Эмомалӣ Раҳмон ба Русия рафт
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 8 май ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шаҳри Маскави Русия сафар кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, Қоҳир Расулзода, сарвазир, Бахтиёр Худоёрзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ва дигар шахсони расмӣ гусел намудаанд.
Манбаъ мегӯяд, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ, Эркинхон Раҳматуллозода, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
70-умин солгарди Иди ғалабаро наздики раҳбари 30 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистону Қазоқистон, Қирғизистону Туркманистон ва Узбакистон дар канори Путин дар Майдони Сурх таҷлил хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |