Бахшҳо

Стратеги № 1-и назди Президент: Вуруди либосҳои “бегона” манъ ва дарси "Таърихи Ислом" ҷорӣ шавад

Худойбердӣ Холиқназаров, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кард, вуруди сарулибоси барои фарҳанги тоҷикон бегона тариқи гумруки кишвар манъ карда шавад.

Холиқназаров, ки имрӯз, 5 май зимни баргузории мизи гирд дар мавзӯи “Масоили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди пешгирии тундгароии исломӣ ва экстремизм” дар Душанбе суҳбат мекард, изҳор дошт, барои ҷилавгирӣ аз гаравидани ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротии динӣ дар макотиби миёнаи кишвар дарси “Таърихи Ислом” роҳандозӣ шавад. Ӯ инчунин хост, дар кишвар тариқи Хадамоти гумрук вуруди сарулибоси барои фарҳанги тоҷикон “бегона” манъ гардад.

Раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳур омили асосии гаравидани ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротиро, буҳрони худшиносӣ ва омилҳои дигари иқтисодию иҷтимоӣ, аз қабили фақру фасод, муҳоҷирати танзимнашуда, фаъолияти миссионерҳои хориҷӣ ва ғайра номид.
Мӯҳр
абдулох
максад аз "либосхои бегона" танхо хичобасту бас. Аммо либосхои нимбарахнае ки духтарони мансабдорон мемушанд дар ин мамнуьият дохил нест.

Кутайба
ин таърих чори шавад баъд хамааш маълум мешавад

стратеги №2
Пешниход мешавад лекин ин пешниход бояд хатми кабул шавад вагарна аз вазифа гирифта мешавед! Пешниход хамин ки хамаи кормандони МТС аз ин ба баъд бояд челак, риш, токи, эзори тик ва саллаи аз карбос духташуда монда баъд ба кор оянд! Агар кадоме аз шумо шиму костюм, курта, туфли ва чуроби хитои ва ё турки пушидед, ба маблаги на камтар аз 500 маоши хадди акал чарима карда мешавед! тамом вассалом! Аз ин ба баъд набояд бамошинхои хоиричи тамгаи мерседес, жигули, волга, запарожец, лада, тоёта, ва г... савор шавед бо шайтонаробаи бобои ба кор равед. Дастур ба хамаи кормандони МТС хатман шайтнаробаи бобоиро кашф карда бароред, зеро мо ягон навъ тамгаи мошин истехсол накардаем ва агар тамгахои мошинхои хоричи манъ карда шаванд, хами кормандони МТС барои дер рафтан ба сари кор аз кор ихроч мешаванд, зеро бо манъ шудани вруди молхои бегона ба кишвар дар мо ягон навъ мошин намемонад.

Шарманда кардед хамара, 2 миллион мухочири дар ба дари Россия ра ба кор таъмин кунед, сипас аз фарханг сухбат кунед ва аз либоси бегона.

Муаллим
Дар инчо Хукуматдорхо айбдор нестанд, балки Шурои уламо гунахкори асоси аст, ки хакикати пушиши бадани занро натавонистанд ва намехоханд ба Хукуматдорхо фахмонанд. Агар мефахмонданд, ки зан бояд дар берун бадани худро пушонад ва дар сар руймоле дошта бошад ки пеши бари синаи занро хам махкам кунад, чунки амри Худост ва дар Куръон ошкоро гуфта шудааст ва дар хадисхои фаровоне аз Паембар (с) гуфта шудааст ва ин фармони Худоро имкон надорад ки тагир дихи. Фахмонанд ки ин мамнуъ кардани руймопуши амали нохуберо ба амал меорад, норозигихо ба миен меяонд, аз ин фурсат ифротиену душманон истифода бурда, чавонони бесаводро ба доми худ фирефта алайхи Чумхури мешуронанд ва сафи ба Сурияву Ирок мерафтагихо зиеда мегарданд. Яъне бо барпо кардани гуфтугуву муколамахо байни мутахассисони Шурои Уламо, Кумитаи дин ва мутахассиони Хукумат метавонад ба хулосае биеянд, ки ба нафъи хама хохад буд. Бояд мутмаин сохт, ки руймол боиси акибмони, ифроти шудан е бесавод шудан нест, балки хушнудии мардум мешавад ва барои суботу амнияти чомеа кумак мекунад ва боварии мардум нисбати хукуматдорхо зиеда мегардад. Дар мактабу донишгоххо фавран ва хатман омузиши Маъорифи Исломро чори кунанд ва илочаш бошад, мизхои мудаввар, конференцияхо оиди Ислом бо иштироки олимону рухониен, устодони донишгоххо ва зиеиен баргузор кунанд ва дар Шабакахои Телевизиони нишон диханд. Хафтае як бор аккалан дар Шабакахои Телевизиони барномаеро тахия созанд, ки Рухониен иштирок кунанд, аз Куръону Хадисхо сухан кунанд ва ин амал боис мешавад ки чавонон аз Ислом бархурдор шаванд ва бо ин рох метавон пеши рохи гумрохшави ва ифроти шудани чавононро гирифт. Вакте чавон фахмад ки ярок гирифта Инсонро куштан гунохи бузургест, ва чиход ин кумак/хизмат кардан ба падару модар, хешовандон, мухточон чомеъа ва ватан аст, хечгох гумрох намешавад. Худованд аз фитнахо нигах дорад.

