Бахшҳо

ВКД ва КДАМ: Дар қазияи мактаби 44-и Рашт ноболиғон даст доштаанд

Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) мегӯянд, дар оташ задани харитаҳо ва гузоштани як мактуби таҳдидомез ба омӯзгорони мактбаи миёнаи таҳсилоти умумии №44-и ноҳияи Рашт ду ноболиғ даст дошта, он хусусияти сиёсӣ, динӣ-мазҳабӣ ё ифротгароӣ надорад.

Маркази матбуоти ВКД ва Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ бо нашри як изҳороти муштарак гуфтаанд, шаби 17 ба 18 апрели соли равон ашхоси номаълум ба бинои мактбаи миёнаи таҳсилоти умумии №44 деҳаи Боғистони ҷамоати Б.Раҳимзодаи ноҳияи Рашт даромада, гӯшаи методӣ, овезаҳо, газетаҳои деворӣ, ҷадвали дарсҳоро корношоям кардаанд. Ҳамчунин, харитаҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷамоати мазкурро қисман оташ зада, ба омӯзгорон мактуби беимзои таҳдидомезро гузоштаанд: “Дар ҷараёни роҳандозии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ ва тафтишотӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ муайян намуданд, ки дар ҳодисаи зикрёфта 2 нафар ноболиғ хонандагони мактаби миёнаи №44 Раҳимов Неъматулло Умарович, соли таваллудаш 2000-ум ва писарамакаш Раҳимов Хуршед Муродхоҷаевич, соли таваллудаш 1999 даст доранд”.

Дар изҳорот гуфта мешавад, бино ба нишондоди Зарифамоҳ Акрамова моиндари Хуршед Раҳимов, писараш мубталои бемории руҳӣ буда, тақрибан 2 сол пеш, аз беэҳтиётӣ як қисми манзили зисташонро сӯзонидааст: “17 апрел моиндари Раҳимов Хуршед, ки фарроши мактаб мебошад, бо нияти рафтан ба меҳмонӣ, калиди муассисаро ба фарзандаш медиҳад ва аз ӯ хоҳиш мекунад, ки бегоҳ, баъди анҷоми дарсҳо дари мактабро маҳкам кунад. Раҳимов Хуршед аз беназоратии волидайн ва муаллимон истифода бурда, ҳамроҳ бо Раҳимов Неъматулло, тақрибан соатҳои аз 23-24:00 ба мактаби миёнаи №44 медароянд. Мутобиқи нишондоди худи ноболиғон, онҳо аз тарс дар торикии долони мактаб ашёҳои таълимиро оташ гиронда, роҳро равшан намуданд. Баъди баланд шудани аланга, бо мақсади хомӯш кардан ба болои он харитаи собиқ Иттиҳоди Шӯравиро мепартоянд. Вале бинобар сабаби кушта натавонистани оташ, Раҳимов Хуршед ва Раҳимов Неъматулло онро бо пойҳояшон хомӯш карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд”.

Дар идома ин изҳороти муштарак омадааст: “Муайян карда шуд, ки воқеаи дар мактаби миёнаи №44 деҳаи Боғистони ҷамоати Б.Раҳимзодаи ноҳияи Рашт рухдода ягон хел хусусияти сиёсӣ, динӣ-мазҳабӣ ё ифротгароӣ надошта, танҳо дар натиҷаи хусумати шахсиву оилавии баъзе аз сокинони деҳаи болозикр ва аъмоли авбошонаи ду ноболиғ содир карда шудааст. Айни замон аз рӯйи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, тафтишоти пурраи он давом дорад”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)