Бахшҳо

Умед Ҷайҳонӣ: Ба маънои сиёсӣ миллат нестем...(ВИДЕО)

Умед Ҷайҳонӣ, пажӯҳишгари тоҷики муқими Маскав дар барномаи “Лаҳзаи ҳақиқат” -и “Телевизиони Осиёи Марказӣ” дар мавриди забон ба баҳси миллат пардохта мегӯяд, “он замон, пеш аз ҷангҳо, мо миллат будем. Имрӯз нестем. Он замон, мо як миллати сотсиалистӣ будем, шӯравӣ буд як чизе будем. Чаро мегӯям, ки ҳамбастагӣ бештар доштем. Имрӯз воқеан бофтори ҷомеаи мо аз ҳам пошидааст. Наметавонам бегӯям, ки мо миллат ҳастем”.

Ҷаноби Ҷайҳонӣ дар посух ба муҷрии барнома -- Бек Раҳмонӣ, ки суол мегузорад, “миллат набудан бисёр дурушту сангин садо медиҳад, метавонем бигӯем, ки миллат ҳасту пайвастагиҳо ва зарфиятҳои пешинро надорад?” чунин ҷавоб медиҳад: “Миллатро касоне падид меоранд. Инҳо ё донишманд ҳастанд ё ба ҳар роҳе асаре бар ҷомеа доранд ва ҷомеаро ба як роҳе ҳидоят мекунанд. Худи миллат дар муборизаи шаҳрвандон бо давлат падид меояд”.

Ин пажӯҳишгари тоҷик дар идома меафзояд: “Давлате, ки ман мегӯям бо давлате, ки дар Тоҷикистон мегӯянд, тафовут дорад. Давлат, яъне ниҳодҳои коргузории як кишвар давлат аст, на он чизе, ки дар Тоҷикистон мегӯянд. Дар Тоҷикистон ба давлат мегӯянд ҳукумат ва ба ҳукумат мегӯянд давлат”.

“Вақте ҷомеа ё шаҳрвандон бо ниҳодҳои фармонравоӣ, яъне давлат, барои ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандии худ мубориза мебаранд ва дастовардҳое ба даст меоваранд ва манофеи муштараке дар ин ҷомеа пайгирӣ мешавад, ҷомеа мубадал мешавад ба миллат. Ҳамчунин равандеро ман дар Тоҷикистон намебинам. Нест. Бинобар ин намешавад гуфт, ки мо миллат ба маънои сиёсӣ ҳастем. Мо ба маънои иҷтимоӣ шояд тӯдае аз мардум ҳастем, ки шояд онро бишавад миллат гуфт. Вале, ҳеч муборизае байни миллат ва давлат барои танзими шароит, яъне машрута, дар ҷомеа нест”,-мегӯяд Умед Ҷайҳонӣ.

Ба ин тартиб, меҳмони барнома баҳси миллату забонро ингуна бо ҳам рабт медиҳад: “Ин аст, ки забонеро дар Тоҷикистон, ки давлат барои худ забони расмӣ эълон кардааст як забони маснӯӣ мебошад. Дастовардҳои пешинро нодида мегирад. Яъне, як забоне аст, ки аз соли 1924 то 1994-ро дарбар мегираду бас. Ҳатто нишони Тоҷикистон ҳам ҳамин даврони 1924 - 1994 бозтоб медиҳад, на таърихи 1300 ё 2700 ё 6000 солае, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон аз он мегӯяд”.


Мӯҳр
Миллатгаро
Ин мардак айнак монда худро донишманд гирифта, суханҳо аз сирри миллӣ мезанаду онро фош месозад. О худи ту миллат ё шояд аз ин миллат набоши, вале Тоҷик миллат буд ва миллат хоҳад монд (албатта бо хости Худо). Вале як чиз мусаллам аст, ки ту баринҳо буданди, ки аз аввалҳои асри 20 бо чунин "донишмандӣ" ва ғояҳои хатои пантуркистона, тоҷикро "туда" (наъузанбиллоҳ) хонда аз шаҳрҳои таърихияш маҳрум сохтанд.

Табиб
Умед Ҷайҳонӣ ба фикрам беъмор мебошанд, хатман аз оби тахорати Шайх Темур нуши чон кунанд, ки то ки даъво ёбанд. Вагарна шояд, ки бемориашон авч гирад.

Хуршед
Умед Чайхонй дуруст мегуяд. Дар Точикистон сиёсат фишороварй руи равшанфикрон аст. шиорхои "хештаншиносй"-ю хазору анди дигар хама чо навиштаанд ва аммо хеч намефахманду намедонанду хамехоханд бидонанд, ки инхо яъне чй?
ва.......

ДОНИШЧУ
МУХТАРАМ УМЕД ХИЧВАКТ ТОЧИК,АФГОН ВА ЭРОН БО ЗАБОН ЯК КАРДАН ШАКЛАШОН МОНАНДИ НАМЕКУНАД.ТАХКИКОТИ ШУМО БА ГАЙР АЗ САФСАТА ДИГАР ЧИЗЕ НЕСТ. БА ГАЙР АЗ ХОЧАГОНАТ.МИСОЛ ШАКЛИ ТУ БА ТОЧИК МОНАНД ХАСТ ЛЕКИН СУХБАТАТ БО ЭРОНИХО.ЯК БОР КИТОБИ БОБОЧОН ГАФУРОВ-РО ХОН.

.
Рост мегуяд Чайхуни. Точик миллати кулл нест. Точик иборат аст аз хучанди, кулоби, дангараги, гарми, хисори, ванчи, дарвози.....

Бузургвор Ҳофиз дар посух ба касоне чун «Миллатгаро», «Табиб» ва амсолашон фармуда:
Гар баде гуфт ҳасудеву рафиқе ранҷид,
Гӯ ту хуш бош ки мо гӯш ба аҳмақ накунем.

Азамат
Ҷаноби Ҷайҳонӣ, ба Шумо хеле эҳтиром дорам. Аммо дар масъалаи давлат ва ҳукумат иштибоҳ кардед. Барои ин хуб мебуд, ки китобҳои Аристотел, Макиавели ва дигаронро як бор варақ занед.
Ба як ҷумла мехоҳам бигӯям, ки ҳукумат дастгоҳи идоракунии давлат аст. Боз соддатар: давлат худрав асту ронанда ҳукумат. Хоҳиш мекунам, дар ин камтар бештар мутолиа кунед... Ба дигар назарҳоятон мувоффиқам. Даст мерезод!

Фирдавс
кош сафи чунин донишмандони миллатдуст бештар мегардиду дар хукумат ва давлат рох меёфтанд ,дар 5 сол пешрафтататрин мамлакати Осийи Маркази мешудем!

Умеди Чайхониро ман аз хурди хуб мешиносам, у таърихи гузаштаи худро намедонад, пас аз кучо чи будани миллатро донад...
Чуноне, ки бузургон гуфтаанд:
Хазорсола рох аст аз ту то ба мусулмони,
Хазор соли дигар то ба хади инсони.

Ин ду тан чунуни чи меган, бобо. Бахси достони Хару буббулро ба ёд меоранд. ...Чу булбул гуш кард ин довариро, Мучассам дид дар кози хареро. Худоё аз харон моро нигах дор, Аз ин хардоварон моро нигах дор.

yor
Komentho az on guvohiand ki yo dushmane dar bar dorem you hakikatan ham to milat shudanamoh 1000 soli digar darkor.

Ofarin Umed, Haq boyd guft chiqadar talkhe ham naboshad.

Устоди мухтарам миллати точикро ин кадар паст назад. Аз мутоила ва шунидани Мавзуи Мазкур хело гамгин шудам. Ман бо миллатгаро ва табиб хамфикр мебошам.


Дар Тоҷикистон бояд забони форсии дари ба ҷай пешинай худ бар гардад ва ҳатто навишти форси ҳам бар гардад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)