Бахшҳо

Профессор Умаров: Оҷонсӣ ва прокуратура ба Президент омори ҳақиқӣ нишон намедоданд

Ҳоҷимуҳаммад УМАРОВ, профессор

(Дар ҳошияи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коррупсия)

Дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти кишвар, ки 17 феврал баргузор гардид, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кард. Ин суханронӣ хеле ҷиддӣ буд ва аз он шаҳодат медод, ки Сарвари мамалакат аз вазни кунунии фасод, яъне коррупсия ва мубориза алайҳи он на танҳо дар ташвиш аст, балки онро ҳамчун хатари ҷиддӣ ба ҳаёту мамоти ҷумҳурӣ мепиндорад.

Баъзе донишмандон бар он ақидаанд, ки тавассути каналҳои гуногуни иттилоотӣ ба президент саҳнаи ҳақиқии коррупсия, яъне ба тамоми фаъолияташ намудор шудааст ва ӯ дарк кардааст, ки чунин миқёс ва сурати рушди фасод метавонад барои давлату миллат хатари марговар гардад. Аз ин рӯ зумрае аз коршиносон мегӯянд, ки ҷаласаи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ (17-феврал) дар таърихи навини Тоҷикистон саҳифаи дурахшоне хоҳад буд. Дар айни замон, ақидаи пессимистон дар он аст, ки ин ҷаласа тобиши пешазинтихоботӣ дошт. Ман ба ин ақида розӣ нестам, зеро агар ҳамин тавр мебуд Президент коррупсияро ба терроризм ва экстремизми сиёсӣ дар як қатор намегузошт.

Бояд гуфт, ки сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар омӯзиш ва тафтишҳои ҷиноятҳои коррупсионӣ чандон ҳиссагузорӣ накардаанд ва хатари онро нисбат ба амнияти миллӣ дарк накардаанд. Нисбат ба ҳамаи ин сохторҳо Президенти Тоҷикистон миқёси ин хатарро нисбат ба давлатдорӣ ва манфиатҳои муҳимтарини миллӣ бештар ва хубтар дарк кард. Аз суханрониаш фаҳмидам, ки «гӯрков»-и давлату миллат будани коррупсионерон ба ӯ маълум гаштааст. Аз ин рӯ, Президенти кишвар мехоҳад, ки ҷомеа нисбат ба ин хатари марговар канорагирӣ накунад, балки барои аз бех кандан ва сӯзонидани решаҳои он аз як гиребон сар барорад.

Мутаассифона, мансабдорони сатҳи гуногун ба Президент иттилооти ҳақиқиро нишон намедиҳанд ва ӯро бо оморе таъмин менамоянд, ки аз будаш маротибаҳо кам мебошад. Ин бобат мисолҳо хеле зиёданд. Масалан, таи панҷ соли охир Агенти давлатии назорати молиявӣ ва мубориза ба коррупсия оид ба заминфурӯшӣ 290 парвандаи ҷиноятӣ кушодааст. Дар ҳамин давра мақомоти прокуратура оид ба ин масъала 441 парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст, яъне ҷамъулҷамъ 731 парвандаи ҷиноятӣ. Бо боварии том гуфта метавонам, ки танҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ шумораи потенсиалии чунин ҷиноятҳо аз 1000 бештар бошад. Заминҳои ҳосилхез ва объёришавандаи собиқ колхозҳои «Победа», «Россия», «Ленинград», «Съезди 21-уми партия», «Совхози Варзоб» куҷо шуданд? Дар майдонҳои кишти зироатҳои кишоварзии ин хоҷагиҳо якчанд ҳазор кӯшкҳою қасрҳо сохта шуданд, ки ҳиссаи калони онҳо моли мансабдорони самтҳои мухталиф мебошанд. Ҳамаи вазъро дар Ваҳдату Бохтар, Вахшу Ҳисор, Турсунзодаю Хуҷанд ва ғайра мушоҳида кардан мумкин аст. Ин бобат вазъи омор хеле хароб аст. Масалан, мувофиқи омор майдони заминҳои корам дар ноҳияи Рӯдакӣ соли 1991 ба 23511 ге. Соли 1995 ба 22476 ге. Соли 2000 ба 27889(?), соли 2005- ба 23108 га, соли 2007 ба 24231га, соли 2009- ба 22622га, соли 2011-ба…………. га, соли 2013- ба ……… га мерасиданд. Ин ҳама «қиссаи муш ва гурбаи Афандӣ» аст, яъне хок бар сари чунин омор.

Оё сохторҳои қудратӣ намедонанд, ки дар Тоҷикистон бозори ҳамаҷоя рушд кардаи ниҳонии замин вуҷуд дорад? Оё онҳо намедонанд, ки дар кишварамон замин моликияти давлатист ва предмети хариду фурӯш шуда наметавонад? Оё онҳо намедонанд, ки дар байни ноҳияҳо ва дар дохили ноҳияҳо нархи як садяк замин чӣ фарқияте дорад? Оё онҳо намедонанд, ки ҳокимияти маҳаллӣ яке аз субъектҳои ҳамин бозор мебошад? Албатта медонанд.

Дар омади гап бояд гуфт, ки дар навбати аввал он заминҳое вориди бозори пинҳонӣ гаштанд, ки дар атрофи шаҳрҳо ҷойгир шуда буданд. Мувофиқи нақшаҳои вақт ин заминҳо аҳолии шаҳрро бо ширу гӯшту тухм, сабзавоту мева таъмин мекарданд. Сухан дар бораи минтақаҳои назди шаҳрии маводи ғизоӣ меравад. Бидуни шубҳа, болоравии нархҳои маводи озуқа дар бозорҳои шаҳрӣ (бидуни гандум ва орд) яке аз натиҷаҳои андуҳвори талаю тороҷ намудани заминҳои атрофи шаҳрҳо мебошад. Ба ақидаи ман, маблағи солонаи фурӯши заминҳо сар то сари ҷумҳурӣ 200 – 300 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва ҳамаи ин маблағ ба ҷайби ағёроне медарояд, ки аз ҷинояткорону мансабдорон иборат мебошад. Воқеан, чунин маблағ ба буҷаи давлат ворид мешуд, қисмати асосии душвориҳои муосири буҷа паси сар мегардид. Агар ин заминҳо фурӯхта намешуданд, бехатарии озуқавории кишвар дар сатҳи нисбатан баланд таъмин мегардид. Рушди бозори замин садҳо ҳазор коркунонро аз шуғли асосиашон маҳрум кард ва онҳо муҳоҷири меҳнатӣ шуданд, ки ин боиси афзоиши таҳдидҳо гардид.

Зикр кардан зарур аст, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон сохтмони манзил ва рушди шаҳрҳо аз ҳисоби заминҳои ҳамвори обёрӣ мамнуъ мебошад. Сохтмони манзил дар рустоҳо ва шаҳрҳо аз ҳисоби талу тепаҳо ва пешкӯҳаҳо ривоҷ меёбад. Тоҷикистон кишвари камзамин аст ва танҳо душманони қаттоли миллату давлат заминҳои обиро метавонанд ба коми бозори ниҳонӣ партоянд. Аз ин рӯ, талаю тороҷи заминҳои обӣ бояд дар маркази диққати Кумитаи амнияти миллии ҷумҳурӣ бошад, зеро бозори номбурда агар мамнуъ нашавад, сабаби бадбахтиҳои ҷомеа хоҳад шуд.

Воқеан, дар байни коррупсия ва экстремизму терроризм алоқаҳои бевоситае вуҷуд дорад, ки аз назар пинҳонанд ва аз омили вақт вобаста мебошанд. Риштаҳое, ки онҳоро мепайванданд, хеле зиёданд, аммо мо ба ду омиле таваҷҷуҳ мекунем, ки метавонанд дар ниҳояти кор сабаби рушди экстремизм ва терроризм шаванд. Сухан дар бораи ислоҳоти замин ва ислоҳоти маориф меравад.

