи нашъаовари назди раисиҷумҳур ҳаводиси он рӯзро чунин нақл карданд:

12 апрел, тахминан соати 14 Зайдуллоев Шамсиддин, ки аз ҷониби кормандони АНМН барои фурӯши маводи мухаддир дастгир шуда буд ва дар ТНМ АНМН нигоҳдорӣ мешуд, худро нороҳат ҳис кард: тамоми аъзои баданаш меларзид. Навбатдорони Агентӣ “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват намуданд, ки пас аз 20 дақиқа духтурон расида дастгиршударо муоина намуданд. Баъдан таъкид карданд, ки номбурда қаблан маводи мухаддирро истеъмол мекард ва дар натиҷаи ин гирифтори абстиненсия (хумор) шудааст. Онҳо маслиҳат доданд, ки номбурда ба Маркази ҷумҳуриявии наркологӣ бурда шавад. Датгиршударо ба Маркази нарколгӣ бурданд ва дар он ҷо ба номбурда кумаки тиббии зарурӣ расонида шуд. Зайдуллоев ду соат таҳти муолиҷа қарор дошт, пасон ӯро ба Маркази “Ёрии таъҷилӣ” барои муоинаи минбаъда бурданд. Дар Маркази “Ёрии таъҷилӣ” Зайдуллоевро муоина намуданд ва барои табобати бемор амалиёти ҷарроҳиро истисно намуданд. Пешниҳод намуданд, ки бо дастгоҳи махсус меъдаашро аз эзогастроскопия гузаронанд, аммо Зайдуллоев ин амалиётро қатъиян рад намуд ва дар ин бора ҳатто забонхат ҳам навишта буд. Соати 23-15 ӯро ба Агентӣ оварданд, ки ӯ то саҳар дар утоқи тавқифгоҳ қарор дошт. Дар давоми ин муддат навбатдори Агентӣ ва кормандони ТНМ бевосита дар назди дари маҳбасхона қарор доштанд ва аз аҳволи ӯ доим хабар мегирифтанд.

Тахминани соати 5 саҳар корманди ТНМ ба навбатдори Агентӣ хабар дод, ки аҳволи Зайдуллоев Ш. ногаҳон аз нав бад шуд. Навбатдор фавран “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват намуд. Духтурон баъд аз муоина сабаби маргро “аз норасоии кори мӯътадили дил” муқаррар намуданд.

Оид ба ҳодисаи мазкур фавран мақомоти прокуратура ва корҳои дохилӣ хабардор карда шуданд. Кормандони прокуратура дар якҷоягӣ бо ташхисгари судӣ-тиббӣ ҷасадро муоина намуда, протоколи дахлдорро тартиб доданд. Дар протокол омадааст, ки “аломатҳои зоҳирии марги маҷбурӣ дида намешаванд”. Бо ҳамин, ҳодисаи муносибати бераҳмонаи кормандони АНМН нисбати дастгиршуда аз байн меравад. Илова бар ин дар ҳамаи биноҳои Агентӣ, аз ҷумла дар ҳар ду ошёнаи ТНМ камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шудаанд, ки тавассути онҳо рафтори шабонарӯзии кормандон мушоҳида ва сабт мегардад.

Дар рафти тафтишот Зайдуллоев Ш. нишон дод, ки аз моҳи декабри соли 2013 ӯ героинро бо роҳи нафаскашӣ истеъмол менамуд. Модари Зайдуллоев Ш. тавзеҳ дод, ки яку ним сол қабл писараш дар диспансери клиникии наркологӣ барои истеъмоли героин муолиҷа гирифта буд. Аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ маълумотномаи расмӣ дода шудааст, ки Зайдуллоев Ш. дар қайди профилактикӣ қарор дорад. Пас аз дастгир шудан, Зайдуллоев Шамсиддинро дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ бевосита аз муоина гузарониданд ва аз тарафи духтурон-наркологҳо ташхиси “истеъмоли маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ” муайян шуд.

Аммо наздикони Зайдуллоев иддао доранд, ки марҳум ҳанӯз аз лаҳзаи боздошт аз ҷониби маъмурини Агентӣ мавриди латукӯб қарор дода шуда, аксҳои ҷасадашро пешниҳод кардаанд, ки дар он “осори бадрафтории маъмурини Агентӣ” нишон дода шудаанд.


Оҷонсӣ: Додситонӣ дар ҷасади Шамсидинов осори латукӯб наёфт

Оҷонсӣ: Додситонӣ дар ҷасади Шамсидинов осори латукӯб наёфт

Оҷонсӣ: Додситонӣ дар ҷасади Шамсидинов осори латукӯб наёфт
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)