Бахшҳо

Сержанти милиса хонандаи синфи 10-ро аз ғарқшавӣ наҷот додааст

Боз як корманди мақомоти пулис дар шаҳри Хуҷанд духтараки ноболиғеро, ки қасди худкушӣ доштааст, наҷот додааст.

Акбар Шарифов - масъули дафтари матбуотии Раёсати корҳои дохилӣ дар Суғд ба “Озодагон” гуфт, рӯзи 25 апрели соли равон, тахминан соатҳои 10:00, толибилми синфи 10-и яке аз макотиби шаҳри Хуҷанд худро аз болои пул ба дарёи Сир партофтааст: “Сержанти милиса, корманди Хизмати посбонию пайраҳадории милисаи Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд Алишер Шарифов аз паси ин духтари ноболиғ худро ба дарё партофта, ӯро наҷот додааст”.

Манбаъ афзуд, Алишер Шарифов аз моҳи декабри соли 2014 ба ин сӯ дар Хизмати посбонию пайраҳадории милисаи Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд кор мекунад.

Аз аввали соли равон ин сеюмин ҳолатест, ки кормандони мақомот аз худкушии одамон дар маркази маъмурии Суғд ҷилавгирӣ мекунанд. Қаблан, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон эълон кард, 19 апрел кормандони ин ниҳод як духтари 19-соларо, ки худро аз болои пули Исмоили Сомонӣ ба дарёи Сир партофтааст, наҷот додаанд. Рӯзи 25 март бошад, Парвизҷон Ёқубов, сержанти милиса Мавзуна Зокироваи 28-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки бо қасди худкушӣ худро ҳамчунин аз болои пули дарёи Сир ба зер афканд, аз ғарқшавӣ наҷот дод.
Мӯҳр
Офарин корманди милитсия. Ба фикри ман дар сохили дарё Сир барпо намудани як постгохи махсуси начотдихи айни муддахост.

MiRzozoDA
Ин худкуши дар Вилояти Сугд муд шудааст аз Худо тарсед

Истиклол
ОФАРИН, КАНД ЗАНЕД,

Юсуфали
Дар хучанд сержантхо рохи нави гирифтани рутбаро ёфтанд wink

табиби мардуми
дар баробари начотдодани одамон агар кормандони "мухтарам"и милитсия аз фишор бололи мардум даст мекашимдед хуб мешуд дар бештари маврид сабаби худкуши тахкир ва фишор мебошад. аммо дарёи Сир хам монанди гуруххои алохижа ба духтарбози шак пайдо кардааст, чи факат духтарони наврасро даъват мекунад тавба боре шунидаед, ки як кампири хучанди худро ба дарёи Сир партофта бошад.

RIZVONI SAYF
ozodagon Itimos dar borai afzoish yoftani khudkushi dar Tojikiston 1 tahkikoti Zhurnalisti guzaroned sabahoyashro muayan kuned peshaki rahmat

сержант
Барри онки обруи рафтаи милисаро бардоред инхели сахнахо бисер месозед лекин бо он масхарабозихо мушкил аст мардум шуморо бовар кунад.

Ойбегим
чавонони имруза хеле ва хеле нозук!! писару духтар баробар нозук!
аз бини боло ки гап зади шантаж мекунанд бо худкуши ва аблахашон мекунанд ин корро...
духтарони шимол (айнию хучанду панчакент) факат мехоханд ки шавхар хама вакт дар пешашон бошад, хушомадгую гапгири зан бошад - ба ин хотир талок хело бисер аст дар шимол
90 дарсади ин мушкилихо халшаванда аст агар зан бо шавхар сухбат кунад на ин ки шантажу доду вою тахкири якдигар!

Ин бечорахо боз аз барои "коко=кок" риштароши ва манъ кардани ХИЧОБ аз тарси МИЛИСА ба дарё худро напартофтаанд-а ?????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)