Ислоҳоти заминро бе коррупсия тасаввур кардан амри маҳол аст. Дар асл ташкилотчиёни ин ислоҳот аз ҳар як садяки замин даромади ғайриқонунӣ, яъне коррупсионӣ гардиданд. Расман гӯё ин ислоҳот ба дӯши фасод рӯй дода бошад. Аммо ин тавр нест. Президенти Тоҷикистон беҳуда генерал Раҳимзодаро даъват накардааст, ки ба мардум наздиктар бошад. Ин суханони Сарвар ба кулли сохторҳои қудратӣ ва вазоратҳои блоки иқтисодӣ дахл дорад. Яъне президент мехоҳад, ки ин мардум ба рустоҳо ва маҳаллаҳо равад, бо мардум самимона, рӯбарӯ шаванду суҳбат кунанд ва оид ба масоили сангини аҳолӣ иттилооти комил ҷамъ оваранд. Суҳбатҳои самимона ва холисона мардумро водор месозад, ки дарди дили худро рӯирост бигӯянд. Онҳо мефаҳманд, ки касе заминро бе подош нагирифтааст. Хоҳ замини кишоварзӣ бошад, хоҳ замини барои сохтмони истиқоматгоҳ.

Дар рустоҳо баъди ислоҳоти замин мушкилиҳои зиёде пиёда шуданд. Майдони кӯчаки замин, норасоӣ ё нобудии воситаи молиявӣ, набудани дастгирии давлатӣ, дастрас нашудаи мошинолотҳо ва воситаи техникаи дигар, нуриҳои маъданӣ ва воситаи муборизаи зидди ҳашароти зарарасон ва касалиҳои зироатҳою чорво, андозҳои баланд интизориҳои деҳқононро оид ба даромадҳо аз кишоварзҳо ҷалб нагардонидаанд ва онҳо барои мардикорӣ ба хориҷи кишвар миён бастанд. Тақрибан 85% муҳоҷирони тоҷикро мардуми рустоӣ ташкил мекунад, ки дар Русия ба сохтмон ва рӯбучини кӯчаю майдонҳо машғуланд. Зарбаи асосии буҳрони иқтисодиро аввал ҳамин гурӯҳи муҳоҷирон мебинанд, коркунони саноату соҳаҳои иҷтимоӣ. Мутаассифона, чунин зарбе як қисмати иродаи сустдоштаи онҳоро водор месозад, ки ба таклифи намояндаҳои созмонҳои террористӣ розӣ шаванд ва ба қисматҳои «ҷӯшони сайёра» (Либия, Ироқ, Сурия) раҳсипор гарданд. Кадом қисмати муҳоҷирони меҳнатӣ ба доми созмонҳои террористӣ дучор мешаванд? Ҷавоби дуруст чунин аст: камбағалони чаласавод ва ё бесавод. Яъне ашхосе, ки зимни ислоҳоти фасодолудаи замин қашшоқ шудаанд ва аз чаласаводӣ дар муҳоҷират мавқеи худро пайдо накардаанд.

Хонандаи ин сатрҳо бояд фаҳмида бошад, ки омили ҷиддии экстремизм ва терроризм ин чаласаводӣ ва ё бесаводӣ дар байни ҷавонон мебошад. Имрӯз шубҳае намондаст, ки ҳаракати толибон, ал- Қоида, ДИИШ ва ғайра асосан аз ашхоси чаласавод ва ё комилан бесавод иборат мебошанд. Онҳое, ки худро муҷоҳиди Оллоҳ метарошанд, на аз Қуръони шариф, на аз ҳадиси пайғамбар (с) хабардоранд. Онҳо қобилияти фикрронии мустақилро надоранд. Онҳо «қоғази сафед» ҳастанд, ки дар он ашхоси мақсадҳои ботили сиёсидошта ҳар чӣ ки хоҳанд, менависанд.

Мутаассифона, дар Тоҷикистон баъди пошхӯрии Иттифоқи Шуравӣ насле қомат рост кард, ки асосан аз чаласаводону бесаводон иборат аст. Он маҳсули асосии коррупсия мебошад. Пеши роҳи ин ҳаводисро сари вақт гирифта наметавонистанд. Аз ҳамон рӯзҳои солҳои 90, ки дар мактабҳо пулҷамкунӣ сар шуд, макотиби миёна ва олии Тоҷикистон ба фасод рӯбарӯ шуда буд. Пеши роҳи ин вазъи ногуворро сари вақт нагирифтанд. Шубҳа нест, ки қисми назарраси пулҳое, ки хонандагон меоварданд, ба ҷайби муаллимон, директорон ва роҳбарони созмонҳои маориф ворид мешуданд. Ба ин сабаб як ҳиссаи маблағҳои буҷавӣ низ бидуни мақсад истифода мешуданд. Кор ба ҷое расидааст, ки ҳоло яке аз сабабҳои муҳоҷирати меҳнатии бурунмарзӣ ин бо пайса таъмин намудани таҳсили мактабӣ шудааст ва маблағи пулҳои аз хонандагон ҷамъоварикарда сол аз сол меафзояд. Бо вуҷуди ин саводнокии онҳо сол аз сол коста мегардад. Ҳар сол шумораи тамомкунандагони аз дониш бебаҳраи Тоҷикистон афзудан мегирад.

Ҳоло мувофиқи мушоҳидаҳои коршиносон ва таҳқиқотҳои мухталиф дар байни мардикорони аз кишварҳои гуногун ба Русия омада, намояндагони Тоҷикистон аз ҳама камсаводтар мебошанд. Як зумраи зиёди онҳо ҳатто наметавонанд, ки худро мувофиқи қонун аз ғоратгарону ашхоси расмӣ ба фасод олудашудаи Русия ҳимоя карда тавонанд. Онҳо забони русиро хуб намедонанд, аз қонуни он давлат хабардор нестанд, фарҳангу таърихи кишваре, ки дар он фаъолият доранд, барояшон ношинос аст. Маънавиёти онҳо хеле қашшоқ аст. Буҳрони иқтисодӣ, ки солҳои охир ба сари Русия омадааст, пеш аз ҳама ба чунин афрод ҳуҷум менамояд. Аз қашшоқии моддӣ ва манавии онҳо чидагирони одамкуш бо осонӣ истифода мебаранд. Мувофиқи иттилооти баъзе манбаъҳо дар Сурия ва дигар нуқтаҳои «ҷӯшон»-и ҷаҳони мусулмонӣ тақрибан 2000 ҷавонони Тоҷикистон барои мақсадҳои дар асл ба онҳо номаълум меҷанганд. Дар шароити буҳрони қашшоқии моддию маънавӣ ин шумора метавонад, ки боз зиёдтар шавад ва ба хатари миллӣ табдил ёбад.

Мутаассифона, зиёиёни тоҷик ва сохторҳои дахлдори давлатӣ ин хатарро аз назари нуқсонҳои иқтисод ва иҷтимоёт норасогиҳои ислоҳоти бозоргонӣ пешгӯӣ карда натавонистанд. Андуҳовар аст, ки дар шароити миқёси васеъдоштаи камбизоатӣ ва коста шудани маблағҳо барои рушди маориф ва фарҳанг маблағҳои зиёде ба хориҷи кишвар бароварда мешуданд ва дуздӣ аз дохили кишвар авҷ мегирифт. Ин фактҳо имрӯз ба ҳамагон маълум аст.

Мувофиқи тавсияҳои коршиносони хориҷӣ чунон ислоҳот дар маориф гузарониданд, ки он сабабгори боз ҳам бесаводтар гардидани аҳолӣ гардид. Вақте ки дар як синф ба ҷои 20-22 хонанда 40-45 кас мешинад, муаллим комилан қобилияти ба хонандагон додани дониши зарурии замонавиро гум мекунад. Барои муқоиса бояд саркардаҳои маориф донанд, ки солҳои 70-ум ва 80-ум асри гузашта дар Иттифоҳи Шӯравӣ ва аз ҷумла дар Тоҷикистон бояд мактаби миёна ба зинаи сифатан нав ба системаи кабинетии таълимӣ мегузашт, ки он донишу малакаҳои таҷрибавӣ хонандагонро ба маротибаҳо зиёд менамуд. Ба ақидаи ман системаи маорифи имрӯзаи Тоҷикистон 20-30 соли наздик ба ин мақсад расида наметавонад.

Хеле таҳайюровар аст, ки ҳамаи давлатҳое, ки бо маслиҳати коршиносонашон дар Тоҷикистону давлатҳои пасшӯравӣ ислоҳоти замин ва маориф пиёда мегардид, бо дасти коршиносони тахассуси дигар доштаашон ҳаракати толибон Ал-қоида ва ДИИШ -ро «эҷод» мекунанд. Чунин коршиносон то ҳоло вонамуд мекунанд, ки гӯё аз ислоҳотҳои дастолудшуда хатар надошта бошанд.

Эҳтимол баъзеҳо чунин мекунанд, ки ҳар қадар омма чаласаводтар ва ё бесавод бошад, ҳамон қадар идора кардани он осонтар мегардад. Ин хати сифр аст. Ва танҳо одамони ақли комил надошта ва ҷоҳил ба чунин хато роҳ медиҳанд. Дар шароити муайян ин қоғази нонавишта метавонад ба маводи таркиши табдил ёбад, ки қувваи хеле даҳшатангез ва фоҷиабор дорад. Бале, маориф ба ислоҳот ниёз дошт ва он боиси боз ҳам баландтар шудани дониш ва ақлу идроки хонандагон мешуд. Чунин ислоҳот бе афзудани хароҷоти давлат нисбат ба ҳар як хонанда ғайриимкон мебошад. Мутаассифона, ба ҷои ислоҳоти ҳақиқии бунёдкорона маориф ба чунин «ислоҳоте» рӯбарӯ гашт, ки тавассути он васоити назарраси давлат ва аҳолӣ ба яғмо бурда шуданд. Дастандаркорони ислоҳоти маориф дар натиҷаи «амалӣ» гардидани чунин ислоҳот соҳиби маблағҳои пулии зиёд, қасрҳо ва нуқтаҳои сершумори савдо ресторану ошхонаҳо шуданд. Роҳбарони оҷонсии мубориза алайҳи фасод ин бобат доимо ҷор мезаданд. Аммо гурбаи ягон дастандаркори ин ислоҳотро пишт гуфта наметавонистанд.

Хусусан, вазъият дар мактаби олӣ дилбеҷо кунандааст. Он ҳоло ба бозори фурӯши баҳо табдил ёфтааст. Солҳои сол «кадрҳо»-е тайёр мекунанд, ки ба он на давлат ва на ҷомеа эҳтиёҷ дорад. Баъди хатми донишгоҳҳо аксари зиёди тамомкунандагон наметавонанд соҳиби кори ба ихтисос мувофиқ шаванд. Тамоми ҷомеа аз ин вазъи ногувор хабардор аст, аммо ягон чораи зарурӣ дар самтҳои давлати дида намешавад. Шармандагӣ дар он аст, ки аз ҳалли дар бораи набудани фасод он роҳбароне ҳарф мезананд, ки донишгоҳашон бештар ва чуқуртар ба фасод ғӯтидааст.

Бояд сухангӯии Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як мактаб (олӣ ё миёна) мавзӯи таҳлили вазъи реалии коррупсия гардад. Мутаассифона, ҳам роҳбарони соҳа, ҳам макотиб ин бобат хомӯширо интихоб карданд. Онҳо эҳтимол Сарвари давлатро бо гуфтаи Мао Тзе Дун ҳамчун пирамарди соябонаш сӯрохшуда мебинанд. Мутаассифона, аз атрофиёни Президент касе нест, ки оид ба чунин рафтори роҳбарони соҳаи маориф ба ӯ ҳақиқати ҳолро гӯяд. Ба ӯ гӯяд, ки омилҳои дар ин соҳа вуҷуддошта дер ё зуд ба толибизатсияи «ҷамъият» оварда мерасонад ва ба ДИИШ пайваст шудани беш аз 2000 шаҳрванди Тоҷикистон «ғунчаҳо»-и аввалини чунин тамоюли бесаводшавии наслҳои нави кишвар мебошанд.

Мубориза алайҳи коррупсия талаб мекунад, ки сартосари ҷомеа ин ҳолати харобиовар ва барои давлату ҷомеа фоҷиабор мавриди муҳокимаи рӯирост қарор гирад. Дуздон, қарақчиён «рекетҳои» давлатӣ ва дигар ашхосе, ки вазифаи давлатиро барои пур кардани киссаи худ истифода мебаранд, бояд назди касоне, ки ба онҳо уқубатро раво дидаанд, ҳисобот диҳанд, аз вазифа барканор ва ҷазо дода шаванд. Чунин зарурият аз сухангӯии сардори давлат пеш меояд.

Мутаассифона, ин бобат дар ҷомеа афкори фалсафӣ ҳувайдо нест. Блоки қудратии ҳукумат ба ҳаллу фасли он бахши фасод машғул ҳаст, ки алоқаҳои натоиҷиро инъикос мекунад(дар сатҳи хеле паст). Ба пешгӯӣ намудани алоқаҳои хусусияти сабабӣ доштаи фасод бояд блоки иқтисодии он ва Кумитаи амнияти миллӣ машғул бошад. Чунин фаъолият таҳқиқоти ҷиддии илмиро тақозо менамояд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ ягон ниҳоди илмӣ чунин таҳқиқот намебарад. Оид ба масоили зикр гардида бо супориши Шӯрои амният баъзе аз ҷустуҷӯҳои илмӣ аз ҷониби пажӯҳишгоҳи иқтисоди назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо то соли 2009 пиёда мешуданд. Аммо бо сабабҳои маълум бо ташаббуси вазири вақт Ғулом Бобоев ин пажӯҳишгоҳ барҳам дода шуд ва «ба сари илми иқтисод об рехтанд». Ҳоло зарурияти барқарор намудани чунин тадқиқот хеле муҳим аст ва набудани он боиси фасоди зиёде хоҳад шуд. Хеле зарур аст, ки пажӯҳишгоҳи номбурда аз нав ташкил гардад ва ба омӯхтани таҳдидҳо ва хатарҳое, ки аз назари иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пайдо мешаванд, миён бандад.

Аз суханронии Президент хулоса ба миён меояд, ки дигар коррупсияро тоқат кардан – ин «табар задан ба решаи миллату давлат» аст ва аз ин рӯ, дар як муддати кӯтоҳ барои нест кардани он муҳити мусоиди ниҳодӣ бояд фароҳам овард.
Мӯҳр
.
Мухтарам профессор маколаатонро хондам, лекин аз чумлахои охиратон фахмост, ки шумо гарази шахси доштаед. Яъне хамон институте, ки он чо кор мекардед, хамонро баркарор кунанд. Афсус, ки гуфти русхо, вы тоже прогнулись. Фикри шахсии ман ин аст, ки аз баркарор кардани институти шумо, коррупция дар Точикистон кам нахохад шуд. Аз ин гуна институтхо ягон фоида нест. Боз чанд нафар тайерхур барои бучаи кишвар.

хуб
хеле тахлили оли буд ...зинда боши устод

Ин гуфтахои Шуморо хурду калони мардум медонанд, аммо инро ба рохбари давлат чи тавр пешниход мекунанд инаш маълум нест. Фасодкори дар хуни рохбарон ва кормандони катории моён чорист ва системаро аз ин касалии сирояткунанда табобат намудан хеле душвор гардидааст. Ба иктисодони одди аён аст, ки дар холати истехсолоти доимии дохилиро ба рох намонем, махсулоти талаботи бозоргирро ва аз хисоб воридоти асъорхои хоричиро ба дохили чумхури зиёд накунем ман боварии комил дорам, ки бо таксимоти(фуруши) заминхои хуби хосилдех ва сохтмонхои 20-30 ошёна на бучаи давлат пур мешавад ва дар охир пиёзи сабз, тибит ва гашничро низ аз беруни чумхури воридот менамоем. Хайрон аз он мемонам, ки наход аъзои хукумат ва атрофи рохбари давлат факат хамин рузи дар мансаб буданашонро фикр мекарда бошанд ва бо ракамхои дуруги омори кори харрузаи худро каноатбахш ва аъло мехисобида бошанд.

