Миннатдории сафири Тоҷикистон ба мақомоти Олмон
Маликшо Неъматов, сафири Тоҷикистон дар Олмон бо вакили Бундестаги ин кишвар, Оливер Казмарек ва раиси раёсати Ҷамъияти олмонӣ оид ба дастгирии маориф, рушд ва ёрии тиббӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд буда Дирк Фиссмер мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин вохурӣ рӯзи 23 апрел дар шаҳри Берлин баргузор шудааст.
Ҷонибҳо дар ин мулоқот масоили вобаста ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон дар соҳаҳои гуногунро баррасӣ кардаанд. Инчунин дар вохурӣ лоиҳа оид ба дастгирии шахсони маъюб дар Тоҷикистон муаррифӣ шудааст.
Сафири Тоҷикистон дар навбати худ аз дастгирӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ дар Тоҷикистон аз сӯи Олмон истиқбол карда, изҳори миннатдорӣ намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |