Бахшҳо

Коршинос: Кадривазкунӣ як иқдоми тақсими амвол миёни гуруҳҳои мухталиф аст

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси нави Бонки миллӣ гуфтааст, талош хоҳад кард, то бозори асъорро ба танзим дарорад. Ин дар ҳолест, ки қаблан коршиносон мегуфтанд, болоравии қурби доллар нисбати пули миллӣ ба буҳрони Русия вобаста буда, имкони танзими он дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Бо таваҷҷуҳ ба ин “Озодагон” аз коршиносон пурсид: РАИСИ НАВИ БОНКИ МИЛЛӢ БА ТАНЗИМИ БОЗОРИ АСЪОР МУВАФФАҚ ХОҲАД ШУД?

Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ, таҳлилгар

Шояд танзиме, ки ҷаноби Нурмаҳмадзода дар назар дорад, чизи дигаре бошад. Масалан, раиси қаблии Бонки миллӣ бастани нуқтаҳои мубодилаи асъори хориҷии шахсони воқеъиро ҳам танзим номида буд. Аммо агар раиси нав мехоҳад беқурбшавии бошиддати сомониро боздорад, барои банда ҳам бисёр ҷолиб аст, ки бо чӣ роҳе? Чун қурби асъор ба Бонки миллӣ рабти камтаре дорад. Аз 2-3 роҳе, ки дар ихтиёри Бонки миллӣ аст – ба бозор баровардани асъори зиёд, боло бурдани меъёри калидӣ (ключевая ставка) кадомеро мехоҳад истифода кунад? Бонки Марказии Русия барои боздоштани беқурбшавии рубл дар соли 2014 зиёда аз 80 миллиард доллар масраф кард, ки ҳудуди 50 миллиарди он ба чормоҳаи охир рост меояд. Ва дидем, ки бо ин ҳама масраф поинравии қурби рубл то куҷо боздошта шуд. Бонки миллии мо аз кадом маблағ мехоҳад истифода кунад?

Табаралӣ ҒАНИЕВ, иқтисодшинос

Аз нигоҳи илмӣ бигирем, дар се равиш метавонад, ки барномаи кории худро пиёда созад: якум, равиши танзими уствории қурби пули миллӣ, дувум, ба танзимдарории механизми дохилии ҳаракати пулию молӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, сеюм навсозии механизми бонкдориии Тоҷикистон. Дар ин се ҳолат, то андозае беқурбшавии пули миллиро нигоҳ дошта метавонад.

Зулфиқори ИСМОИЛИЁН, коршиноси масоили иқтисодӣ

На. Боло рафтани қиммати доллар дар Тоҷикистон ва поин омадани қурби пули миллӣ ба иллати кори Бонки миллии кишвар нест. Бонки миллӣ иҷозат надорад, ки доллар чоп кунад ва ба муомилот барорад. Долларро аз хориҷа бояд пайдо кунем. Масалан, муҳоҷирони меҳнатии мо бештар доллар ворид мекарданд, ки ҳоло ҳам теъдодашон кам шудааст ва ҳам пули доллар намефиристанд, ки қариб 40-50 дарсад воридоти доллар коҳиш ёфтааст. Аз ин хотир метавонанд то даҳ дарсад поин биёранд ва нигоҳ доранд, агар ба шарте ки қаллобию ҷаллобие, ки саррофон мекунанд, пешашро бигиранд. Вале ман мутмаъин нестам, ки инҳо қиммати долларо поин биёранд ва қурби пули миллиро боло баранд. Аслан ин ба фаъолияти Бонки миллӣ вобаста нест ва кадривазкунӣ, ки дар он ҷо сурат гирифт, як иқдоми тақсими амвол дар байни гуруҳҳои мухталиф дар Тоҷикистон аст.
Мӯҳр
Мутриб
Чавоби Табарали Ганиев, хамчун иктисоддон, доктори илми иктисод ва профессор тамоман хандаовар. Ин суханхоро шахсе метавонад гуфт, ки аз сиёсати хккумат метарсад ва онро дастгири мекунмекунад.

кулябец
Курби сомони ба содироти мол ва истесоли дохили кишвар вобастаги дорад . Агар муомилоти пулии дохили аз муомилоти беруни зиёд бошад сомони курбашро гум намекунад.

пеш аз он ки курби пули миллиро нигох дошт истехсоли молии дохили кишварро зиёд кард ва ба хорич фурухт яъне экспорт кард . дуюм вориди пули хоричирои бисёртар намуд. тамом дигар илоче дигаре нест Бонки милли хеч кор кардан наметавонад то он ки истехсоли ватани зиёд нашавд

рохгузар
Бонки милли бояд системаи воридоти асъорро дар чумхури тахти назорати бевоти гирифта, муомилот бо сомониро аз ин хисоб барох монад метавонад системаи бозори асъорро идора намояд. Он маблагхои аз хисоби сохибкорон воридгардидаро дар чт ягон макомоти давлати назорат наменамояд.

устод Ганиев изо намекаши профессори номдори чумхури хамихели пешниход мекуни синфи 8 будем фанни иктисоди бозоргони мехондем хамин чизхоро медонистем барои хамин иктисоди мо пеш намеравад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)