Бахшҳо

АКС: Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Темурмалику Данғара

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 23 апрел ба ноҳияи Темурмалик ва Данғара сафар кардааст.

Дафтари матбуотии президент ҳадафи ин сафарро “шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, инчунин бо рафти корҳои ободониву созандагӣ” унвон мекунад. Манбаъ мегӯяд, боздиди кории Эмомалӣ Раҳмон дар марзи маъмурии ноҳияи Темурмалик оғоз ёфтааст: “Сари роҳ ба боғи нави Дӯстӣ, ки ба тариқи ҳашари умумӣ дар майдони 8 га замин бунёд ёфтааст, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Чунонки иттилоъ доданд, дар ин ҷо ниҳолҳои беҳтарин навъҳои содиротии зардолу, олу, олуболу, гелос, бодом, панҷ навъ себ ва чормағз шинонда шудааст. Дар маҷмӯъ зикр гардид, ки тайи 10 соли охир дар ноҳияи Темурмалик майдони боғҳои нав аз 320 гектар ба 890 гектар расонида шуда, танҳо дар се моҳи соли равон дар 126 га боғҳои нав бунёд ёфтааст”.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки имконоти ноҳияи Темурмалик барои боз ҳам зиёд кардани майдони боғу токзор, аз ҷумла афзоиш додани истеҳсоли меваҳои содиротӣ ва ташкили корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ хеле зиёд аст ва ин имконот бояд пурсамар истифода шаванд: “Бо пешниҳод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шуд, ки дар ҳамин ҷо як чойхонаи сарироҳӣ ҳам бунёд ёбад, зеро мавзеи барои боғ интихобшуда хеле зебою дилнишин аст”.

Дафтари матбуотии раисиҷумҳур мегӯяд, дар деҳаи Фалҳободи ноҳияи Темурмалик Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи пули 108-метраи мошингузар ҳамзамон роҳи навсозишудаи Данғара-Кангуртро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Тавре аён гардид, роҳи мошингарди Данғара-Кангурт, ки масофааш 27 километр аст, бо сифати баланд навсозӣ шудааст ва дар ҳолати нигоҳубини дуруст солҳои зиёд ба мардуми ин минтақа хизмат хоҳад кард: “Мардуми деҳаи Фалҳобод ва дигар деҳоти атроф аз сохта шудани пули мошингузар дар болои рӯди Оби Тоҳир басо шоду сипосгузоранд, зеро онҳо то ин вақт аз надоштани роҳи мошин, хусусан дар мавсими борогарию обхезӣ, бисёр танқисӣ мекашидаанд. Ба масъулини ҷумҳуриявӣ ва вилоятию ноҳиявӣ дастур дода шуд, ки барои дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ баҳри навсозии роҳи 26-километраи мошингарди Кангурт – Балҷувон ва роҳи 32-километраи Кангурт - Темурмалик - деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ чораҳо андешанд”.


Аксҳо аз ноҳияи Темурмалик

АКС: Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Темурмалику Данғара

АКС: Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Темурмалику Данғара

АКС: Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Темурмалику Данғара

АКС: Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Темурмалику Данғара

АКС: Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Темурмалику Данғара

АКС: Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Темурмалику Данғара

АКС: Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Темурмалику Данғара

АКС: Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Темурмалику Данғара

АКС: Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Темурмалику Данғара


Аксҳо аз Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон
Мӯҳр
Истиклол
ОФАРИН ЧАНОБИ ОЛИ, ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТУ КИШВАР, ОБОДКОР ВА СОЗАНДАКОР

ы
Боз хамон спектакл: дастхо хама пеши бар, лентабури, раксу шеърхоги дар васфи ЧО.

обод намудани инфрасохтор яке аз мухимтарин корхост

Farkhori
Janobi Oli 1 sol pas raven va ay hami mahal didan kunen yagon nihol nestay hamash shumora fireb kada mansab griftestay. Farkhorda biyoen hamara ba chshmi khud binen!!!

сорбон
Офарин чаноби Оли хизматхои шумо барои миллат бузург аст
о

Ба "Ы". Аз номат маълум, ки фахмишат чи кадар хаст. Ободкори кори шеру палангон хаст, на аз рубоху шагол... Вакте ки номи Хукумату Чаноби Олиро мегири, каме фикр кун, агар дар хамон калла магз бошад, ки ту худат чи кор барои ободонии ВАТАН кардай. Холо маълум, ки ба гайр аз кинаву тамасхур дигар хеч чиз, хайфи умр ки бо чунин роху усул мегузарад... Вакт дори, фикр кун!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)