Бахшҳо
24 апр 2015 12:06Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Талаби 3 солу 9 моҳи зиндон барои Бурҳон Абдуллоев

Айбдоркунандаи давлатӣ барои Бурҳон Абдуллоев, яке аз саҳмдорони бозори “Ином”-и Шаҳритӯс, ки ба қасди оташ задани ин бозор гумонбар дониста мешавад, аз додраси парванда 3 солу 9 моҳи зиндон талаб намудааст.

Дар ин бора Раҳматилло Зоиров, яке аз вакилони мудофеи Бурҳон Абдуллоев рӯзи 24 апрел ба “Озодагон” иттилоъ дода, афзуд, ки ӯ 23-юми апрел зимни мурофиа дар додгоҳи вилояти Хатлон бегуноҳ будани зерҳимояаш ва сохтакориҳо нисбати ӯро исбот кардааст.

Раҳматилло Зоиров мегӯяд, айбдоркунандаи давлатӣ ҳукми зерҳимояашро тибқи моддаҳои 32 қисми 4, тайёрӣ ба ҷиноят ва моддаи 255 қисми 2 - қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк талаб кардааст, ки дар мурофиаҳои додгоҳӣ ягон амали ҷиноятии Бурҳон Абдуллоев бо ин моддаҳо исботи худро наёфтаанд: “Чунки Бурҳон Абдуллоев умуман гунаҳкор нест ва ин ҳама нисбати ӯ сохтакорист. Қаблан телефонҳои ӯро гуш мекардаанд, ки дар суҳбатҳои телефонӣ низ ҳеч чиз наёфтаанд. Ҳоло фаҳмидан лозим, ки чӣ хел бе санади судӣ, ғайриқонунӣ телефонҳои ӯро гуш кардаанд?”.

Раҳматилло Зоиров афзуд, дар назар аст, ки рӯзи чаҳоршанбеи 29 апрел ҳукми зерҳимояаш аз ҷониби додраси додгоҳи вилояти Хатлон содир гардад.
Қаблан додгоҳ Бурҳон Абдуллоев, соҳибкори тоҷикро, ки барои бозори “Ином”-и Шаҳритӯс бо Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси президент кашмакаши додгоҳӣ дорад, ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум намуда буд.

Хонаводаи Абдуллоев яке аз саҳҳомони бозори “Ином” дар ноҳияи Шаҳритӯс ба шумор мераванд, ки бо додарарӯси президенти кишвар - Муҳибулло Саъдуллоев сари тақсимоти ин бозор баҳси додгоҳӣ доштанд. Моҳи майи соли гузашта Додгоҳи олии иқтисодӣ қарор кард, ки бозор байни тарафҳо 50 ба 50 тақсим карда шавад. Абдуллоевҳо аз ин қарор ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурда, эълон карданд, ки дар сурати расидагӣ нашудан ба шикояти онҳо ба барномаи телевизиони "Пуст говорят"-и шабакаи аввали телевизиони Русия муроҷиат хоҳанд кард.
Мӯҳр
Хуб химмати марди карданд шукрона кун 20 Сол медодан чикор мекарди мисли зайд Саид бегунохам гуфта солхо мешишти

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)