Саид
Дар маориф махсусан то вакте ки ин насли кабинетнишину галстукбанд хастанд хич ислохотеро тасаввур кардан номумкин аст. Факат он афроде метавонанд, ки аз ислохоти сохаи маориф дар сатхи байналмилал бохабар бошанд, дигар илоче нест. Шахсони аввали ин соха боясти комилан аз ин вазифахои масъул озод карда шаванд. Наметавонанд онхо, наметавонанд, наметавонанд, хазор бор мегуем ки наметавонанд... ин хайати рохбарикунанда наметавонад, эшон бо арзишхои нав мусаллах нестанд, хабар надоранд.

Профессори мухтарам ман тамоми маколларо нахондам, аммо аз аввалаш маълум аст, ки шумо бо тарзу усули хушомадгуйи ва калимахои зебо ин масаларо пеш оварда максадхои шахсии худро амали карданиед! Ин суханонро хама медонанд ба МО рохи халли он лозим АСТ на шаф шафи шумою дигар Рохбарони Олии кишвар! Шахсан шумо барои пешгирии ин раванди номатлуб чи Кор кардаед? Ягон китоб, мачалла ва е дигар чизе ки пешгирии коррупция дар он иньикос ефта бошад навиштаед е не ? Барои чи профессорони МО доим лаганбардоранд ? Шумо шоир е хофиз не ку пеши хама вазифадоро хушомад гуед! Равед кори илми нависед ки дар амал татбик карда шавад на гапи хавои ... Озодагон Чоп кунед гапи хакро! Ман холо хам ба шумо бовари дорам !

Э, Хочимухаммад Умаров. Номи поки генерал Шерхон Салимзодаро бо манфиати шахсй ва гурухй догдор накунед. Айб. Боз хочй будааст -е.

маколаро нахондам барои он ки медонам чи гап аст дар мазмун ин хармхури дар мо бе табобат аст фарзандони мо хам мехоханд хонда дар корупсия прокуратура налог таможни кор бикунанд то хато худам мефорама дар налог кор бикунаму монанди налоговикои бозори корвон ба точирон фишор биераму пули хароми муфт гирам хаааааааа.

Дар хакиакат устод дуруст кайл кардандю Бо ура ва интузиазми бепоя пеш намеравем. Дуруг дар сатхи давлати уонуни шудааст

Дар чамоати Истиклоли нохияи Спитамен баъди баргузории чаласаи Шурои амният бо рохбарии Президенти кишвар як корхонаи коркарди махсулотхои кишоварзиро несту нобуд карда заминашро ба мардум 2500 доллари ба хар як сотикаш фурухтан. Ферма. Гараж истгохи наклиётхои хочагии кишлоки дехаи Саидкургон низ несту нобуд шуд. Ин заминфурушонро наход хеч ягон макомот чораандози накунад. Дар чамоати Истиклоли дехаи Саидкургон заминфуруши ва фурухтани амволи сохахои ичтимои тамом шуд хеч чиз намонд на хонахои фарханг. На иншоотхои обтаъминкуни, на беморхона, на китобхона афсус...

Ман фикр мекунам ки профессор новобаста аз тахлили кур курона бо ин суханхо пеши Додситони Кулл р. Юсуф ва рохбари Агенти зидди фасод Р.эмомали хушомадгуйи дорад! То ин дам дар кучо буди? Чаро дар расм устод Салимзодаро гузоштед? Шумо барин 1000 поофессори бесавод ба як хизмати Салимзода намеарзед, барои он ки шумо продажниед! Умуман дар тамоми кишвархо, чи уламо, чи санъаткорон ва чи журналистон зуд акидаи худро иваз карда даст ба хоини мезананд! Аммо дар даври сулху субот чин ин профессора МО корашон факат чангандозию танкиду тухмат ва максадашон бошад нафс!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)