Бахшҳо
06 май 2015 11:22Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Роҳандозии ҷазо барои ҳисоботи дурӯғи мансабдорони тоҷик

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, имрӯз, 6 май лоиҳаи иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишварро қабул намуд, ки тибқи он барои пешниҳоди омори дурӯғ ҷазо пешбинӣ шудааст.

Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон гуфт, бо қабули иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, шахсони мансабдор ва афроди ҳуқуқӣ дар сурати нодуруст ва ё нопурра пешниҳод намудани омор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Вазири адлия афзуд, ҳадаф аз ин навгонӣ роҳандозии омори дурусти давлатӣ дар кишвар мебошад.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо соҳибкорони тоҷик гуфт, ҳам намояндагони бахши хусусӣ ва бахши давлатӣ ба пешниҳоди ҳисоботи бардурӯғи оморӣ даст мезананд: “Айни замон ҳисоботи оморӣ дар аксари ҳолатҳо ба воқеият рост намеояд. Маълумоти оморӣ оид ба истеҳсоли маҳсулот ё хизматрасонӣ бо дарназардошти манфиатҳои шахсӣ ё идоравӣ, аз ҷумла бо мақсади аз андозбандӣ пинҳон кардани истеҳсоли маҳсулот, барзиёд нишон додани иҷрои нақшаи истеҳсол ва дигар сабабҳо кам ё зиёд нишон дода мешавад, ки ин боиси мураккаб гардидани банақшагирии истеҳсоли маҳсулот, воридот ва содироти он мегардад”.
Мӯҳр
Акнун, мансабдорони ОЛИЧАНОБ , оё метавонед 2х2=4 навиштан ?????
Агар ин Конун чори шавад бо боварии 200% метавон пешгуи кард , ки
хачми истехсоли махсулоти дохили 45% кохиш меёбаду ана баъд "аз
даст додани мансаб" дар мохи декабр хатми рахандози хохад шуд !!!!

банакшагири
Аслан бардуруг ё изофанависи дар сохаи омор ин супориши мебошад.
Барои хубнишон додани нишондихандахои асосии нохия ва ё шахр кормандони оморро мачбур месозанд, ки нишондихандахоро зиёд яъне ба кавли худашон нисбати соли гузашта + созанд.
Агар хуб мешуд дар кодекси маъмури нисбати супоришдихандагон низ чазо пешбини мешуд ин ба манфиати кор мебуд.
Хамчунин ин супоишхо на дар сохаи омор балки дар байни ташкилоту муассисахо низ сурат мегирад, ки шумо рафта дар омор фалон ракамро дихед.
Хамаи ин ба максади пилуси кори рохбарон мебошад.

журналист
ВАО буд, ки 10-хо макола оид ба омори дуругу нодурусти масъулини бемасъулият ба нашр медод. Харчанд давлатмардон аз он нописанди мекарданд, ахиран ин хушдор ба гуши парлумон расид (аниктараш, шояд президент пешниход карда бошад). Ба хар хол, ин музаффарияти ВАО аст. Аз ин хотир, саридавлатбудагонро зарур аст то бо ВАО алокаи зичи кориро чори намоянд, агар ба манфиати давлату миллат кор кардан мехоханд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)