Фикри чолиб мехохам духтари точик дар мактаб бо либсхои точики яъне курта эзор дар сар руймол дошта бошад бошад. Бас аст либосхои аврупои.Хамин юбкара тезтар бартараф кунед аз байн баред зеро аз пушидани юбкахои танге, ки синфхои 9-10-11 мепушанд, хато мо мо муаллимхои чавон хар гох пойхои сафедаки талабахои юбкапушро мебинам моро ба зино чалб мекунад , хато дарстииро фаромуш мекунам. озодагон чоп кунед!!

точвар
Номи калону шахри вайрон.Маркази тадкикоти стротеги.

сино
Президент: Вуруди либосҳои “бегона” манъ

Ба гуфти инҳо аврупои худи асту либосҳои исломи бегона

Пешниходи бисёр хуб додед чаноби Худойберди. Нагз мешуд агар чавонон ба донишкадахо бо либоси милли точики ба дарс мерафтанд, на бо сатру хичоб.

Мухаммад
Чаноби Худойберди! Максадатонро нафахмидам. Либосхои барои фарханги точикон бегона яъне чи? Кастюму бурюк, туфли, либосхои варзишии мардона ва магар либосхои точики хастанд? Агар ин хамаро манъ кунед, Президент, Шумо ва дигар мансабдорон бо челаку чома сари кор меоед??? Е танхо либосхои исломии хонумхоро бегона мехисобед???

точик
Илтимос тахпуши зану мардро мисли лифчику турсикро хам манъ кунед ки хамааш аз хорича аст хамамаш аз хитоъй. инхо милли не бояд бе турсику лифчик гардем, бобову ачдоди мо кай турсику лифчик доштанд факат бо як эзори тик мегаштанд.

Муслим
Бо манъи вуруди либосҳои бегона(сатру ҳиҷоб) аз тариқи гумрук ба чизе ноил нахоҳед шуд ва ин пешниҳоди аҳмақонае беш нест. Зеро дар ҳоли манъи вуруди либосҳои ба қавли шумо "бегона" занҳои тоҷик онро худ дӯхта ба бар мекунанд.

Номхои бегона хам манъ аст!Худойберди номи туркиашро ба точики бигардонад.Ё президентро туркхо идора мекунанд?

дар бисёр маврид инсонҳои дорои иродаи заиф ҳамеша ба авомири раҳбарони бидyни кадом қайдy шарт ва бидyни пешкаши назарияи хyд таслим мешаванд. Ман Холиқназарро як марди бисёр донишманд ва дорои афкори созанда мешинохтам мутаасифона имрузҳо мушоҳида мешавад, ин афрод ҳам дигар ба давлатмардон таслим шyдандy авомири раҳбаронро бидyни кадом баҳсy барраси мепазиранд ва барои нашри он талош мекунанд. Кишвари мо имрузҳо роҳе пеш гирифта ки раҳбатони кишвари Хитой доранд афкори ғайри диниро бо зур болои мардум меқабулонанд. Соли гузашта дар сайти озодагон мақолаеро мутолиа карда будам ки мақомоти хитой мулло имомҳои масоҷидро дар майдоне ҷамъ оварда онҳоро ба зур рақсидан амр доданд ва ба ин муллоҳо амр доданд то онҳо елом кунанд кyнанд ки намозхони ба руҳи инсон зарар доранд. Ва чанд руз қабл ҳам мақолаеро дар ҷое мутолиа кардам ки дар Хитой ба тоҷирон амр карданд ки фурухтани арақ ҳатими мебошад то мардумро ба воситаи маводи спирти аз дин дур кунанд. Ба назари банда, роҳи пешгирифтаи ҳам давлатмардони кишвари мо ва ҳам кишвари ҳамсоя Хитои нодyрyст мебошад.

Сухроб
Хуш омадед ба асри миёна, не хатто дар асри миёна ин чизхо набуданд. Костюму галастука кашида чомаву дастор ба бар кунед аввал худатон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)