Бахшҳо
27 апр 2015 09:18Тоҷикистон / Сиёсат

Қунғуротзода: Дӯконҳои ҳиҷобфурӯшӣ баста мешаванд

Фотеҳ Қунғуротзода Қулмурод, сардори навтаъини Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, дӯконҳои ҳиҷобфурӯшӣ дар пойтахти Тоҷикистон баста мешаванд.

Тавре манобеи “Озодагон” иттилоъ доданд, Қунғуротзода ин нуктаро ҳафтаи гузашта дар мулоқот бо тоҷирони “Корвон”, калонтарин бозори Тоҷикистон таъкид намуда, аз тоҷирон даъват намудааст, ба фурӯши сарулибоси барои фарҳанги тоҷикон “бегона” хотима диҳанд. Сардори раёсати умури дохилии Душанбе афзудааст, либоси сиёҳ дар ягон давру замон хоси тоҷикон набуда, мардуми Тоҷикистон ҳамеша бо либосҳои фароху шинам ва серрангашон фарқ мекарданд.

Ин таъкид ва мулоқот бо тоҷирони бозори “Корвон” дар ҳолест, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, рӯзи 20 апрел дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ дастур додааст, вуруди "сарулибоси барои фарҳанги мо бегона" ба пойтахт боздошта шаваду масъулин барои барчидани сарулибоси бегона аз пойтахт тадбирҳо андешанд.

Қабл аз аз дастур барои боздошти воридот ва барчидани "либосҳои барои фарҳанги тоҷикон бегона" аз нуқтаҳои савдои шаҳри Душанбе Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон низ бо зикри таваҷҷуҳи рӯзафзуни бархе аз занони тоҷик ба либоси барои “фарҳанги мо бегона” супориш дода буд, ки барои ҷилавгирӣ аз ин раванд миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳию профилактикӣ гузаронда шавад.
Мӯҳр
Истиклол
Ришдор сатрдор кур,онхон хукми абади дода шавад ба пеш урааааа!!!!

о
Чаро мини-юбкаву шимхои чинси духтарона бардошта намешаванд? Магар онхо ба фарханги мо бегона нестанд?

Манак
Шими чинс, шортик, юбка, миниюбка соф либоси ТОЧИКИСТ. Точикон аз кадим луч мегаштанд. Ана хамин Кунгуротзодаю (ному насабаш маълум кард, ки у точик нест) дигару дигар мехоханд, ки духтарашон урён гардад??? Дар кучои Точикистон фабрикаи либоси милллли истехсол мекардаги хаст? Бовар кун агар дуконхои миниюбкафуруширо банди, 90% и бозорхои ТЧК холи мемонад.

Табиб
Чавоб ба Манак, ман мушохида кардам, ки Шумо каме бемор мебошед, хатман аз нушокихои табобатии "Оби тахорати Шайх Темур" нуши чон кунед, ки то бемориатон авч нагирад.

Идрис
Мехохам ватанамон тинчиву амони бошад вале афсус и хукумат ба корхое рафта истодааст ки мардум якруз не якруз бар по мехезанд..


Имрузхо як идда ашхосе, ки хеч иртиботи зохирию, ботини ба миллати бофарханги Точик надоранд Гуе, ки фарханги миллати Точикро хифз мекунанд!
Бадбахтии ин Миллат дар ончост, ки Аксарияти мансабдорон намояндаи дигар кавму миллатанд!
Озодагон хохиш мекунам бе Каму кост чоп кун.

Асадулло
Фуруши юбка ва дигар либосхои нимбарахнаро низ манъ кунед ё инхо либоси милли мо мебошанд ??????
Бо ин амалатон вазъ ва амнияти Точикистонро дар хатари калон мегузоред! ки дар таърихаш надида буд! хато аз Сурияда батар мешавад
Холиям вакт хаст дер ношуда бас ва даст кашед аз чунин ният ва икдомхо

аз дастсдасташон ба чуз нокоми чизе дигаре намеояд

сатрпуш
Вазорати адлия оид ба номхо эрод гирифта буд. Чаро инро ба вазорат даъват карда нагуфтанд, ки ному насабашро иваз кунад?

кулоби
Ба корои ино хайрон мешам, ба ун юбкои калта насли наврас чи хел калон мешаван. Пага амуно дугонои духтаромон мешаван.

Мухтарам Фотеҳ Қунғуротзода Қулмурод, биёед аз доираи салохияти худатон набароед. Ии масъала умуман ба ваколати милитсия дохил нест. Хамин корхо чи даркор? Ё дар ВКД дигар проблема намонд-ми?

Пас маълум мешавад, ки воридоти либосхои европоихам манъ када ва дуконхояшон баста баста мешавад????

Фируз
Бо чунин қарору супоришҳо метавон Точикистонро демократӣ номид? Барои чи барои напушидани сару либоси аврупой ягон фармону супориш несту барои пушидани сатру ҳичоб ҳаст? Дар аврупо чунин қарору супоришҳо нест. Худо окибати ҳамаи ин корҳоро ба хайр гардонаду ягон офатро бар сари мардуми бечораи точик наорад.

roben gud
az nihodhoi gudrati va maxsusan az Ramazon Rahimzoda khohish mekunam muskhahas kunand ki kadom libosho baroi farhangi mo begona ast \va boyad zanhoi musulmoni tojik jiguna jibos pushan va injuni az OZODAGON xohish mekekunam ki hamin savolro matrah kunadva liboshoi milieki dar nazardorand akshoyashonro yo tahrashonro baroi zanhoi musalmon peshnihod kunand

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)