Мансаби нави раҳбари собиқи телевизиони "Пойтахт" дар дастгоҳи раиси шаҳр
Шаҳло Мӯсоева, ки ахиран аз вазифаи роҳбарии телевизиони “Пойтахт” барканор шуда курсияшро ба ихтиёри Шавкат Саидов, сухангӯи раиси шаҳр -- Маҳмадсаид Убайдуллоев гузошт, вазифаи нав гирифтааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи иҷрокунандаи вазифаи мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе таъин шудани Мӯсоева рӯзи 20 апрели соли равон қабул шудааст.
Шаҳло Мӯсоева дар гузашта дар вазифаҳои мудири бахши фарҳанги ҳукумати шаҳри Душанбе ва ноиби раиси Кумитаи ҷавонони Тоҷикистон низ кор кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |