Барканории раиси се ноҳияи Душанбе бо фармони Президент
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон раисони се ноҳияи шаҳри Душанбе аз мақом барканор ва вазифаи нав гирифтаанд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, бо фармони президент Сафаров Зафар Абдуллоевич аз вазифаи раиси ноҳияи Сино, Алиев Саиднурдин Акрамович аз вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва Бобоев Самандар Қурбоналиевич аз вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озод шудаанд.
Ҳамин тариқ Эмомалӣ Раҳмон бо имзои чанд фармон Саиднурдин Алиевро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Сино, Ҷамшед Табаровро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва Сайдамир Сиёмардзодаро раиси ноҳияи Шоҳмансур таъин кардааст. Сиёмардзода то ин вақт раиси ноҳияи Нуробод буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |