Вазорати умури дохилӣ овозхону навозанда меҷӯяд
Масъулини Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холӣ дар ин ниҳоди интизомии кишвар озмун эълон кардаанд.
Ба иттилои торнамои расмии ин ниҳод, дар Ансамбли созӣ-овозии “Сипар”-и Вазорати умури дохилии кишвар вазифаҳои овозхонӣ, оҳангсоз ва навозандаҳои асбобҳои мусиқии эстрадӣ ва миллӣ холӣ мебошанд.
Манбаъ мегӯяд, дар ин озмуни ВУД ба афроде афзалият дода мешавад, ки таҷрибаи кории на кам аз се солро дар ансамблу дастаҳои ҳунариро доранд: “Барои иштирок дар озмун ариза ба номи вазири умури дохилӣ, анкета ва ҳолнома, нусхаи дипломи таҳсилоти олӣ ё миёнаи махсуси касбӣ ва тавсифнома аз ҷойи кори пештара ё таҳсил пешниҳод карда шавад”.
Ансамбли “Сипар”- и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2000-ум таъсис ёфта, роҳбарии он бар души ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон полковники милитсия Умар Зиёев гузошта шуд. Хонандаҳои шинохтае монанди Ҷамшед Низомов, Кибриё Раҷабова, Шабнами Тоҷиддин, Сарвиноз Юсуфӣ дар ҳайати ин ансамбланд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |